30.9 C
Dushanbe

HRW озодии шаш фаъоли бадахшониро талаб кард

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар бо нашри баёнияе озодии шаш фаъоли зодаи Бадахшонро, ки моҳи майи соли ҷорӣ пас аз ҳодисаҳои хунин дар ин вилоят, боздошт ва дертар барои солҳоӣ тӯлонӣ равонаи зиндон шуданд, талаб кард.

Дар баёнияи ин созмони ҳуқуқи башар, ки имрӯз, 13-уми декабри соли ҷорӣ нашр шуд, гуфта мешавад, дар мурофиаҳои пушти дарҳои баставу ноодилона, Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигори 65-сола ба 21 сол, Фаромӯз Иргашев, ҳуқуқшинос ва раҳбарии Комиссияи 44 ба 30 соли зиндон, Музаффар Муборакшоев, фаъоли шаҳрвандӣ ба 29 сол, Хурсанд Мамадшоев, бародари Улфатхоним Мамадшоева ба 18 сол, Манучеҳр Холиқназаров, раиси Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносон дар ВМКБ ба 15 сол ва Хушрӯз Ҷумъаев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва блогнавис ба 8 соли зиндон маҳкум шудаанд. Гуфта мешавад, ҳамаи онҳо бо моддаи 187-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон “иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ” муттаҳам шудаанд.

Сийнат Султоналиева, пажӯҳишгари Осиёи Марказӣ дар Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд “мурофиаҳои фаъолони ВМКБ пушти дарҳои баста ва бидуни дастрасӣ ба ҳуқуқшинос, бе далелҳои мӯътамад, бо нақзи меъёрҳои бунёдии мурофиаи одилона баргузор шуданд”. Вай меафзояд, “мақомоти Тоҷикистон бояд ин шаш нафар ва дигар фаъолонро билофосила озод ва иттиҳомот ба зидди онҳоро бекор кунанд”.

Дар баёнияи ин созмон гуфта мешавад, таъқиби фаъолон, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносони ин вилоят аз моҳи май, пас аз саркӯб кардани тазоҳуроти осоиштаи мардуми маҳаллӣ то ҳол идома дорад. Мақомот беш аз 200 нафарро бо иттиҳомоти марбут ба эътирозҳо боздошт ва равонаи зиндон кардаанд. Ба гуфтаи Гузоришгари вижаи СММ дар умури ақаллиятҳо, дар як амалиёти ба ном зиддитеррористӣ, мақомоти тоҷик дар ин минтақа барои саркӯби эътирозҳо ҳудуди 40 нафарро куштаанд.

Инчунин ин созмон менависад, боздоштшудаҳо ба адвокати мустақил дастрасӣ надоранд ва эҳтимоли истифодаи шиканҷа ҳангоми бозпурсиҳо вуҷуд дорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...