Ҳушдори Русия ба Созмони Миллали Муттаҳид

Русия дар Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид гуфтааст, ки тамоми силлоҳҳое, ки дар ҷанги Укриана истифода мекунад, истеҳсоли худаш аст ва ба Эрон ҳеч рабте надоранд.

Бино ба иттилои ББС, шоми дирӯз, 19-уми октябри соли 2022, Дмитрий Полянский, муовини сафири Русия дар Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) дар як ҷаласае дар Шӯрои амният гуфтааст, “тамоми силоҳҳое, ки дар ҷанги Украина истифода мешаванд, сохти Русия мебошанд ва “иттиҳомоти беасос ва назарияи тавтеа” дар мавриди даёфти кумаки таслиҳотӣ аз Эронро маҳкум кардааст.

Ба қавли манбаъ, муовини сафири Русия дар он ҷаласаи Шӯрои амният ба Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш ва кормандони ин созмон гуфтааст, “аз ҳар гуна таҳқиқи ғайриқонунӣ (дар бораи истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон дар Украина) худдорӣ кунанд” ва ҳушдор дода, ки “дар акси ҳол, мо бояд ҳамкориҳои худ бо онҳоро аз нав мавриди бозбинӣ қарор диҳем, ки он ба фоидаи касе нест.”

Гуфта мешавад, аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Укриана ва шуълавар шудани ҷанг дар паҳнои ин кишвар наздик ба ҳашт моҳ мегузарад, вале дар ин чанд рӯзи ахир истифода аз паҳподҳои эронӣ, зарарҳои онҳо ва инчунин сарнагун кардани даҳҳо адад аз ин паҳподҳо ба яке аз мавзуъҳои асосӣ байни қудратҳои ҷаҳонӣ, ки аксар мухолифи идомаи ҷанг дар Украина ҳастанд, табдил ёфтааст.

Аз сӯи дигар Эрон расман мегӯяд, ки барои истифода дар ин ҷанг ба Русия ҳеч гуна таслиҳоти низомӣ нафурӯхтааст ва омодааст, ки дар ин хусус бо мақомоти украинӣ музокира кунад. Аммо мақомоти Укриана бо раҳбарии Владимир Зеленский таъкид мекунанд, ки Теҳрон ҳудуди 2400 паҳподҳои ҷангӣ ва мушкаҳои мухталиф ба Маскав фурӯхтааст.

Ба ҳамин хотир Владимир Зеленский аз муттаҳидони Киев хостааст, ки алайҳи Теҳрон фишор оварданд. Олмону Фаронса ва Бритония ҳам ин даъвати Киевро пазируфта Эронро ба нақзи муқаррароти қонунҳои байналмилалӣ ва тавофуқоти ҳосилшуда дар БАРҶОМ муттаҳам мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Бензин, Wildberries ва муҳоҷири тоҷик

Ҳафтаи охир Укроин усули нави зарба ба иқтисоди Русияро...

Рекорд”-ҳои омории савдои хориҷӣ: Тиллову ашёи хом меравад, қарзу каср меояд

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агенттии экспорти Тоҷикистон...

30 дарсади шикоятҳои бонкӣ ба «Душанбе Сити» рост меояд

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода мегӯяд, маблағҳои муштариён...

Рақиби “Сомон Эйр” бо ҳаёҳӯ ба майдон омад

Дар намоишгоҳи байналмилалии ҳавонавардии Фарнборо (Бритониёи Кабир) ширкати нави...