7.9 C
Dushanbe

Кумитаи дин даҳҳо зоири тоҷикро саргардон кардааст

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросми Тоҷикистон, ки фиристодани зоирони кишвар дар мавсимҳои Ҳаҷҷи фарзӣ ба Арабистони Саудиро солҳо боз дар инҳисори худ гирифтааст, даҳҳо зоири кишварро саргардон кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, рӯзи 22-юми июни соли ҷорӣ даҳҳо нафар аз зоирони тоҷикистонӣ, ки ҳама талаботи Кумитаи динро дар бораи ин сафар иҷро карда, пули сафарро ҳам пардохт кардаанд, дар назди бинои ин кумита дар шаҳри Душанбе таҷаммуъ кардаанд.

Ба қавли расонаҳо, ин таҷамуъкунандаҳо, ки қарор буд, дар рӯзҳои гузашта озими Арабистони Саудӣ шаванд, панҷ рӯз инҷониб дар шаҳри Душанбе сарсону саргардонанд. Онҳо то ҳол намедонанд, ки чӣ вақте масъулини Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба онҳо рӯзу соати сафарашонро мушаххас мекунад.

Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин дар шарҳи ин таҷаммуи эътирозгарони саргардон дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтааст, ба сабаби таъхир уфтодани як чанд парвози ширкати “Flynas” чунин мушкиле пеш омадааст: “Ин омил то ҷое боис ба нигаронии мардум гардид. Онҳо андаке хавотир шуданд ва тавре мебинед имрӯз паси дари мақомоти ваколатдор қарор доранд то муайян кунанд, ки кай онҳо ё наздиконашон ба сафари Ҳаҷ мераванд,”

Гуфта мешавад, нархи хидматрасониҳои Ҳаҷ-2023 дар Тоҷикистон яке аз нархномаҳои гаронтарин дар минтақа буда, ба сурати расмӣ 5350 доллар муодили 59 ҳазор сомонӣ муайян шудааст, вале бархе корбарон мегӯянд, ки мақомоти маҳаллӣ дар ноҳияҳо бар иловаи пардохти ҳатмии 59 сомонӣ ҳазорҳо сомонии дигар бо баҳонаҳои мухталиф аз зоирон ситонидаанд.

Барои мисол, корбаре бо номи Раҳматҷон Мирбобоев гуфтааст: “Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муовини раиси ноҳия Акбар Юсуфӣ ғайр аз 59 000 сомонӣ боз 10 000 сомонӣ ҷамъ карда, баҳонаи ободӣ гуфта, ягон маълум нест пул куҷо рафт, албатта мардум даъво мекунанд, де.” Хеле аз корбарони дигар низ шаффофият дар ин корҳои кумитаи динро зери суол бурда, Ҳамид Ҳабибов ҳам пурсида, “пули ҳамин бечораҳоро ҳам кадоме хурд, чӣ?”

Бо вуҷуди он, тибқи як қарори қаблии Кумитаи дин имрӯз, 23-уми июни соли ҷорӣ муҳлати сафарбар кардани зоирони тоҷикистонӣ ба Арабистони Саудӣ ба поён мерасад, ҳанӯз масъулини ин кумита ба зоирони саргардон иттилоъ надодаанд, ки исми онҳо дар феҳристи зоирон кай сабт карда мешавад?

Дар давлатҳое, ки инсон ҳамчун шаҳрванд ҳуқуқ дорад ва ҳукумати кишварҳо низ муваззаф ҳастанд, ки ҳуқуқ ва озодиҳои сокинонро таъмин кунанд, барои ҳар дақиқа дар таъхир узрхоҳӣ мекунанд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва дигар ширкатҳои масъул ҳам барои ҳар як рӯзи таъхир дар парвозҳо барои мусофирон ҷуброни зарар ҳам пардохт мекунанд.

Аммо дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон, ки зери раҳбарии як низоми худкома аст, Кумитаи дин, ки ба намояндагӣ аз ҳукумати кишвар сафарбарии ин зоиронро дар ихтиёр дорад, ҳадди ақал ба онҳо иттилои дуруст ва саривақтӣ ҳам намедиҳад. Ин кумита намегӯяд, ки кай ва кудом соат онҳо ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд. Дар бораи таъмини ин мусофирон ба ҷои хоби муносиб, ғизои гарму солим ва дигар ниёзҳои ин мусофирони саргардон Кумитаи дин, ки пули онҳоро гирифтааст, ҳеч иттилое надодааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.