14.9 C
Dushanbe

“Путин ба сиёсатҳои Раҳмон дар мавриди Афғонистон мувофиқ нест”

Бо наздик шудани замони баргузории ҷаласаи сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (ШОС) ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар Душанбе назарҳо болои Тоҷикистон дӯхта шудаанд.

Акнун пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ва мавқеъгирии Эмомалӣ Раҳмон бар алайҳи ин гурӯҳ, ки гунае аз ҳукумати ҳамашумлро дар ин кишвар талаб дорад, хеле аз ҷаҳониён ба рӯи Душанбе чашм дӯхтаанд.

Дар назар аст, рӯзи 16 ва 17-уми сентябр раҳбарони Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой барои бори аввал якҷоя бинишинанд ва сари мавзӯи Афғонистон фикр кунанд. Аммо меҳмони муҳими ин ҷаласа Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия рӯзи 14 сентябр эълон кард, ки ба Тоҷикистон омада наметавонад.

Кремлин наомадани Путин ба Душанберо ба гӯшанишинӣ рабт дод ва сухагнгӯи Кремлин гуфт, ки дар атрофиёни Путин коронавирус ошкор шуда аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки Валдимир Путин дар баҳори ҳамин сол воксин гирифта буд.

Қарор буд Путин аз 15-уми сентябр вориди Душанбе шавад ва бо раисҷумҳури Тоҷикистон вохурда то 20 санади навро ба тавсиб расонанд. Аммо ӯ ба Тоҷикистон нарафт ва ба гӯфтаи масъулони расмии Кремлин, Путин метавонад дар нишастҳо ба таври онлайнӣ ширкат варзад.

Аз ҷониби дигар бино ба маълумоти сойти расмии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон 14-уми сентябр Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гуловро дар Вазорати корҳои хориҷии Туркия мулоқот карда аст.

Аз ҷузъиёти вохурии сафири Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷаи Туркия ҷузъиёти зиёд нашр нашуда аст, танҳо ҳамин, ки “зимни мулоқот таҳким ва тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуда, атрофи масъалаҳои муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт”, дигар чизе ироа нашудааст.

Аммо дар ҳамин рӯз, 14 сентябри Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Давлати Қатар муовини Вазири корҳои дохилӣ- мудири кулли Раёсати амнияти ҷамъиятии Давлати Қатар Саъд бин Ҷосим Ал-Хулайфӣ барои мулоқот даъват кард. Қатар дар ҳоли ҳозир кишвари наздик ба Толибон дониста мешавад ва Толибон танҳо дар ҳамин кившар то кунун дастгоҳи расмӣ дошт.

Наомадани Путин ба Душанберо бисёре аз коршиносон рамзӣ донистаанд ва бар ин назаранд, ки гушанишинӣ танҳо баҳонае буд барои нарфтан ба Тоҷикистон. Мухбири «Коммерсант» Андрей Колесников дар ин робита мегӯяд, ғайр аз он, ӯ аслан намехост ба Тоҷикистон парвоз кунад – аз ин рӯ парвоз накард.” Ҳамзамон Путин натиҷаи санҷиши манфии коронавирусро гирифта аст.

Дар ҳамин ҳол Раиси Чин Си Ҷинпин ва сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ низ аз сафар ба Душанбе худдорӣ кардаанд. Онҳо низ дар ҷаласа ба таври онлайн ширкат хоҳанд кард. Чин омода аст бо ҳукумати нави Кобул ҳамкорӣ кунад, дар ҳоле ки Ҳиндустон ба таъсиси ҳукумати фарогир пофишорӣ дорад. Ҳамаи ин чи алоқамндӣ ва чӣ паём метавонад дошта бошад?

Муҳаммадҷон Кабирӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ бар ин назараст, ки ҳар кадоме аз ин руйдодҳоро бояст дар ҷои худ ва дар контексти худ баррасӣ кард. Барои мисол мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Туркия бо ВУХ- ин кишвар як рисолати корӣ аст, аммо мулоқоти сафири Тоҷикистон бо директори Амнияти умуми Қатарро метавон як амри ғайри оддӣ шумурд. Дар зимн Туркияро наметавон ҳануз кишвари наздик ба Толибон номид, чун дирӯз сухангӯи Ак Парти аз кобинаи нави Толибон ба шидат интиқод кард ва гуфт бояд дар Афғонистон як ҳукумати ҳамашумул бо ҳузури ҳама ақвоми Афғонистон шакл бигирад.

Ба гуфтаи Кабирӣ: “Феълан бозингари аслии минтақа Покистон аст ва Қатар ҳамчун бонк инҷо амал карда, ҳазинаҳои Толибонро таъмин мекунад ва шояд Чин низ дар оянда аз кишварҳои таъсиргузор рӯи Толибон бошад.”

Аммо донишманди тоҷик Сайидюнуси Истарвшанӣ бар ин назараст, ки вохӯрии сафирони тоҷик бо мақомоти туркӣ ва қатарӣ ба эҳтимоли зиёд барои даъвати онҳо ба нишасти Шонкҳой дар Душанбе аст, ба хусус ин ки ин ду кишвар нисбат ба узвият дар ин ниҳод алоқа нишон додаанд. Ман фикр намекунам, ин вохӯриҳо рабте ба таҳаввулоти Афғонистон дошта бошад. Албатта, Тоҷикистон медонад, ки ин ду кишвар равобити хубе бо Толибон доранд ва ба хусус Қатар. Бинобар ин, баъид нест бархе умур бо онҳо ба миён гузошта шаванд, масалан ҷой надодани Толибон дар Афғонистон ба мухолифони режими Раҳмон дар Афғонистон ва ё аҳёнан истирдоди онҳо. Ин баъид нест.

Дар айни замон оқои Истаравшанӣ роҷеъ ба наомадани Путин ба ин нишаст мегӯяд: “Далел, ки тараф гӯё мубтало ба куруност ё шабеҳи он, ду масъала қобили ёдоварист. Аввалан, ман баъид медонам, Путин мубтало ба ин вирус бошад, ба хусус ин ки ӯ воксан зада буд, магар ин ки коромодии ин воксанро зери суол бибарем. Аммо ин баъид аст.

Сайидюнуси Истаравшанӣ дар робита ба баҳонаи Путин меафзояд: “Ман фикр мекунам, ӯ мехоҳад нишон бидиҳад, ки чандон ба сиёсатҳои Раҳмон дар мавриди Афғонистон пас ин таҳаввулот ва омадани Толибон ба сари қудрат, мувофиқ нест; сиёсатҳое, ки чандон бо сиёсати Русия мутобиқ нест. Раҳмон мухолифати худ бо Толибонро ва ин ки онҳо тоҷикҳоро дар қудрат саҳим накардаанд, тасреҳ кардааст, ҳарчанд ба зоҳир. Ва ин, ба мазоқи Путин намехӯрад. Русия чандон бо Толибон мухолиф нест”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон шомили кишварҳои олудатарини ҷаҳон шуд

Созмони швейтсариягии IQAir, ки сифатнокии ҳаворо дар кишварҳои ҷаҳон таҳқиқ мекунад, дар гузориши тозааш Тоҷикистонро шомили кишварҳои олудатарини дунё кардааст.

Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз боздошту шиканҷа

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Ҳабси пешакии гумонбарон дар ҳамлаи хунини Русия

Пас аз ҳодисаи ҳамла ба бинои "Крокус Сити Ҳоле" дар Маскав муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби пулис ва ҳатто мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ қарор гирифтаанд.

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия

Мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва Туркия дар бораи ҳамкориҳои худ ва аз он ҷумла дар бораи масоили амниятӣ суҳбат карданд.