35.9 C
Dushanbe

Интиқоли газ аз Узбекистон ба Тоҷикистон барқарор мешавад

Акс аз: kievvlast.com.ua

Ширкати тақсимоти гази Тоҷикистон имкони таъмини аҳолиро бо гази табиӣ, ки аз кишвари ҳамсояи Узбекистон ворид мешавад, баррасӣ дорад.

Хабаргузории “Азия-плюс” аз манбааш хабар додааст, ки як ширкати газрасон дар Тоҷикистон масъалаи бо гази таббии таъмин намудани аҳолиро баррасӣ дорад.

Ширкати газрасон дар Тоҷикистон гуфтааст: “Дар навбати аввал давра ба давра ба лӯлаи газ пайваст кардани сокинони пойтахт ва шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст”.

ҶСК “Душанбегаз” чанде пеш гуфта буд, баъзе хонаҳои пойтахт, ки дар паҳлӯи шоҳқубури интиқоли газ ҷойгиранд, ба гази табиӣ аз Узбекистон дастрасӣ доранд, зеро “Гап сари он аст, ки барои пайваст кардани ин хонаҳо хароҷоти зиёд лозим набуд”.

Ба гуфтаи масъулони “Душанбегаз”, то ҷобаҷогузории қубурҳои газрасонӣ имкони ворид кардани газ аз Узбекистон нест, зеро бисиёре аз сокинони кишвар қубурҳои худро канда партофтаанд ва барои дубора таъмин кардани он хароҷот ва вақти зиёд лозим аст.

“Айни замон корҳои барқарорсозии зерсохтори тайи даҳсолаҳо кӯҳнаву фарсудашуда, ҷараён дошта, баъди анҷоми он гази табиӣ ба дигар истеъмолгарон низ дастрас мешавад”,- гуфтаанд, аз ширкати газрасони “Душанбегаз”.

Дар ширкат илова намуданд, ки даҳсолаи охир хонаҳои Душанбе бо газ таъмин набуданд ва бо назардошти масъалаи бехатарӣ, навсозии зерсохтор хароҷоти зиёд талаб мекунад.

Ҳамчунин ҶСП “Сомон-Суғдгаз”, ки бо таъмини гази табиӣ барои аҳолӣ ва корхонаҳои минтақаи шимоли кишвар машғул аст, хабар дода буд, ки анҷоми корҳои барқарорсозии зерсохторро онҳо то охири ҳамин сол ба нақша гирифтаанд. Пас аз барқарорсозии зерсохторҳо аҳолии шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру навоҳии вилоят ба газ таъмин мешаванд.

Шурӯи дигарбораи интиқоли газ интиқоли газ аз Узбекистон дар ҳолест, ки чанд сол қабл дар замони роҳбарии Ислом Каримов интиқоли он пурра қатъ гардида буд, ки дар натиҷа сокинони Тоҷикистон аз газ маҳрум шуда буданд. Баъд аз омадани Шавкат Мирзиёев ба раҳбарии Узбекистон, муносибатҳои ду кишвари ҳамсояи беҳбуд ёфта, интиқоли газ дубора иҷоза дода шуд.

Интиқоли гази табиӣ аз Узбекистон пас аз таваққуфи шашсола моҳи апрели соли 2018 дубора аз сар гирифта шуд.

Ширкати алюминийи тоҷик  “ТАЛКО” яке аз истеъмолгари асосии гази Узбекистон  унвон мешавад, ҳоло чанде аз корхонаҳои дигар, аз ҷумла, Маркази барқу гармидиҳии Душанбе низ  ба газ таъмин мешаванд.

Тибқи маълумоти Вазорати энергеикаи Узбекистон, тӯли 8 моҳи соли 2020 Тоҷикистон аз Узбекистон дар ҳаҷми 139,5 млн метри мукааб газ гирифтааст.

Дар  соли 2018 соли 2019 интиқоли газ аз Узбекистон ба Тоҷикистон 2,6 баробар – аз 66 млн метри мукааб (ба маблағи 6,9 млн доллар) то 140 млн метри мукааб (ба маблағи 17,7 млн дллар) расидааст.

То охири соли ҷорӣ интиқоли 200 млн метри мукааби газ ба Тоҷикистон тибқи қарордодаи имзошуда, ба нақша гирифта шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо Додситони кулли Туркия

Ашрафҷон Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ва сафири Тоҷикистон дар Туркия, 8-уми июни соли ҷорӣ бо Додситони кулли Туркия Бекир Шоҳин мулоқот карда, ба густариши ҳамкориҳо таъкид кард.

Ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ бо ҳузури Амири давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар

Маросими имзои 15 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар бо ҳузури сарони ду кишвар дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Идомаи боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Нерӯҳои интизомии Федератсияи Русия субҳи имрӯз, 8-уми июн беш аз 27 муҳоҷири тоҷикро аз сохтмоне дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав боздошт карда, ба шуъбаи пулис бурдаанд.