Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) дар як баёнияи худ аз озору шиканҷа ва ба “картсер” интқол додани Абдуқаҳҳори Давлат — рӯзноманигор ва узви Раёсати Олии ҲНИТ дар зиндон изҳорӣ нигаронӣ намуда, аз ҳукумат талаб намудааст то даст аз шиканҷаи ӯ бардоранд.
Акс: ИнтернетҲамчунин дар ин баёния Кумита аз созмонҳои ҳуқуқи башар, созмони дифоъ аз рӯзноманигорон даъват намудааст, то аз мақомоти Тоҷикистон бихоҳанд, даст аз шиканҷаи зиндониён бардорад ва ба ҳамаи меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи зиндониён пойбанд бошад.
Акс: ИнтернетЁдовар мешавем, ки Абдуқаҳҳори Давлат, рӯзноманигор ва узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (РО ҲНИТ)-ро дар рӯзҳои аввали моҳи октябр пас аз шиканҷа дар зиндони нави шаҳри Ваҳдат ба “картсер” интиқол доданд.