ВКД алайҳи Иззат Амон парвандаи нав боз кард

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бар зидди Иззат Амон, фаъоли маданӣ ва ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки чанде пеш ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, парвандаи нав боз кардааст.

Радиои Озодӣ бо истинод ба манбааш аз ВКД хабар медиҳад, ки нисбати Иззат Амон бар асоси “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” парвандаи нав боз шудааст. Дар ҳолати исботи ин иттиҳом 125 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима ё аз 8 то 12 соли зиндон ӯро интизор аст.

Ба гуфтаи манбаъ, як сокини шаҳри Бохтар бо номи Нурулло Воҳидов аз болои Иззат Амон шикоят бурдааст. Дар пайи шикояти Воҳидов барои анҷоми тафтишот ҳафтаи гузашта Иззат Амонро аз зиндон ба боздоштгоҳ бурдаанд.

Инчунин Нурулло Воҳидов бо нашри наворе дар Ютуб иддао кардааст, ки Иззат Амон аз ӯ даҳ ҳазор доллар гирифта, то ҳанӯз барнагардондааст. Маълум нест ин навор кай ва дар чӣ шароит гирифта шудааст.

Модари ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия, Ашурбӣ Холова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ин парвандаро беасос хонда гуфтааст, ки даъвогарро хуб мешиносад.

“Даъвогар соли 2007 ҳамроҳи писари дигарам дар як зиндони Мордова буд. Иззат Амон барои интиқоли онҳо ба Тоҷикистон пул харҷ кард. Як қисми он 10 ҳазор долларро наздикони даъвогар дода буданд. Писарам соли 2010 пулашро баргардонд. Дар ивази 6 ҳазор доллар мошини “Мерседес” дод. 4 ҳазор доллари дигарро ба ҳамсари русаш дар Маскав расонданд. Ин масъала ҳал шуда буд”, – мегӯяд модари Иззат Амон.

Назари худи Воҳидов дастраси расонаҳо нест ва то ҳол ӯро бо Иззат Амон ва наздиконаш рӯбарӯ накардаанд.

Иззат Амон ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баҳори соли 2021 бо баҳонаи риоя накардани қоидаҳои будубош ва аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани мақоми шаҳрвандии он кишвар аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ ва дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби боздошти ӯро даст доштан дар ҷинояти “қаллобӣ” гуфта, алайҳи ӯ парванда сохтанд ва 19 октябри соли 2021 бо ҳукми додгоҳ барои напардохтани 220 сомонӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.

Тарафдоронаш ӯро бегуноҳ мешуморанд ва мегӯянд, парвандаи Иззат Амон сиёсист ва ӯ барои танқидҳои ошкораш аз ҳукумат ва раҳбарони Тоҷикистон ба зиндон андохта шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.