Ҳамлаҳои мушакии Русия алайҳи Украина

Бар асари ҳамлаҳои навбатии Русия субҳи имрӯз дар аксар манотиқи Украина зангҳои хатар ба садо даромада, шаҳрвандон ва сокинони ин кишвар ба паноҳгоҳҳо панаҳ бурданд.

Бино ба иттилои расонаҳо, субҳи имрӯз, 16-уми декабри соли 2022 Русия ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакии худ алайҳи шаҳрҳои мухталифи Украина, аз он ҷумла шаҳрҳои Киев, Херсон, Запарож, Харков ва дигар бузург шаҳрҳои ин кишварро аз сар гирифтааст.

Президенти Украина Владими Зиленский дар суҳбат бо расонаҳо Русияро ба он муттаҳам кардааст, ки он бар асоси барномаҳои аз қабл таҳияшуда, тамоми зерсохторҳои кишваррашро ҳадаф қарор дода, онҳоро аз байн мебарад. Вай таъкид карда, Русия артиши Украинаро шикаст дода наметавонад, ба ин хотир тамоми иншоот ва биноҳоро ҳадаф қарор медиҳад.

Инчунин бар асари ин ҳамлаҳои ҳавоӣ ва мушакии Русия аллакай дар бархе бузургшаҳрҳои Украина хеле аз иншооти муҳими давлатӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои обу барқрасонӣ ва дигар иншооти гармидиҳӣ харобу валангор гардида, дар натиҷа шаҳрии Харков ҳам пурра бебарқ мондааст.

Аз сӯи дигар, Русия ва гурӯҳҳои ҷудоиталаб дар Донбас ҳам ҷониби Украинаро муттаҳам ба ҳамла карда, гуфтаанд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо ҳудуди 15 нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Вазорати дифои Украина ҳам дар саҳфаи Телеграмиаш хабар дода, гуфтааст, субҳи имрӯз шаҳрҳои мухталифи Украинаро бо 72 мушаки болдор мавриди ҳадаф қарор додааст.

Ҳамзамон Вазорати дифои Русия ҳам бо таъйиди ин ҳамлаҳо дар канали Телеграмиаш хабар дода, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо беш аз 16о афсару сарбози укрианӣ кушта ва захмӣ шудаанд. Аммо дар мавриди ҳадаф қарор додани иншооти муҳими давлатӣ дар Украина чизе нагуфтааст.

Гуфта мешавад, ҳамлаҳои Русия алайҳи Украина аз 24-уми феврали соли ҷорӣ ба ин сӯ идома доранд ва то ин мудддат даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони мулкӣ ва низомиён аз ҳар ду ҷониб кушта ва захмӣ шуда ва беш 6 миллион нафар хонаву кошонаҳои худро тарк карда, ба ҷойҳои амнтар, аз ҷумла кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Канада панаҳ бурданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон 100 миллион доллар аз САСР қарз гирифт

Тоҷикистон бахши аввали қарзи 200-миллиондолларии Сандуқи авруосиёии суботу рушд (САСР)-ро дарёфт кард.

Миллионҳо рубл маоши муҳоҷирони тоҷикро баргардонданд

Дар даҳ моҳи соли 2026 ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия беш аз 32,5 миллион рубл (ҳудуди 405 ҳазор доллар) маоши пардохтнашуда баргардонида шудааст.

Баъди хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷ аз Гурҷистон, М. Тағоев аз вазъаш хабар дод

Муҳаммад Тағоев, блогер ва мунтақиди ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон, дар суҳбат бо "Паём ТВ" вазъи худро пас аз хабарҳо дар бораи эҳтимоли ихроҷаш аз Гурҷистон шарҳ дод.

Такер Карлсон: Натанёҳу Трампро барои ҳамлаи ҳастаӣ ба Эрон фишор меорад

Такер Карлсон, рӯзноманигори маъруфи амрикоӣ, ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Амрико дар рӯзҳои наздик ба Эрон ҳамлаи ҳастаӣ анҷом диҳад.