14.9 C
Dushanbe

Кӣ рост мегӯяд: Эмомалӣ Раҳмон ё Владимир Путин?

Президенти Тоҷикистон 13 сол пеш дар як иқдоми намоишкорона насаби худро ба тоҷикӣ иваз намуд ва пасванди “ов”-и русиро ҳамроҳ бо номи падараш аз исми худ ҳазф кард.

Имрӯз, 5-уми октябри соли 2022 Президенти Тоҷикистон 70-умин солрӯзи таваллуди худро ба гуфтаи Абдулфаттоҳ Шарифзода “дар иҳотаи фарзандону пайвандонаш ҷашн мегирад.”

Инчунин Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон ҳам имрӯз хабар додааст, ки ба унвони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон номаҳои шодбошии зиёде ворид шудааст.

Ҷолиб он ки дар ин номаҳо аксари табриккунандаҳо, ба мисли Владимир Путин, Президенти Русия, Александр Лукашенко, Президенти Беларус, Шавкат Мирзиёев, Президенти Узбекистон, Сердар Бердимуҳамедов, Президенти Туркманистон, Илҳом Алиев, Президенти Озарбойҷон, президентҳои феълӣ ва қаблии Қазоқистон, Президенти Тоҷикистонро бо ному насаби аслиаш “Эмомалӣ Шарипович” гуфта, мавриди хитоб қарор додаанд.

Аммо Чин Си Ҷинпин, Президенти Чин, Раҷаб Тайиб Адуғон, Президенти Туркия ва Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Эрон, ки зоҳиран аз асли гап хабардоранд ва нахостаанд дар ин рӯз “дӯст” будани худро зери суол қарор дода, хотири Президенти Тоҷикистонро биранҷонанд, дар номаҳои табрикотии худ бидуни ном гирифтан аз ӯ, аз истилоҳоте ба монанди “Президент” ва “Ҷаноби Олӣ” кор гирифтаанд.

Дирӯз, 4-уми октябри соли ҷорӣ низ Президенти Русия ба Президенти Тоҷикистон нишони “Шоистагӣ барои хидмат ба Ватан” -и дараҷаи III-и Русияро ҳадя кард. Аммо он ҷо дар Қарори расмӣ номашро Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд.

Аммо додани ин нишону хитобҳои Путин як суоли дигареро низ дар зеҳнҳо барҷаста мекунад, ки оё Эмомалӣ Раҳмон низ мисли дигар кормандони мақомоти кишвар дорандаи шаҳрвандии Русия низ ҳаст ва ба ин хотир Владимир Путин ин нишонро ба вай ҳам чун як шаҳрванди Русия туҳфа кардааст ё хайр?

Гуфта мешавад, як ҳафта пештар аз ин ҳангоми баргузории ҷаласаҳои Созмони Миллали Муттаҳид низ вақте вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои суҳбат кардан ба минбар даъват карданд, ӯро низ бо ному насаби алиаш Сироҷидин Аслов гуфта ба мардум муаррифӣ намуданд.

Дуруст аст, ки дар фарҳанги муоширати байни русҳо мавриди хитоб қарор додани кас бо исми худ ва падараш нишони эҳтиром аст, аммо агар дар асл Президенти Тоҷикистон, ки расман пасванди “ов”-и русиро аз насабаш ҳазф карда бошад, пас чиро ин дӯстони наздикаш дар чунин рӯзе ҳамакаса ӯро бо истифода аз “вич”-и русӣ мавриди хитоб қарор додаанд?  

Амруллоҳи Низом

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошту латтукӯби сахти муҳоҷирон аз сӯи ОМОН-и Русия

Рӯзи 2-юми октябр дар шаҳри Новосибрски Русия нерӯҳои вежа ё ОМОН бо хушунат вориди анбори ширкати ''ОЗОН'' шуда, муҳоҷирони кориро боздошт ва латтукӯб карданд.

Лубнон: Як рӯз пеш аз террори Ҳ.Насруллоҳ ба оташбас мувофиқат шуда буд

Вазири корҳои хориҷии Лубнон ҷузъиёти тозаеро аз ҳодисаи террори Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" фош кард.

Боздошти як тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми узвият дар ДИИШ

Мақомоти Толибони Афғонистон аз боздошти 3 узви ДИИШ хабар доданд, ки яке аз онҳо шаҳрвнади Тоҷикистон гуфта мешавад.

Боздошти як муҳоҷири 45-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду мардеро бо иттиҳоми тирандозӣ дар бозори "Олимпия" боздошт кардаанд.