Ифтитоҳи як анбори мол барои гурезаҳои афғон дар Хатлон

Дар пасманзари вазъи душвори Афғонистон, дар минтақаи марзии Тоҷикистон як анбор барои ҳолатҳои фавқулодда кушода шуд.

Сурат: Твиттер

Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар Кушониёни вилояти Хатлон як анбори ғайриозуқа ифтитоҳ карданд. Дар ин бора дафтари БРСММ-и Тоҷикистон дар саҳифаи

Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Душанбе, Пратибха Меҳта ҳангоми ифтитоҳи он гуфт:

“Ҳукумати Тоҷикистон барои омодагӣ ва пешгирӣ ба ҳама гуна бӯҳронҳо ва ниёзҳои башардӯстона дар сурати офатҳои табиӣ ва вуруди эҳтимолии паноҳандагон аз Афғонистон тамоми чораҳоро меандешад.”

Бино ба гуфтаи вай, ҷаҳон таърихи нав аз сар мегузаронад, зеро таҳаввулоти ахир дар олам, вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ аз ҷумла хавфи афзоиши бӯҳронҳо ва ҳаводиси ахир дар Афғонистон нигаронкунанда аст.

Ба гуфтаи вай, ҷаҳон яке аз харобтарин ва амиқтарин зарбаҳои сохторӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар таърихи нав аз сар мегузаронад, аз ҷумла хавфи афзоиши ҳаводиси табиъӣ, инчунин бӯҳронҳои сунъӣ, аз қабили ҳаводиси ахир дар Афғонистон.

Гуфтанист, анборҳо дар ихтиёри Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда қарор хоҳанд гирифт, ки он аз соли 2018 муайян шуда бо мақсади мусоидат ба дастрасӣ ва расонидани ёрии таъҷилӣ дар минтақаҳои дурдаст дар манотиқи назди сарҳадӣ мебошад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан вазири корҳои дохила, Рамазон Раҳимзода эълом дошта буд, ки Тоҷикистон барои қабули муҳоҷирони Афғонистон омода нест.

“Дар давоми 20 сол аз ҷониби ягон созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати бунёди инфрасохтор барои қабули гурезаҳо ва шахсони паноҳҷӯянда кумаки амалӣ эҳсос карда нашудааст. Бинобар ин дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти қабули зиёди гурезаҳо ва паноҳҷӯяндагон вуҷуд надорад,” – афзуд Рамазон Раҳимзода.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ГӮШТИ ДАМИ ТӮП: ЗИНДОНИЁНИ ТОҶИКИ ЗИНДОНҲОИ РУСИЯ, КИ ПУШТУ ПАНОҲЕ НАДОРАНД

Фарзандони тоҷик дар ҷанги бегонаву бемаънии Русия бар зидди Украина ҳамчун гӯшти дами тӯп истифода мешаванд…

Қоидаи нави вуруд ба Қазоқистон: QazETA барои шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳатмӣ мешавад

Қазоқистон аз тобистони соли 2027 барои аксари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозатномаи электронии вуруд (QazETA)-ро ҳатмӣ мекунад.

Олмон аз сарнавишти Асадулло Бобоев хабар надорад

Чаҳор моҳ пас аз истирдоди Асадулло Бобоев аз Олмон, ҳукумати ин кишвар дар посух ба дархости вакилон гуфтааст, ки дар бораи боздошт ва парвандаи ҷиноятии ӯ дар Тоҷикистон маълумот надорад.

Русия квотаи иқомати муваққатии хориҷиён (РВП)-ро боз кам кард

Ҳукумати Русия квотаи иҷозаи иқомати муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷиро дар соли 2027 то 3010 адад коҳиш дод, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 792 адад, ё тақрибан 21 дарсад камтар аст.