26.9 C
Dushanbe

Муҷозоти помириҳо дар Бадахшон

Сокинон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа ва Шуғнону Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то кунун ба шабакаи ҷаҳонии Интернет дастрасӣ надоранд.

Хабаргузории

Мақомот рӯзи 28-уми ноябр баъд аз ба тавофуқ расидан бо гурӯҳе аз намояндагои эътирозгарон қавл дода буданд, ки бо пароканда шудани мардум алоқаи мобилӣ ва Интернет дубора дар сарторсари виляот фаъол мешавад, аммо ба ваъдаи худ вафо накарданд.

Дар ҳамин ҳол бархе соҳибназарон бар ин боваранд, ки фаъол кардани Интернет дар қисме аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ба мисли Ванҷу Дарвоз ва Мурғоб ва маҳрум кардани сокинони шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии вилоят ва ноҳияҳои Рӯшону Роштқалъа ва Шуғнону Ишкошим тавассути мақомот навъе муҷозоти ақаллиятҳои қавмӣ дар Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар дониста мешавад.

25-уми ноябри соли ҷорӣ қатли Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа тавассути мақомот бо зарби 7 тир мавҷе аз додхоҳон ва эътирозгарон ба ҷиноятро ба шаҳри Хоруғ кашонд. Сокинон аз мақомот талаб карданд, ки қотилон боздошт ва муҷозот шаванд, аммо дар баробар боз болои онҳо оташ кушоданд ва дар натиҷа дасти кам 3 нафари дигар дар рӯзҳои 25-28-уми ноябр кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шуд.

9-уми декабр Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як барномаи видеоӣ дар телевизиони Бадахшон ширкаткунандагони ҳамоишҳои эътирозии рӯзҳои ахирро муттаҳам ба қонуншиканӣ ва Гулбиддин Зиёбековро дар анҷоми чанд ҷиноят гунаҳкор эълом кард, вале нагуфт, ки чаро мақомот Гулбиддинро куштанд, болои додхоҳон оташ кушоданд ва чандеро ба қатл расондаву даҳҳо каси дигарро замхӣ карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Афзоиши муҳоҷирати тоҷикон ба ИМА

Сафорати Иёлати Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд, ки судури раводиди муҳоҷиратӣ барои тоҷикистониҳоро афзоиш додааст.

Нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди Авруосиё

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки ба ҳайси меҳмон даъват шуда буд, иштирок ва суханронӣ кард.

ВКД-и Тоҷикистон хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён шуд

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон бо ирсоли барқияе аз мақомоти Русия хостори таҳқиқи латтукӯби донишҷӯён ва "рейд"-и муҳоҷирони тоҷик шудааст.

Вазорат латтукӯби бераҳмонаи сарбозро рад кард, аммо шоҳидон чизи дигар мегӯянд

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо нашри изҳороте хабари бераҳмона латтукӯб шудани сарбози қаторӣ Маҷидов Аслиддинро аз ҷониби ҳамхизматонаш беасос номид.