30.9 C
Dushanbe

Як марди 39-сола бо иттиҳоми қочоқи шираи камол дастгир шуд

Сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 19-уми августи соли равон як сокини ноҳияи Вахш бо се халтаи бо скоч печонидашудаи шираи камол дар ҳаҷми 160 килограмм дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус дастгир шуд.

“Рӯзи 19-уми августи соли 2020 тахминан соатҳои 21:10-дақиқа, дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи БДА-и Кофарниҳон, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳритус автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, ки ба марди 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи мазкур тааллуқ дорад бо гумони ғайриқонунӣ нигоҳ доштани шираи камол дастгир карда шуд”,- омадааст дар хабари ВКД Тоҷикистон.

Дар Тоҷикистон ин гиёҳ танҳо аз сӯи ширкати “Фароз”, ки ба домоди раисҷумҳур тааллуқ дорад ҷамъоварӣ мешавад, аммо ҷамъовардани он аз тарафи шаҳрвандони оддӣ ҷиноят маҳсуб буда, то кунун чандин нафар бо ин ҷурм аз ҷониби мақомот дастгир шудааст. Онҳое, ки дастгир мешаванд бар зиддашон бо моддаи 77-78-и Қонуни ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда боз мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои...

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои...

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани...

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи...