27.9 C
Dushanbe

Латтукӯби як зан аз ҷониби раиси хоҷагии деҳқонӣ

Наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, ки вокуниши зиёди корбаронро ба бор овардааст. Дар он дида мешавад, як мард бо як зан дастбагиребон шуда, ӯро латтукӯб мекунад.

Ба иттилои корбарон, ин мард як заминдор ё раиси хоҷагии деҳқоние дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон буда, ба сабаби он ки гови он зан ба киштзори пахтаи ӯ ворид шудааст, бо зан дармеафтад ва ӯро чанд мушту лагад мезанад.

Маълум нест, ин навор кай сабт шуда ва ин ҳодиса дар кадом деҳаи ноҳияи Фархор рух додааст.

Аммо корбарон дар зери ин навор вокунишҳои гуногун доштаанд. Бархе мардро гунаҳкор дониста, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати корҳои дохила дар ноҳияи Фархор дархости боздошт ва муҷозоти ӯро талаб мекунанд. Вале бархе дигар, худи занро гунаҳкор ҳисобида, мегӯянд, ӯ бадрафтор аст ва бояд говашро нигоҳ мекард, то ба замини дигарон ворид нашавад.

То ҳол шуъбаи ВКД дар ноҳия Фархор ба вокуниши корбарон посухе надодааст.

Ба гуфтаи бархе сокинони деҳот, чунин ҳодисаҳо дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ба кишти пахта ва ё дигар маҳсулоти деҳқонӣ машғуланд, бисёр рух медиҳад. Ба гуфтаи як сокини ноҳияи Фархор, “баъзан мешавад, соҳиби гову гӯсфанд айбдор аст, чун ба сабаби бетаваҷҷуҳӣ ба ҳайвонот ҳангоми чаро, онҳо вориди зироати мардум шуда, заҳматҳои чандмоҳаи як деҳқонро хароб мекунанд. Ва баъзан соҳиби замин низ бадрафторӣ нишон дода, ба андак айбе ҷанҷоли калоне барпо мекунад.”

Ӯ мегӯяд, одатан ба чунин ҳодисаҳо мақомоти интизомӣ дар ноҳияҳо камтар дахолат мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.