Русия 12 нафар аз иштирокчиёни задухӯрди оммавии ахир дар Митиши Маскавро депорт кард. Додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав дар бораи ихроҷи 12 муҳоҷири корӣ аз Русия, ки дар задухӯрди густурда ва тирандозӣ ширкат доштанд, ҳукм содир кард. Дар ин бора Суди шаҳри Митиши ба ТАСС хабар дод. “Бо қарори суди Митишии вилояти Маскав Каримов Х., […]
AZDA.TV· Ба дигарон фирист
Русия 12 нафар аз иштирокчиёни задухӯрди оммавии ахир дар Митиши Маскавро депорт кард.
Додгоҳи шаҳри Митишии вилояти Маскав дар бораи ихроҷи 12 муҳоҷири корӣ аз Русия, ки дар задухӯрди густурда ва тирандозӣ ширкат доштанд, ҳукм содир кард. Дар ин бора Суди шаҳри Митиши ба ТАСС хабар дод.
“Бо қарори суди Митишии вилояти Маскав Каримов Х., Дундиев Д., Кранов Э., Дундиев М., Юсупов Д., Самандари М., Ҳоҷимуродов Ю., Ядгоров С., Раҳмонов А., Қурбонов М., Ятимов Ш. ва Қурбонов К. тибқи моддаи 18.8 Кодекси маъмурии Федератсияи Русия (аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ вайрон кардани низоми будубош дар Федератсияи Русия) гунаҳкор дониста шуданд. Ба Онҳо ба маблағи 6 ҳазор рубл ҷаримаи маъмурӣ ва ихроҷ аз Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст. Онҳо пас аз ҳодиса боздошт шудаанд” – омдааст дар қарори Суди Митиши.
Гуфта мешавад, Суди шаҳри Митиши тасдиқ кард, ки 12 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати шахсони дар боло зикршуда тафтиш кардаанд. Аммо дар бораи натиҷа ва ҷузъиёти он чизе гуфта намешавад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 6-август як гурӯҳ муҳоҷирон бо теъдоди 40-60 нафар дар кучаи Пограничнии шаҳри Митишии Маскав бо ҳам занозанӣ карданд, ки дар натиҷа он ба тирпаронӣ анҷомид. Ба қавли шоҳидони ин ҳодисаи хунин 3 тан аз зодагони Чеченистон захмӣ шудаанд.
Ба навиштаи расонаҳои русӣ, қисми зиёди иштирокчиёни муноқиша муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯбекистон ва Чеченистони Русия будаанд.
Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки Вазорати корҳои дохили Русия алайҳи иштирокчиёни ин ҳодиса аз рӯи моддаи 213 (Авбошӣ) Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтишот идома дорад.
The technical storage or access is necessary for the legitimate purpose of storing preferences that are not requested by the subscriber or user.
Омор
Захира ё дастрасии техникӣ барои мақсади қонунии фаъол кардани хидмати мушаххас, ки корбар ошкоро дархост кардааст, ё танҳо барои интиқоли иттилоот тавассути шабакаи иртиботи электронӣ ҳатмист.The technical storage or access that is used exclusively for anonymous statistical purposes. Without a subpoena, voluntary compliance on the part of your Internet Service Provider, or additional records from a third party, information stored or retrieved for this purpose alone cannot usually be used to identify you.