Хонум Лиз Трасс сарвазири Британия интихоб шуд

Бо иттифоқи аксари орои ҳизби муҳофизакорони Бритния раҳбарии ҳукумати ин кишварро як хонум бар уҳда гирифт.

Бини ба иттилои расонаҳо, хонум Лиз Трасс, ҷонишини Борис Ҷонсон, собиқ Сарвазири Бринтания интихоб шудааст.

Хонум Лиз Трассро (номи пуррааш Элизабет Мэри Трасс) ҳудуди 160 ҳазор нафар аз аъзои ҳизби сиёсии худаш, яъне ҳизби муҳофизакорон интихоб кардааст.

Интихоби Трасс ҳамчун Сарвазири Британия ба замоне рост меояд, ки ин кишвар сахтарин шароити таваррум ва рукуди иқтисодиро дар 40 соли гузашта таҷриба мекунад.

Инчунин бар асоси арзёбии расонаҳо, иқтисоди Британия, то кунун дар пилаи 6-ум қарор дошт, вале акнун як зина суқут карда, Ҳиндустон ин ҷойгоҳро касб кардааст.

Хонум Лиз Трасс дар саҳфаи Твиттер пас аз интихоб шуданаш ҳамчун раиси Ҳизби муҳофизакор ва акнун Сарвазири Бртиния аз мардумаш ташаккур карда гуфтааст, “ман иқдомоти ҷасуронае анҷом хоҳам дод, то ҳама аз ин даврони сахт убур кунем, иқтисоди худро рушд диҳем ва иқтидори Британияро ба кор бигирем.”

Гуфта мешавад, хонум Лиз Трасси 47-сола то кунун чандин мақомҳои калидиеро раҳбарӣ карда ва тайи як соли ахир дар мақоми вазири корҳои хориҷӣ ифои вазифа мекард. Вай дар замони рақобатҳои интихоботӣ қавл дода буд, ки як ҳукумати қавӣ ташкил дода, дар давоми як ҳафта пас аз ба қудрат расиданаш кумакҳои бештареро ба мардум пешниҳод мекунад.  

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.