Имзои созишномаи марзӣ, кушодашавии гузаргоҳҳо ва азсаргирии парвозҳо

Роҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон созишномаи ниҳоӣ дар бораи марзи давлатии ду кишварро имзо карданд.

Маросим рӯзи 13-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор гардид ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имзои созишномаро таърихӣ номида, гуфтааст, ки натоиҷи мулоқот ҳамкориҳои кишварҳоро ба сатҳи баландтаре хоҳад расонд.

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон низ аз дигар шудани вазъит гуфт ва таъкид кард, ки марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамеша сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду халқи бародар хоҳад монд.

Инчунин Ҷабборов гуфт, ки рушди муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Қирғизистон буда, дар мавриди масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ бо Тоҷикистон мавқеъҳои якхела доранд.

Ёдовар мешавем, ки 21-уми феврали соли ҷорӣ раисони Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев дар шаҳри Бишкек созишномаи ниҳоии қитъаҳои муайяншудаи марзи муштаракро имзо карда буданд.

Рӯзи 27-уми феврал Тошиев дар порлумони Қирғизистон гузориш дод ва вакилон созишномаро баррасӣ карданд. Аммо то ҳол маълум нест Ятимов дар назди вакилони тоҷик гузориш додааст ё на, инчунин дар мавриди баррасӣ шудани ин созишнома дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон то ҳол хабаре нашр нашудааст.

Ба гуфтаи мунтақидон, ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи марзӣ ва ҳудуди гузашти зиёде кардааст. Аз ҷумла, вақте Қамчибек Тошиев созишномаро дар порлумони Қирғизистон муаррифӣ мекард, гуфта буд, ки ҷонибҳо хати марзро бар асоси харитаи соли 1991 кашидаанд, на ба маводи солҳои 1924-1927, ки қаблан истифода мешуданд.

Дарозии умумии марзи Қирғизистону Тоҷикистон 1006,84 километрро ташкил медиҳад ва раванди муайн ва аломатгузории он аз соли 2002 оғоз шуда, то соли 2011 ҳамагӣ 519,9 километри он муайян карда шуд ва пас аз гузашти ҷониби Тоҷикистон 486,94 километри марз танҳо дар се соли охир муайян шудааст.

Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз бо сафари ду рӯзаи корӣ ба Қирғизистон рафт, ки ӯро дар кишвари ҳамсоя “гарм” пешвоз гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар баробари имзои созишномаи марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Бишкек, ҷонибҳо 16 санади дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла дар мавриди обу энержӣ ва сохтмону истифодаи роҳҳоро имзо намуда, ба тавофуқ расидаанд, ки доду гирифти гирифти тиҷоратиро байни ҳамдигар то 500 миллион доллар хоҳанд расонд.

Ҳамзамон бо иштироки онлайнии Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов ду гузаргоҳи марзӣ “Гулистон – Қизилбел” ва “Маданият – Қайрағоч”, ки солҳо боз баста буданд, боз шуданд. Ҳоло се гузарогоҳи дигар баста боқӣ мондааст.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи азсаргии парвозҳо низ аз 14-уми марти соли 2025 миёни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.