Коҳиши содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва омори зидду нақиз

Содироти барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон аз 350 МВт бв 40 МВт коҳиш ёфтааст. Дар ин бора расонаҳои Афғонистон ва Тоҷикистон хабар доданд.

Дирӯз 27 июл сухангӯи ширкати барқрасони Афғонистон, “Брешно”, Ваҳидуллоҳи Тавҳидӣ гуфт, ки барқи воридотии Тоҷикистон рӯзи душанбе тақрибан соати 7:30 субҳ аз 350 МВт ба 40 МВт коҳиш ёфт. Ӯ зимни суҳбаташ бо рӯзномаи “Иттилооти рӯз” гуфт, ки ин иқдоми Тоҷикистон ба далели камбуди манобеи обӣ сурат гирифтааст ва ин ширкат барои таъмини барқ бо мақомоти Узбекистон гуфтугӯ кардааст: “Афғонистон барои воридоти барқ аз Узбекистон бо мақомоти он кишвар вориди гуфтугӯ шуда ва эҳтимол меравад то зуҳри имрӯз барқ аз Узбекистон ба миқдори 450 МВт васл шавад”.  

Бино ба гуфтаи намояндаи ширкати “Брешно”, барқи Тоҷикистон беш аз 10 шаҳру вилоятҳои Афғонистонро бо шумули пойтахти он, шаҳри Кобул таъмин мекард, ки дар сурати пешомада маҷбуранд барқи ин вилоятҳоро қатъ кунанд.

Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон низ изҳор доштаст, ки сабаби камшавии содироти барқ ба ҳамсоякишварҳо, Афғонистон ва Узбекистон камшавии оби обанбор мебошад.

Имрӯз 28 июл раиси ширкати “Барқи Тоҷик” Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки сабаби камшавии ҳаҷми содироти барқ камшавии маҷрои об ба обанбори нерӯгоҳи Норак мебошад.

Раиси “Барқи Тоҷик” ҳаҷми содироти ҳамарӯзаи барқро ба Афғонистон 320 МВт хонд ва яке аз сабабҳои камшавии содироти онро ба бозтақсими шабакаҳо дар Афғонистон рабт дод: “Агар ба Афғонистон ҳамарӯза 320 МВт неруи барқ содирот мешуд, пас имрӯз ин нишондиҳанда то 40 Мвт коҳиш ёфт. Содироти барқ ба Ӯзбекистон ҳам кам шуд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта содироти барқ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 324,9 млн кВт/соат коҳиш ёфт, ки ба камшавии маҷрои оби дарёи Вахш ва бозтақсими шабакаҳо дар Афғонистон вобаста аст”, – хабар дод Мирзо Исмоилзода.

Ин дар ҳолест, ки Афғонистон ҳаҷми барқи воридотӣ аз Тоҷикистонро 350 МВт мегӯяд, аммо “Барқи Тоҷик” ин ҳаҷмро 320 гуфтанд. Ин таноқузи омор аз кадом ҳисоб ва ба кадом хотир аст?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қирғизистон 170 хонаи аз Тоҷикистон гирифтаашро ба сокинон тақсим мекунад

Қирғизистон 170 хонаеро, ки аз Тоҷикистон гирифта буд, ба сокинонаш тақсим мекунанд.

Ҳукми абади ду нафар барои қатли Маннон Содиқов

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини шаҳри Исфараро бо иттиҳоми қатли узви пешини ҲНИТ ба ҳабси умрбод маҳкум кард.

Ҳамла ба полойишгоҳи бузурги Русия дар пасманзари камбуди сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Бузургтарин полойишгоҳҳои Русия дар шаҳри Киришии вилояти Ленинград мавриди ҳамлаи паҳподӣ қарор гирифта, дар он оташсӯзӣ рух дод.

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.