13.9 C
Dushanbe

Кӣ ва чаро дар ноҳияи Ашт аз ҳар талаба 50 сомонӣ мегирад?

Дар баъзе мактабҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд солона аз ҳар хонандаи мактаб то 50 сомонӣ барои фонди мактаб талаб мекунанд. Ҳар ки сарпечӣ кард, ба мақомоти интизомӣ даъват мешавад.

Мактаби №40 ҷамоати Понғозии ноҳияи Ашт

Як сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки нахост номаш фош шавад, дар тамос ба Аздо тв гуфт, ки шуруъ аз соли 2018 дар аксар мактабҳои ноҳия, аз ҷумла мактаби миёнаи №40 ҷамоати мазкур қонуне ҷорӣ шудааст, ки “Виснон” гуфта мешавад, ҳар талабаи мактаб маҷбур аст моҳона 5 сомонӣ ва то охири соли хониш 50 сомонӣ барои фонди мактаб пардохт кунад.

Ин ҳамсуҳбати мо афзуд, ки мактаби миёнаи №40, ки аз ҳама бештар ин навъи пардохти иҷбориро талаб мекунанд, хеле дар ҳолати бади меъморӣ қарор дорад ва тамоми мизу курсии он аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст ва дар ҳолатҳои изтирорӣ хеле хатарнок аст. Ва ин маблағе, ки аз хонандагон мегиранд, ба таъмири мактаб сарф намешавад.

Ба гуфтаи манбаъи Аздо тв, директори мактаби №40 ҷамоати Понғоз Аҳмар Марасулов ҳамроҳи чанд нафари дигар аз масъулони маорифи ноҳия мактабро ба макони тиҷорат табдил додаанд. Ӯ мегӯяд, ҳар гоҳе дар долони мактаб телевизион монда, наворҳое, ки ба синну соли хонандагон муносиб нест, ба монанди терроризм, ҷанги солҳои 90-ум ва ғайраро мегузоранд ва аз ҳар талаба барои тамошои он маҷбурӣ 4 сомонӣ мегиранд.

Вақте филмҳои тавсияшуда аз ҷониби ҳукуматро мегузоранд, ки бештар сиёҳкунии чеҳраи мухолифон ба намоиш гузошта мешавад, “агар тамошо кунед ё накунед фарқ надорад, бояд он маблағ (4 сомонӣ)-ро ҳама хонандагони макбат мукаммал бидиҳанд. Агар рафту волидон розӣ нашаванд, ҳатман дар назди онҳо як коргари 6-ум отдел ҳаст.” – мегӯяд ин сокини ҷамоати Панғоз.

Инчунин манбаъ афзуд, ки вақте аз масъулони мактаб мепурсад, ки будҷаи мактаб бояд аз тарафи давлат таъмин шавад, чаро аз хонандагон мегиред, дар ҷавоб мегӯянд, “аз будҷаи давлат барои мо як тин ҷудо намешавад”.

Масъулон иброз доштаанд, ки ҳар вақт аз дигар мақомот барои тафтиш меоянд, ба ҳар кадоми онҳо то 1500 сомонӣ маблағ додан лозим мешавад, ки мактаб ин будҷаро надорад ва маҷбур аст аз хонандагон онро ҷамъ кунад.

Дар охир ҳамсуҳбати Аздо тв иброз дошт, ки “Мо волидон чӣ кор кунем, кор нест, маҷбурем ин кишварро тарк кунем. Вақте дар 30 сол як корхона сохта нашудааст, боз кай мешавад?”

Талошҳои Аздо тв барои пайдо кадани рақамҳои телефони диретори мактаби №40 Аҳмар Марасулов ва масъулони маорифи ноҳия барои суҳбат ва шарҳи қазия бенатиҷа буд. Дар ин маврид агар назари онҳо дастарс шуд, ҳатман нашр хоҳем кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.