#БашорАсад

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Сурия

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон барои мардуми зарардида аз заминҷунбиҳо дар Сурия ба дасти мақомоти масъул дар ин кишвар расонида шуд.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми дирӯз, 21-уми феврали соли 2023 кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон иборат аз 55 тонна маводҳои зарурӣ ба мардуми зарардида аз заминҷунбиҳои ахир дар Сурия ба дасти мақомоти масъул расонида шуд.

Ба қавли манбаъ, ин кумакҳо "иборат аз маводди ғизоӣ, пӯшока, кати хоб, лавозимоти тиббии аввалиндараҷа ва дигар ашёи зарурӣ дар маҷмӯъ 55 тонна тариқи ду ҳавопаймо ба Димишқ расонида шуд."

Гуфта мешавад, пеш аз ин 18-уми феврали соли ҷорӣ сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода, ки ҳамзамон сафири кишварамон дар Сурия ҳаст, дар мулоқот бо Башшор Асад, президенти ин кишвар дар бораи ирсоли кумакҳои башардӯстона хабар дода буд.

Аз сӯи дигар, хеле аз фаъолони Сурия иддао доранд, ки чун аксар мардуми зарардида аз ин заминҷунбиҳои ахир дар минтақае щастанд, ки зери нуфузи мухолифон қарор дорад, хеле аз кумакҳо ба дасти осебдидагон намерасанд, балки дар бархе аз ин кумакҳо дуздида шуда, дар бозорҳои Димишқ фурӯхта мешаванд.

Хонандагони азиз, лутфан, ҳар хабару гузоришеро, ки мушоҳида мекунед ва ё пешниҳоду суоле доред, метавонед онро ба мо, тариқи почтаи электронӣ, Telegram, WhatsApp, Viber ва Imo ба ин рақам:

Матолиби дигари #БашорАсад

Ҷаҳон

Кумакҳои Салиби Сурх ба Сурия ва шартҳои Башор Асад