19.9 C
Dushanbe

Исроил ҳайати музокиракунандаи худро аз Қатар фаро хонд

Мақомоти давлатии Исроил тими музокиракунандаи худро, ки 18-уми марти соли ҷорӣ ба Давҳаи Қатар фиристода буд, ба кишвараш фаро хонд.

Гуфта мешавад, ин тим дар пайи номуваффақ будани гуфтугӯҳо ва ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидан дар мавриди барқарории оташбас ва табодули гаравгонҳо дар Навори Ғазза, ки бо миёнҷигарии Миср ва Қатар дар ҷараён аст, Давҳаро тарк карданд.

Хабаргузории “Ройтерз” ба нақл аз як мақоми аршади истихбороти Исроил навишт, ки Яҳё Синвор, аз фармондеҳони калидии ҲАМОС “музокиротро бар ҳам зада, то ҷанг дар моҳи Рамазон сахттар шавад.”

Бино ба иттилои расонаҳо, Исроил аз идомаи музокирот ба далели “хостаҳои ҲАМОС дар бораи поён додани ҷанг ва ихроҷи комили артиши ин кишвар аз минтақа” даст кашидааст.

Исроил ҲАМОС-ро ба он муттаҳам мекунад, ки ин ҳаракат бо хостани поёни ҷанг ва ихроҷи комили нерӯҳои Исроил аз Ғазза алоқае ба идомаи музокирот надорад ва бо ин талабот Қатъномаи ахири Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро дар мавриди оташбаси фаврӣ ва табодули асирон нақз мекунад.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории “Ал-Ҷазира” аз манобеи худ иттилоъ дод, ки мақомот исроил мегӯянд, ҳоло ҳам музокироти ғайримустақим бо ҲАМОС идома дорад, вале нуқтаи ихтилофи аслӣ сари баргашти гурезагон ба хонаҳои худ, аз ҷумла дар минтақаи шимолии Ғазза аст.

Рӯзи душанбеи гузашта ҲАМОС бо нашри изҳороте гуфта буд, ки шартҳои худро, ки қаблан дар торихи 14-уми моҳи март пешниҳод карда буд, ба миёнҷигарҳо расондааст. Шартҳои ҲАМОС аз 4 масъалаи асосӣ иборат аст, аз ҷумла таваққуфи комили ҷанг, комилан берун шудани артиши Исроил аз Ғазза, баргашти гурезагон ба хонаҳои худ ва табодули воқеии асирон.

Ёдовар мешавем, ки бо гузашти 173 рӯз аз оғози ҷанг, то кунун ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминии Исроил болои мардуми Ғазза идома дорад. Ба иттилои Вазорати беҳдошти Фаластин, то ин дам дар пайи ҳамлаҳои Исроил наздики 32500 нафар дар Ғазза ҷони худро аз даст додаанд, ки 70% дарсади онҳо кӯдакону занон ҳастанд ва инчунин ҳудуди 75 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Додгоҳе дар Белгия монеи истирдоди зани тоҷик шуд

Як додгоҳ дар Белгия бо судури ҳукм нагузошт зани тоҷик ба Тоҷикистон истирдод шавад.

Боздошти як гурӯҳе, ки аз муҳоҷирон бо зӯр пул меситониданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ хабар дод, ки дар Русия аз ҳамватанони муҳоҷир зӯран пул мегирифтаанд.

Мошинҳои ҷадиди бидуни ронандаи Илон Маск ба бозор мебароянд

Илон Маск, раҳбари корхонаи мошинсозии "Tesla" аз роботакси ҷадиди худ бо номи "Cybercab", ки бидуни ронанда аст, рӯнамоӣ кард.

Хонандагони ду мактаб бо табар занозанӣ карданд

Дар як занозанӣ байни хонандагони ду мактаб як донишомӯз захмӣ шудааст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар дод.