32.9 C
Dushanbe

Кумаки навбатии БОР ба Тоҷикистон

Бонки Осиёии Рушд (БОР) барои дастгирии кормандони соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон, барои мубориза бо бемории коронавирус (COVID-19) 12 тонна таҷҳизоти муҳофизатии инфиродӣ кӯмак намудааст.

Ба гуфтаи намояндаи БОР дар ҶТ, лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла 22 ҳазор адад либоси ҳимоявии андозаи гуногун, 8 ҳазор адад либосҳои изолятсионӣ ва 175 ҳазор ҷуфт сарпӯшҳову пойафзол аз Камбоҷа оварда шудааст.

Ин нахустин қисми молест, ки аз ҳисоби гранти 928,000 доллараи БОР, ки барои Тоҷикистон дар моҳи июл ҷудо шуда буд, харида шудааст. Таҳвили дуюм ва сеюм қисми кӯмакҳо, дар моҳҳои сентябр ва октябр дар назар гирифта шудааст.

Ин аввалин кумак нест, ки дар давраи пандемияи коронавирус ба Тоҷикистон расонида мешавад. Дар ин давра ба ҳукумати Тоҷикистон барои дастгирии соҳаи тандурустӣ ва буҷаи давлат садҳо миллион доллар аз ҷониби кишварҳо ва созмонҳои молиявии байналмилаллӣ кумак намудаанд. Ба назари коршиносон, на ҳамаи ин кумакҳо дар ҷойҳои даркорӣ масраф мешавад.

Тасдиқи ин гуфтаҳо, шикояти табибон аз нагирифтани маош ё бо либоси тиббӣ таъмин нашудани онҳо мебошад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешуданд. Дар инҷо суол ба миён меояд, ин кумаки навбатии БОР, ки аз либосҳои тиббӣ иборат аст, ба ҳама духтурон тақсим мешавад ва ё мисли пештара мақомот онҳоро ба фурӯш мегузоранд?

Пештар хабарҳое дар мавриди дастгир шудани намояндагони ниҳодҳои гуногун барои фурӯхтани кумакҳои башардӯстона, ки барои мубориза бо COVID-19 равона шуда буданд, расонаи шуда буд. Аммо раиси Оҷонсии мубориза бо фасод, Султонзода Сулаймон Саид 27 июл дар нишасти матбуотии ниҳодаш ин хабарҳоро рад кард.

Дар аввали эълони пандемия дар Тоҷикистон бо вуҷуди расидани кумакҳо барои табибон аксари онҳо корпартоӣ карда буданд. Аз баъзе ноҳияҳои кишвар хабар мерасид, ки пизишкон ба хотири надоштани либосҳои муҳофизатӣ ба кор намерафтанд.

Ба гуфтаи онҳо либосҳои муҳофизатии махсуси табибон бо нархҳои аз 150 то 250 фурӯхта мешуд, ки ин барои онҳо гаронӣ оварда буд. Дар аксу наворҳои нашршуда дида мешуд, ки табибон ҳангоми ҳузур дар назди беморон аз надоштани либос пойҳои худро бо халтачаҳои селофанӣ мепечонданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Латтукӯби муҳоҷирон ва ба маконҳои номаълум бурдани онҳо идома дорад

Чанд рӯзи ахир боздошт ва латтукӯби муҳоҷирон, бахусус муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби нерӯҳои амниятӣ ва интизомии Русия бештар шудааст.

Рафту омад дар роҳи Душанбе-Хуҷанд маҳдуд шуд

Шуруъ аз имрӯз, 1-уми июни соли ҷорӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ барои рафту омади мошинҳо маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Эълони ҳукми зиндони сарбозоне, ки наваскаронро латтукӯб карданд

Чанд сарбозе, ки дар як навор навсакаронро бераҳмона латтукӯб мекарданд, ҳамаи онҳо равонаи зиндон шуданд.

Сафорат боздошти муҳоҷирон дар Митиноро шарҳ дод

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30-уми майи соли ҷорӣ пас аз боздошти беш аз 150 муҳоҷири корӣ, ки дар расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ бозтоби густарда ёфт, шарҳ дод.