25.9 C
Dushanbe

“Ин муборизаи охирини ман буд” Ҳабиб Нурмуҳаммадов баъд аз ғалабаи навбатияш аз UFC канор рафт

Шаби 24 октябр UFC 254 баргузор гардид, ки дар он Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо Ҷастин Гэйҷӣ барои қаҳрамонӣ дар вазни сабук сабқат карданд. Каҳрамони шикастнахӯрда ва беҳамоварди UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар ин набард низ пирӯз шуд.

Ҳабиб бо 29 бурд ва ҳеч бохт имшаб пас аз пирӯзии ниҳоияш майдони размро тарк гуфт ва номашро ҳамчун қаҳрамони рақами 1 дар UFC сабт кард.

Ӯ шаби 24 октябр пас аз пирӯзӣ гуфт, ки ин охирон набардаш буд ва дигар бо ҳамин майдони UFC-ро тарк гуфту бо мухлисонаш худоҳофизӣ кард.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов пас аз разм гуфт, модарам розӣ набуд, ки баъд аз вафоти падарам муборизаҳои UFC-ро идома бидиҳам, вале ман гуфтам ин вопасин размам аст ва ваъда додам, ки бо ҳамин майдони ҳунарҳои размии UFC-ро тарк хоҳам кард. Ӯ гуфт падарашро аз даст додааст ва мехоҳад бо модараш бошад. Ҳамчунин аз масъулини UFC дархост кард, ки ӯро ҳамчун қаҳрамони нафари аввали UFC муаррифӣ кунанд, чун ягона размикорест, ки дар 29 набард боре ҳам шикаст нахӯрдааст. Ҳабиб дар идомаи суҳбаташ аз рақиби худ ва дигарон хост бо волидайнашон бошанд.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов соли 1988 дар деҳаи Силди ноҳияи Сумадинии Доғистон таваллуд шудааст. Вай аз кӯдакӣ бо роҳбарии падари худ Абдулманоф Нурмуҳаммадов тамрин мекард, ки моҳи июл падараш аз дунё чашм пушид.

Ҳангоми будубош дар Иёлоти Муттаҳида, дар толори AKA (American Academy Kickboxing) бо роҳбарии Хавер Мендес тамрин мекард. Аз 30 марти соли 2020 Ҳабиб дар радабандии расмии UFC дар миёни беҳтарин размкорон, новобаста аз категорияи вазн дар ҷои дувум қарор дорад . Радабандии Sherdog Нурмуҳаммадовро ҳам дар вазни сабук ва ҳам дар феҳристи беҳтарин размикорон новобаста аз категорияи вазн дар ҷои аввал қарор медиҳад.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов аз ҷумлаи варзишгарони мусулмонест, ки дар баробари размҳои беҳамтояш ахлоқи волои худро борҳо ба намоиш гузоштааст. Ӯ ки пештар ҳарчанд аз ҷониби баъзе рақибонаш борҳо суханҳои қабеҳу дағал мешунид, вале бо айни рафтор бо онҳо муомила намекард. Ва одатан баъд аз ҳар пирӯзияш рақибонашро ба оғӯш мегирифту аз онҳо ситоиш мекард.

Бояд афзуд, ки Ҳабиб дар миёнии ҷавонони тоҷик низ ҳаводорони бисёре дорад ва соли 2017 ба Тоҷикистон низ сафар карда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти ду тоҷикистонӣ бо гумони ба асорат гирифтани ҳамватани худ

Мақомоти Русия хабар доданд, ки ду шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони ба асорат гирифтан ва латтукӯби як ҳамватани худ боздошт шудаанд.

Русия мехоҳад бештар хориҷиёнро ба ҷанги зидди Украина барад

Дар наздиктарин фурсат дар Русия қонуни наве қабул мешавад,...

Оё низоми таҳсили 12-сола метавонад сифати таҳсилро беҳтар кунад?

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-соларо ҷорӣ карданӣ аст.

Чаро кишварҳои ҳамсоя афғонҳоро ихроҷ мекунанд?

Ба иттилои мақомоти Толибон, Эрон зарфи як моҳ беш аз 500 ҳазор муҳоҷири афғонистониро ихроҷ кардааст.