Таҷаммуъи бузурги паноҳҷӯён дар марзи Белорусу Лаҳистон

Дар марзи Беларусу Лаҳистон (Полша) гурӯҳи бузурги паноҳҷӯён ҷамъ омадаанд, ки эҳтимолан шаҳрвандони кишварҳои Ховари Миёна ҳастанд ва мехоҳанд тариқи Лаҳистон вориди Аврупо шаванд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дида мешавад садҳо муҳоҷир ба сӯи марзи Лаҳистон равонанд ва афроди мусаллаҳ бо либоси низомӣ онҳоро ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳамчунин нерӯҳои марзбонии Лаҳистон чанд навореро нашр кард, ки  дида мешавад, чӣ гуна паноҳҷӯён симхорҳоеро, ки дар марз кашида шудаанд, мебуранд ва мехоҳанд вориди хоки Лаҳистон шаванд.

Лаҳистон тасмим гирифтааст, гузаргоҳи “Кузнитса” дар марз бо Беларусро ба далели маскун шудани садҳо муҳоҷир дар наздикии ин кишвар бибанданд.

“Дар робита ба вазъ дар марзи Лаҳистону Беларус ҳаракати нақлиёт дар гузаргоҳи марзии “Кузнитса” аз 09.11, аз соати 07:00 қатъ карда мешавад”, – омадааст дар изҳороти нерӯҳои марзбонии Лаҳистон.

Бино ба иттилои расонаҳо дар назди сарҳади Лаҳистон бо белорус 2-3 ҳазор, ҳатто то 4 ҳазор муҳоҷир ҷамъ омадаанд ва талоши убури марзро доранд.

Вазъ дар марзи Беларусу Лаҳистон чанд моҳ аст, ки ба далели вуруди зиёди муҳоҷироне, ки талош доранд ба Иттиҳодияи Аврупо ворид шаванд, хеле бад арзёбӣ мешавад. Танхо дар давоми 24 соати охир марзбонони ин кишвар 309 кушиши убури ғайриконунӣ аз сарҳадро сабт карданд.

Мақомоти Лаҳистон, кишварҳои дигари Иттиҳодияи Аврупо, ки бо Беларус ҳамсарҳад ҳастанд ва худи Иттиҳодияи Аврупо Минскро дар ташкили буҳрон дар марз муттаҳам мекунанд. Ба иддаои онҳо Александр Лукашенко дар посух ба таҳримҳо алайҳи ӯ, чунин вазъро қасдан эҷод намуда, марзбонони Беларус ба муҳоҷирон, асосан аз Ироқ барои расидан ба марзи Лаҳистон ва кӯшиши убури он кумак мекунанд.

Мақомоти Беларус дар навбати худ Лаҳистон ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро дар бархӯрди “ғайриинсонӣ” бо паноҳандагон муттаҳам мекунанд.

Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус дар ин маврид гуфт, ки Минск дигар ба транзити муҳоҷирон ба Иттиҳодияи Аврупо дахолат нахоҳад кард, зеро ба гуфтаи ӯ, кишварҳои аврупоӣ алайҳи ин кишвараш “ҷанги гибридӣ” роҳандозӣ намудаанд.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ мақомоти Лаҳистон дар марз бо Беларус вазъи изтирорӣ ҷорӣ кард. Рӯзи 7-уми ноябр, тавре нашрияи “Азаттик”-и белорусӣ хабар дод, ҷасади як сарбози лаҳистонӣ дар марз пайдо шуд. Ва ҳоло сабаби марги марзбони лаҳистони таҳқиқ мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.