13.9 C
Dushanbe

Хиёнат ба миллат чист?

Хиёнат ба миллат ин аст, ки дар 30 соли ҳукуматат кишварро ғорат карда, байни фарзандону ақрабоят тақсим кунӣ ва иқтисоди онро 70 сол ақаб партоӣ.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Хиёнат ба миллат ин аст, ки на дар тӯйу сур, на дар ҷаноза, на дар корхона, на дар ҷамъомад, на дар масҷиду на дар хиёбонҳо наметавонӣ ва намехоҳӣ бо мардуми худат бошӣ. Ва худро бо коргарон, муаллимон, табибон, муллоҳо ва нафақахӯрони маъмуршуда иҳота мекунӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки дар рӯзи равшан, дар роҳҳои комилан холии як шаҳри бузург дар иҳотаи даҳҳо мошини нигаҳбонҳо ҳаракат мекунӣ, зеро ҳамаи хиёбонҳо ва кӯчаву паскӯчаҳо тахлия ва баста шудаанд. Ва раияти ту дар замини худ, дар шаҳри ҳуд маҷбуранд соатҳо мунтазир бимонанд, то ту бо мошини зиреҳишудаи чандмиллиондоллариат барои анҷоми корҳои шахсиат биравӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки барои пешвози ту дар сардии зимистону гармои тобистон гулдухтаракони қадрасро нимурён ба пешвозат мебароранд ва онҳо зери барфи зимистону офтоби кушандаи тобистон гул дар даст соатҳо мунтазират мешаванд.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки ҳазорон хонандаву донишҷӯ моҳҳо аз дарсҳо дур карда мешаванд ва зери офтобу барфу борон машқ мекунанд, то дар ҷашне бароят саҳнае намоиш диҳанд.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки қабл аз омадани ту қитъаи роҳ дар дохили замини кишоварзиро ҳам асфалтпӯш мекунанд, аммо роҳҳое, ки гузарат намеафтад даҳсолаҳо таъмирро намебинанд.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки пеш аз омадани ту мардумро маҷбур мекунанд аз бонкҳо қарз гиранду деворҳои ҳавлашонро таъмир ва хонаҳояшонро рангубор намоянд.

Хиёнат ба миллат ҳамон аст, ки дар “гуфтугӯ” бо мардум ҳамаи саволҳо, эҳсосот ва вокунишҳо аз қабл омода шудаанд.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки ту бо мардумат дар як роҳ, ба як мағоза, ба як масҷид намеравӣ. Ҳамроҳашон дар поркҳо сайругашт намекунӣ ва бо онҳо хӯрок намехӯрӣ.

Хиёнат ба миллат ин паранойяи комил назди мардуми худ, нафрати амиқ ва беҳурматӣ ба раият, ҳазар аз онҳо ва ваҳшат аз тамоси зинда бо шарҳвандони худ аст.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки ту бо як дунёи тахайюлӣ, хӯсаҳову бозингарони саҳнаву декоратсияҳо иҳота шудаӣ. Ҳамаи дунёи атрофат сохташуда ва ғайривоқеъӣ аст. Ту аз кишварат бо девори оҳанӣ, хандақҳо, тирзанҳо ҳисор шудаӣ, то набинӣ, надонӣ ва даст нарасонӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки наметавонӣ сода аз кӯча убур кунӣ, чун метарсӣ. Ва беҳуда ҳам наметарсӣ, зеро 5 дақиқа ҳам рафта наметавонӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки пулҳои аз буҷаву дороиҳои кишвар дуздидаи туву хонаводаат дар хориҷ аст. Ту дар қасре зиндагӣ мекунӣ, ки қиматаш аз қимати як шаҳри миёнаи Тоҷикистон бештар аст, аммо мардуми ин шаҳри миёна аз бекориву гуруснагиву ҷудоӣ аз падару фарзанду шавҳари муҳоҷираш ранҷ мекашад ва дар хонааш чароғ, ҳезум, ҳатто гоҳе нон надорад.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки ту ҳамаи канданиҳо ва боигарҳои табиии кишварро ба худату хонаводаат ихтисос додаӣ, ҳамаи тиҷоратҳоро домодҳоят монополия кардаанд, дар ҳоле, ки ба ҷуз туву хонаводаат дар кишвар 10 миллион нафари дигар зиндагӣ мекунанд.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки музди меҳнат дар кишварат яке аз камтаринҳо дар ҷаҳон аст, нафақахӯрҳо 10 доллар нафақа мегиранд, аммо моҳонаи ту баландтарин байни раисҷумҳурҳои дунёст.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки домоди ту дар қочоқи бензин аз ҳамсоякишвар миллионҳо доллар даромад мегирад, аммо мардуми деҳаҳои наздимарзӣ ва сарҳадбонҳои кишварат аз тири сарбозони ҳамсоя кушта мешаванд. Дар ҳамин ҳол ту лаб во намекунӣ, то тиҷорати домодат зарар набинад.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки ба ғасби заминҳоят аз тарафи кишварҳои ҳамсоя ва қатли сарбозону раиятат ҳарфе зада натавонӣ, аммо ба як минтақаи кишварат ба хотири як эътирози мардум лашкар кашиву садҳо нафарро қатли ом кунӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки вақте ҷаҳон ба хотири пешгирӣ аз вабои коруно ҳама гуна ҷамъомадҳоро манъ мекунад, ту 10 000 нафарро аз тамоми кишвар дар майдоне ҷамъ овариву базм ороӣ, то барои рақсат кафкубӣ кунанд ва вабо дар як ҳафта дар кулли кишвар паҳн шавад.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки тамоми мансабҳоро байни фарзандону хешовандон ва қудову андаи бесаводат тақсим кунӣ ва аз онҳо мондаашро бо пул ба савдо бизанӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ба шири сафеди модарат қасам хӯриву ҳазор бор қасам шиканӣ ва шири модарро ба масхара табдил диҳӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки дар малаи ом аз духтари қадраси миллатат, ки ҳифзи номусаш пеш аз ҳама бар дӯши туст, бипурсӣ, ки “ягон кас телефон мекунад?”

Хиёнат ба миллат ин аст, ки дӯстписари духтаратро, ки миллионҳо дуздидааст бинобар ҷавониаш афв кунӣ, аммо ҳазорҳо ҷавонро барои як лайк ё як шарҳ ба зиндон фиристӣ.

Хиёнат ба миллат ин ҳамеша дурӯғ гуфтану ваъдаи пешрафт додан ба мардуми худ  аст.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки ҳар рӯз бо қайчият 10 “корхонаву коргоҳ” ифтитоҳ куниву фардояш 11-то баста шавад.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки мардумро ба сарфакориву захираи дусола даъват кунӣ, аммо худат барои як базму як рақсат миллионҳо доллари мардумро масраф намоӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки дар 30 соли ҳукуматат кишварро ғорат карда, байни фарзандону ақрабоят тақсим кунӣ ва иқтисоди онро 70 сол ақаб партоӣ.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки 2 миллион мардони кишварат барои дарёфти қути лоямут ба муҳоҷират раванд ва 5 миллион кӯдаку наврас ҳамеша дар интизори падар чашмбароҳ бошанд.

Хиёнат ба миллат ин аст, ки ҳар сол 1000 ҷанозаи раиятат аз хориҷ дар тобутҳо ворид шавад ва мижаи ту хам нахӯраду як бор изҳори ҳамдардӣ накунӣ.

Ва билохира хиёнат ба миллат ин аст, ки мардуми худатро подаву рамае ҳисобӣ, ки бояд душида ва қурбонӣ карда шавад ва ҳаёти инсон дар кишвари ту камтарин арзише надошта бошад.

Ҳар қадар дилат хост метавонӣ мухолифон, озодандешон, фаъолон, рӯзноманигоронро ба хиёнат ба миллату ватан айбдор кунӣ, онҳоро таъқиб намоӣ ва бикушӣ. Ҳар қадар дилат хост метавонӣ мафҳумҳоро тағйир диҳиву иваз кунӣ, ҳамеша аз ҷанги шаҳвандии 30 сол пеш мардумро тарс диҳӣ, худатро қаҳрамон, асосгузори сулҳу ваҳдат, пешвои миллат эълон куниву гоҳе аз кишвари ҳамсоя, гоҳе аз “кишвари ба ҳама маълум”, гоҳе аз ғарбу гоҳе аз шарқ душман битарошӣ. Ҳазорҳо нафарро танҳо ба ин хотир, ки ҳақиқатро гуфтаанд, хоини миллат эълон намоӣ. Аммо аз ин ҳама ҳақиқат иваз намешавад: ягона хоини миллат дар Қасри миллат нишастааст.

МАНБАЪ: ПАЁМ.net

Аз идораи сомона: Гӯшаи “Блоги Шумо” минбари гуногунандешӣ буда, матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Azda tv” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.