35.9 C
Dushanbe

Ҳаҷвнигори шинохта Бахтиёр Раҳимов соҳиби хона шуд

Раҳбари гурӯҳи “Ғарибшо компания”, ки як рӯз пеш бо як муроҷиатномаи видеоӣ аз мардум дархости кумак карда буд, мегӯяд, соҳиби хона шудааст.

Бахтиёр Раҳимов ва Раҳим Бобохонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ

Имрӯз, 15-уми июни соли 2022 ҳаҷвнигори шинохта ва раҳбари гурӯҳи “Ғарибшо компания” Бахтиёр Раҳимов бо нашри як навори видеоӣ эълон кард, ки тоҷири шинохта Раҳим Бобохонов маъруф ба Раҳими Ғармӣ ба дархости ӯ лаббайк гуфта, ба вай хона додааст.

Пеш аз ин дирӯз, 14-уми июн, раҳбари гурӯҳи ширинкорони шинохтаи тоҷик “Ғарибшо копания” Бахтиёр Раҳимов дар як муроҷиатномаи видеоии худ аз мардум кумак хоста, гуфт, ки ” 30 сол сабр кардам, з0 сол шуд иҷора мешинам, акнун мушкилоти манзилие, ки дорам ба қароре омадам, ки барои ҳал кардани мушкили худ ба шумо муроҷиат кунам.”

Ин ҳаҷвнигори маъруфи тоҷик дар муроҷиаташ аз чанд нафар, аз ҷумла аз набераи Президенти Тоҷикистон Исмоили Муҳаммадзоҳир, Раҳим Ғармӣ ва Маҳмудҷон Муродов ном бурда буд, ки дар мушкилияш ба ӯ ёрӣ кунанд.

Бахтиёр Раҳимов мегӯяд, аз соли 1993 то ҳол сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мебошад. Вай дар хобгоҳи Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ки Вазорати фарҳанг ба кормандонаш медиҳад, тибқи қонун зиндагӣ мекард. Аммо дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба воситаи тӯфанг ӯро аз он ҷо ихроҷ карданд.

Раҳбари гурӯҳи “Ғарбишо компания” таъкид мекунад, ки дар суроғае, ки тибқи қонун ӯ бояд зиндагӣ кунад, дар ҳоли ҳозир қариб 12 нафари дигар сукунат доранд ва ба ин хотир ӯ маҷбур шудааст, ки онҷоро тарк карда, дар ҷои дигаре иҷоранишин шавад.

Ин ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар, ки аз замони сари қудрати омадани Эмомалӣ Раҳмон то ҳол ба муддати наздик ба 30 сол дар хидмати ҳукумат ва мардум қарор дорад, то ҳол натавониста соҳиби хонаи шахсӣ шавад ва акнун аз набераи Президенти Тоҷикистон дархости кумак кардааст.

Баъзе доираҳо муроҷиати Бахтиёр Раҳимовро чунин маънидод мекунанд, ки ин ҳунарманд ду паёми асосиро ба Эмомалӣ Раҳмон расонд, яке ин ки дар давлате, ки раҳбариаш 30 сол шуд дар дасти як нафар ва як хонавода аст, як эҷодкор дар хонаи қонуниаш зиндагӣ карда наметавонад ва дигар ин ки бо маоши моҳонае, ки ҳукумати Раҳмон ба кормандони фарҳанг медиҳад, дар 30 сол касе соҳиби хона намешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Коҳиши 80%-и кишти кукнор дар Афғонистон

Толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста, ки барои кишоварзоне, ки...

ВКХ: Пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО баррасӣ нашуд

Ҳукумати Тоҷикистон ҳоло масъалаи пайвастани кишварро ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ надорад.

Русия: Тоҷикистон набояд ба Ғарб наздик шавад

Сергей Лавров зимни боздидаш аз Душанбе дар суханрониҳояш ба мақомоти тоҷик тазаккур дод, ки Русия намехоҳад ҳамкориҳои Тоҷикистону Ғарб бештар шаванд.

Суқути қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон

Баъд аз сафари вазири корҳои хориҷии Русия ба шаҳри Душанбе ва музокироти сатҳи олии раҳбарони Тоҷикистон ва Русия қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомонӣ поён расфт.