Изҳороти Ҳизби Аграрии Тоҷикистон

Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ҳодисаҳои хунини ахир дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистонро маҳкум кардааст.

20-уми сентябри соли 2022 Ҳизби аграрии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот дар саҳфаи расмиаш дар Фейсбук ба наздикону пайвандони ҷонбохтагон тасаллият гуфта, изҳор доштааст: “Таҷовузкорон дар назди суди байналмилалӣ ва ҳам дар назди шариат бояд ҷавоб диҳанд.”

Дар ин изҳороти таъкид мешавад, ки ҳодисаҳои ахир “тасодуфӣ” нестанд ва низ “ҳамлаи таҷовузкоронаи Қирғизистонро ба ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси ба ҳалокат расидани ҳамватанони мо ва расидани хисороти моддию маънавӣ гардид, қатъиян маҳкум менамояд.”

Ба ақидаи раҳбарони он, “Ҳизби аграрии Тоҷикистон муътакид аст, ки дар амалкардҳои ҷониби қирғиз танҳо масоили дохилиашон нуҳуфта нест, балки фаротар аз он аст ва имкон дорад аз ҷониби сеюм бо ҳадафҳои хос роҳандозӣ гашта, идорааш ҳам дар дасти онҳост.”

Ҳамзамон Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир минтақаи Осиёи Марказиро “дар меҳвари сиёсатҳои геополитикии дунё” дониста, меафзояд: “як иқдоми беандешаи сиёсӣ ва амали иғво маънии равған рехтан ба оташи душманони мардуми минтақаро хоҳад дошт.”

Муаллифони ин изҳорот мегӯянд, мо “мутмаинем, ки халқи қирғиз ба як иддае, ки популизми сиёсӣ ва лоббигариро меҳвари фаъолияти худ қарор додааст ва шиддати вазъро ба нафъи худ истифода кардан мехоҳад, ба ҳеҷ ваҷҳ иҷоза намедиҳад то мақсадҳои нопоки хешро амалӣ сохта, фардои равобити ду кишвари ҳамсояро зери суол барад.”

Гуфта мешавад, ҳодисаҳои хунини рӯзҳои 14-18 моҳи ҷорӣ дар манотиқи наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 100 кушта ва садҳо захмӣ ба ҷо гузоштааст. Дар ин даргириҳо ҳар ду ҷониб якдигарро ба оғози танишҳо муттаҳам карда, мегӯянд, ки бо амалҳои иғвоангезонаи худ ба танишҳо шиддат мебахшанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳре, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол додаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.