7.9 C
Dushanbe

Лаҳистон як тоҷики дигарро бо иттиҳоми терроризм ихроҷ кард

Яцек Добржинский, сухангӯи вазир ва ҳамоҳангкунандаи Хадамоти вежаи Лаҳистон дар Х (собиқ твиттер) аз ихроҷи як шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми узвият дар ДИИШ хабар дод.

Хадатоми амнияти дохилии Лаҳистон бо нашри баёнияе гуфт, ки рӯзи 11-уми апрели соли 2024 бо дархости раиси Хадамоти амнияти дохилӣ шаҳрванди Тоҷикистон, узви созмони террористии “Давлати исломӣ”, ки аз тариқи Интерпол дар ҷустуҷӯ қарор дошт, аз Лаҳистон ихроҷ карда аст ва барои 10 сол ҳақи вуруд ба Аврупоро надорад.

Дар идомаи баёнияи ин ниҳод омадааст, ки фарди боздоштшуда бо ном ва санадҳои ҷаълӣ дар маркази муҳоҷирин пинҳон шуда буд ва Амнияти Лаҳистон муайян кард, ки ӯ чанд соли охир дар фаъолиятҳои террористӣ машғул будааст ва ҳамчунин бо аъзои гурӯҳи Давлати исломии Хуросон, ки бо гумони омода кардани ҳамлаҳои террористӣ дар дигар кишварҳои аврупоӣ таҳти тафтиш ва пайгард қарор доранд, иртибот дошт аст.

Яцек Добржинский мегӯяд, ин шаҳрванди хориҷӣ бо парвози вежае аз Лаҳистон ба Тоҷикистон интиқол дода шуд ва Нерӯҳои марзбонии Лаҳистон ин амалиётро анҷом додаанд.

Ин ниҳоди амниятии Лаҳистон ҳувияти фарди ихроҷшударо фош накардааст, аммо як манбаъ дар тамос ба Azda tv гуфт, ки фарди ихроҷшударо мешносад ва аз ӯ Ш. У. ном бурд ва ба гуфти манбаъ, ин шаҳрванди Тоҷикистон 32 сол дошта, соҳиби ду фарзанд аст.

“Дар ҳақиқат ӯ баъд аз ҳамлаи Русия ба Украин ҳамроҳи зану ду кӯдакаш аз ин кишвар ба Лаҳистон фирор кард, вале бо номи ҷаълии А. У.. Аммо чун номи ҳамсараш дар ҷустуҷӯи Интерпол буд, дар марзи Лаҳистон боздошташ карданд ва баъд аз як муддат ҳамсараш ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, вале худи ин мард бо гузашти наздик ба ду сол инак аз Лаҳистон ихроҷ ва ба дасти мақомоти Тоҷикистон супорида шуд.”- гуфт манбаъ.

Ин дарҳолест, ки дирӯз Azda tv аз ихроҷи як паноҳҷӯи дигари тоҷик аз Лаҳистон хабар дода буд. Манобеи мо аз ин шаҳрванди Тоҷикистон Фарух Икромов номбурданд. Ба иттилои манобеъ, ин мард 36 сол дошта, соҳиби ду фарзанд буд ва соли 2016 ба кишвари Лаҳистон паноҳанда шуда буд, вале то имрӯз ин кишвари аврупоӣ ба ӯ ҳуҷҷати паноҳандагӣ надод.

Таҳқиқи Azda tv мушахаст кард, ки дар ҳақиқат рӯзи 12-уми апрел як ҳавопаймои хурди Нерӯҳои ҳавоии Лаҳистон бо парвози PLF044 шаҳри Краковри Лаҳистонро ба мақсади Тиблиси тарк карда ва баъд аз тавақуфи кӯтоҳ парвозашро ба самти Тоҷикистон идома дода ва дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе нишастааст.
Маълум нест, ки ин ду шаҳрвнади ихроҷшудаи Тоҷикистон бо ин парвоз интиқол дода шудаанд ё на, вале ғайбзадани онҳо бо ин парвоз ҳамзамон аст ва ҳамчунин маълум нест, ки ғайри ин ду нафар боз шахсони дигаре дар ин парвоз ҳамроҳашон будаанд ё на.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.