22.9 C
Dushanbe

Юсуф Раҳмон низ намедонад Абдуллоҳи Шамсиддин дар куҷост

Додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар бораи истирдоди Абдуллоҳи Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон ҳатто аз расонаҳо ҳам огоҳ нашудааст ва намедонад ӯ дар куҷост.

Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 17-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар бораи боздошти Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саид хабаре надорад.

Додситони кул мегӯяд, ки вобаста ба Абдуллоҳи Шамсиддин ягон маълумот надорад ва дар бораи овардани ӯ ба Тоҷикистон агар ягон маълумоти дақиқ пайдо кунад, ҳатман хабар медодааст.

Пештар аз ин Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар зимни нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбариаш гуфт, ки дар бораи истирдоди Абдуллоҳи Шамсиддин аз расонаҳо огоҳ шудааст.

Ба гуфтаи Раҳимзода Вазорати корҳои дохила Абдуллоҳи Шамсиддинро боздошт накардааст ва аз чизе огоҳ нест.

Суоле миёни корбарон пайдо шудааст, ки агар ин ду ниҳоди муҳими давлатӣ дар бораи куҷо будани Абдуллоҳи Шамсиддин чизе надонанд, пас ӯ дар куҷост?

Гуфта мешавад, мақомоти Олмон Абдуллоҳи Шамсиддинро ба хотири замони вуруд ба қаламрави Олмон маълумоти хато пешниҳод кардан боздошт карданд. Пас аз боздошти ӯ, 17-уми декабри соли 2022 ҷамъе аз олмониҳо ва ҳамкоронаш аз ҳукумати ин кишвар хоста буданд, ки паноҳҷӯи тоҷик Абдуллоҳи Шамсиддинро ба Тоҷикистон ихроҷ накунанд, зеро дар онҷо шиканҷаву зиндон ӯро таҳдид мекунад.

Аммо Абдуллоҳи Шамсиддин 18-уми январи соли ҷорӣ аз Олмон тариқи Туркия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Мақомоти Тоҷикистон билофосила аз дохили ҳавопаймо ӯро боздошт карда, ба ҷои номаълум интиқол доданд ва то ҳол дар бораи макони буду бошаш хабар надодаанд. Номаълум будани макони буду боши Абдуллоҳ хонаводаи ӯро нигарон кардааст.

Баъд аз ихроҷи Абдуллоҳои Шамсиддин аз Олмон ба Тоҷикистон то кунун чанд маротибаи дигар дӯстону ҳамкорон ва дигар фаъолони сиёсӣ барои озодии ӯ ҳамоишҳои эътирозиро дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор карданд.

Дирӯз, 16-уми феврал низ гурӯҳе аз дӯстони Абдуллоҳи Шамсиддин дар назди Идораи кор бо хориҷиёни шаҳри Дортмунди Олмон барои озодӣ ва пасгардондани ӯ гирдиҳамоӣ баргузор карданд. Дар ин гирдиҳамоӣ беш аз 30 нафар тоҷикону олмониҳо, аз ҷумла раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ ширкат кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон ба Итолиё меравад?

Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё дар якҷоягӣ бо Оҷонсии савдои ин кишвар (ICE) дар бораи Тоҷикистон нишаст баргузор мекунанд.

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.