22.9 C
Dushanbe

Ҳузури нерӯҳои Ҳиндустон дар Фархор

Аксҳои моҳвораии тоза нишон медиҳанд, ки бонди фурӯдгоҳи ҳарбии ноҳияи Фархори Тоҷикистон баъд аз таътили чандсолаҳо аз нав тармим шудааст.

Гуфта мешавад, ин бонд (нуқтаест дар фурӯдгоҳ, ки барои бархостан ва нишастани ҳавопаймоҳо омода шудааст)-и фурӯдгоҳ дар аввалҳои моҳи октябри соли ҷорӣ тармим шуда ва эҳтимол меравад тармими он бо сармоягузории кишвари Ҳиндустон сурат гирифта бошад.

Фурӯдгоҳи Фархор агар пурра мавриди истифода қарор гирад, он дуввумин фурӯдгоҳе дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки идораи он дар дасти нерӯҳои низомии Ҳиндустон қарор мегирад. Пеш аз ин тарҳи бозсозии фурӯдгоҳи “Айнӣ”, ки дар 15-километрии шаҳри Душанбе ҷойгир аст, бо сармоягузории 70 млн доллории Ҳиндустон соли 2006 бозсозӣ шудааст.

Фурӯдгоҳи “Айнӣ” ва фурӯдгоҳи Фархор ягона пойгоҳҳои махфии Ҳиндустон дар хориҷ маҳсуб мешаванд. Ва ҳеч маълумоти расмие то ҳол на аз ҷониби Тоҷикистон ва на аз ҷониби Ҳиндустон дар бораи вуҷуди нерӯҳои низомӣ ва аслиҳаву муҳиммоти ҷангӣ дар ин пойгоҳҳо ироа намешавад.

Аз солҳои пеш расонаҳои мустақили Ҳиндустон бо такя ба манобеи худ дар бахшҳои низомии ин кишвар баъзе маълумотро дар мавриди таъсиси пойгоҳи низомии ҳавоии Ҳиндустон дар Тоҷикистон гузориш кардаанд, вале чунин хабарҳо ҳамвора аз сӯйи мақомоти низомиии Тоҷикистон такзиб шудаанд.

Ҳамчунин тарҳи бозсозии бемористони низомии Фархор, ки онҷо Аҳмадшоҳ Масъуд табобат гирифта буд, ва тармими бонди ин фурӯдгоҳ бо сармоягузории Ҳинд пештар ҳам расонаӣ шуда буд. Соли 2011 нашрияи “Times of India” бо нашри матлабе иттилоъ дода буд, ки низомиёни ин кишвар омода ҳастанд дарозии бонди парвози фурӯдгоҳи Фархорро бозсозӣ ва тӯлонитар кунанд.

Коршиносон сабаби талошҳои Ҳиндустон барои мустақар кардани нерӯҳои низомияш дар Тоҷикистонро барои пешгирӣ аз афзоиши нуфӯзи Покистон, Чин ва густариши ифротгароии мазҳабӣ дар минтақа ва инчунин барои тақвияти мавқеаш пас аз баромадани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон рабт медиҳанд.

Ба иттилои баъзе коршиносон, дархости Ҳиндустон барои доштани пойгоҳҳои низомӣ дар Тоҷикистон бо тавофуқи Маскав сурат гирифтааст. Зеро қаблан Маскав барои ҷой ёфтани Ҳинд дар Тоҷикистон мухолиф буд, аммо баъд аз тавофуқи Маскав барои фурӯши S400 ба Ҳинд мувофиқа сурат гирифтааст.

Инчунин бархе коршиносон бар ин боваранд, ки талоши Ҳиндустон барои ба даст овардани пойгоҳҳои низомӣ дар Тоҷикистон маҳз ба хотири тасаллут пайдо кардан бар раванди авзоъ дар Афғонистон ва таъсиргузорӣ ба нуфӯзи Чину Покистон аст.

Пойгоҳи ҳавоии Фархор барои Ҳиндустон аз ҷиҳати стратегӣ хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро он дар масофаи хеле наздик бо Покистон ҷойгир аст. Покистон ҳамеша Ҳиндустонро бузургтарин таҳдиди худ медонад. Ҳамин тариқ, тамоми дороиҳои низомии Покистон барои фаро гирифтани сарҳади васеъ бо Ҳиндустон мутамарказ шудаанд.

Гузориши расонаи ҳиндӣ дар мавриди вуҷуди пойгоҳи низомии Ҳиндустон дар Тоҷикистон

Дар сурати муноқишаҳои низомӣ байни Покистон ва Ҳиндустон, дуюмӣ метавонад Покистонро ғофилгир кунад. Ин масир барои зарба задан ба ҷойҳое ба мисли Чатрол, Пешовар, Исломобод ва дигар шаҳрҳои Покистон барои Ҳиндустон осонтар хоҳад буд.

Аммо, баъзе гузоришҳои тасдиқнашуда, нишон медиҳад, ки баъзе аз IAF Mi 17 дар пойгоҳи ҳавоии Фархор мустақар шудаанд. Гуфта мешавад, ки Ҳиндустон баъзе ҳавопаймоҳои иҷораи Русияро аз пойгоҳи ҳавоии Айнӣ идора мекунад ва Фархорро ҳамчун пойгоҳи амалиётии пешрафта истифода мебарад.

Гуфта мешавад, пойгоҳҳои “Айнӣ” ва Фархор ҳам аз ҷониби Русия ва ҳам Ҳиндустон назорати муштарак мешаванд.

Тоҷикистон ҳам ба Чин, ки бо Ҳиндустони мухолифати сиёсӣ дорад ва ҳам ба Ҳиндустону Русия пойгоҳи низомӣ додааст.

Фурӯдгоҳи Фархор дар оғози солҳои 80-уми асри гузашта сохта шудааст ва баъдтар дар солҳои 1990 нерӯҳои Аҳмадшоҳ Масъуд барои кумак ба Ҷабҳаи Шимоли Афғонистон аз он истифода мекарданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.

Боздошти боз як тоҷик дар Русия

Дар шаҳри Твери Русия як гумонбари дигар дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар "Крокус Сити Ҳолл"-и Красногорск боздошт шуд.