37.9 C
Dushanbe

Ҳалокати як ҷавони 30-сола дар шаҳри Хоруғ

Дар задухурди шадиди дирӯзаи мақомоти интизомии кишвар бо мардум дар шаҳри Хоруғ як ҷавони 30-сола кушта 6 нафари дигар захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои Pamir Daily News, мақомоти интизомии кишвар рӯзи 16-уми май ба муқобили сокинони маҳаллӣ, ки барои талаби ҳуқуқҳои ҳуд ҷамъ омада буданд, тир кушода, дар натиҷа Замир Назришоеви 30-сола сокини ин вилоят ба ҳалокат расида ва 6 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 17-уми майи соли ҷорӣ расман аз кушта шудани Замир Назришоев ва захмӣ шудани се афсари ниҳодҳои интизомӣ хабар дод.

Бино ба иттилои Pamir Daily News, маросими ҷанозаи Замир Назришоев имрӯз баргузор мешавад. Аммо мардум ҳанӯз имкони ширкат дар маросими ҷанозаро надоранд. Чун ҳама кучаҳои асосии шаҳри Хоруғ аз ҷониби низомиён баста шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...