22.9 C
Dushanbe

Изҳороти Анҷумани олимони мусалмон дар бораи манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон

Рӯзи ҷумъа, 31-уми майи соли ҷорӣ Анҷумани олимони мусалмон, мақарраш дар Истанбул, дар мавриди манъи ҳиҷоб дар Тоҷикистон изҳорот пахш кард.

Анҷумани олимони мусалмон дар изҳороташ манъи ҳиҷоби занон дар Тоҷикистонро маҳкум карда, қарори ҳукумати Тоҷикистонро дар ин робита “мухолафати сареҳ бо шариати исломӣ” дониста, таъкид мекунад, ки ҳиҷоби зан фаризаи Илоӣ аст ва касе ҳам ҳақ надорад занонро аз пӯшидани он боздорад.

Ин Анҷуман дар изҳороташ аз тамоми кишварҳои демократӣ ва ҳуқуқумеҳвар ва инчунин аз кишварҳои исломӣ ва созмонҳои ҷаҳонии ҳимоят аз ҳуқуқи занон хоста, ки фишори мақомоти тоҷик болои занҳои ҳиҷобпӯшро маҳкум кунанд, зеро ин амалкарди мақомоти тоҷик мухолифи тамоми озодиҳои инсоние аст, ки ҷаҳон онро эътироф кардааст.

Дар изҳорот аз моддаи 10-и Аҳдномаи ҳуқуқи асосии Иттиҳоди Аврупо ва моддаи 18-и Аҳдномаи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид мисол оварда, ки дар онҳо озод будани шахс дар интихоби дин, эътиқод ва омӯзишу анҷом додани маросимӣ диниро барои ҳар шахс ҳаққи бунёдии ӯ донистаанд.

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадиқболи Садриддин, мудири шабакаи “Ислоҳ.Нет” дар суҳбат ба Azda TV гуфт, вазъияти динӣ дар Тоҷикистон ва фишори мақомот болои диндорон, бахусус занони ҳиҷобпӯш натанҳо садои Анҷумани олимони мусалмон, балки садои даҳҳо созмону анҷуманҳо ва чеҳраҳои матраҳи исломиро ба бор овардааст.

Вай гуфт, Анҷумани олимони мусалмон ҳадаф аз ин изҳоротро пешгирӣ аз фишорҳо ва поймол кардани ҳуқуқи занҳои мусалмони тоҷик аз ҷониби ҳукумати Эмомлаӣ Раҳмон гуфтаанд.

Манбаъ афзуд, ки “Ин Анҷуман ҷумъаи ҳафтаи ояндаро “Рӯзи ҳиҷоб дар Тоҷикистон” эълон намудааст. Ва аз тамоми хатибҳои олами исломӣ талаб намудааст, ки дар мавриди вазъияти бади ҳиҷоб дар Тоҷикистон ҳатман бояд чизе бигӯянд, то ин ки тавонанд сади роҳи ин беқонунӣ дар кишвари Тоҷикистон гарданд.”

Мудири “Ислоҳ.Нет” мегӯяд, аз нашри ин изҳорот чунин фаҳмида мешавад, ки дигар он обрӯву эътиборе, ки бархеҳо Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун 500-умин мусалмони бо нуфузи ислом медонистанд, “онро аз даст дода, балки дар масҷидҳо бар алайҳи Раҳмонов хутба мехонанд.” Акнун номи ӯ дар хутбаҳои масоҷид на ҳамчун мусалмони бо нуфуз, балки як ҳокими ситамгар ва зидди арзишҳои исломӣ муаррифӣ хоҳад шуд ва ин ба гӯши ҷаҳониён мерасад.

Ёдовар мешавем, ки Анҷумани олимони мусалмон дар 20-уми январи соли 2010 дар давлати Кувейт бо ташабуси чанде аз докторҳои улуми исломӣ таъсис шуда, вале мақарри он дар Туркия аст. Раҳбарии Анумани олимони мусалмонро доктор Муҳаммад Абдаҳ бар уҳда дорад. Дар ин Анҷуман беш аз сад олими забардасти улуми исломӣ ва ғайри он аз 40 давлат дар он узвият доранд. Конфронсҳои зиёде дар кишварҳои Кувейт, Қатар, Туркия ва ғайра баргузор намудааст. Сомона ва маҷаллаи расмӣ дорад ва ҳар охири ҳафта аз вазъи олами ислом ва ҳолатҳои он гузориш омода карда, нашр менамояд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани як хабарнигори лубнонӣ дар пайи ҳамлаи ҳавоии Исроил

Рӯзноманигори лубнонӣ Омол Халил дар пайи як ҳамлаи ҳавоии Исроил дар ҷануби Лубнон кушта шуд.

Дар 20 рӯзи мавсими даъвати сарбозӣ нақша қариб 90% иҷро шуд

Дар давоми се ҳафтаи оғози мавсими даъвати навсарбозон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар нақша дар тамоми ҷумҳурӣ қариб 90 дарсад анҷом ёфтааст.

Рушди иқтисоди Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 8% эълон шуд

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 8-дарсадии иқтисоди кишвар дар се моҳи аввали соли 2026 хабар медиҳанд.

Падару писар дар як майдон бозӣ мекунанд?

Ҳамлагари португалӣ Криштиану Роналду, ки дар ҳайати бошгоҳи саудии "Ал-Наср" бозӣ мекунад, мумкин аст дар мавсими оянда бо писараш дар як даста ба майдон барояд.