13.9 C
Dushanbe

Маҳмурод Одинаев ба 14 соли зиндон маҳкум шуд

Имрӯз 28-уми январ Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси ҲСДТ-ро ба 14 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба навиштаи Радиои Озодӣ додрас Маҳмурод Одинаевро ба авбошӣ ва даъвати ом ба ифротгароӣ гунаҳкор донист, аммо худи ӯ ин ҳукмро напазируфт ва дар толори мурофиа гуфт, “Худо ҳаст”.

Гуфта мешавад, писараш Ҳабибулло Ризоевро, ки айбдоркунандаи давлатӣ барояш 4 соли зиндон талаб карда буд, ба пардохти 58 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф карданд. Ӯ низ ба авбошӣ айбдор шуд, вале худаш аз оғоз ин иттиҳомро рад мекард.

Пештар дар Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ айбдоркунандаи давлатӣ ба Маҳмурод Одинаев 15 соли зиндон талаб карда буд .

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ ба Маҳмурод Одинаев, ки 59 сол дорад тибқи моддаи 237, яъне авбошӣ 6 сол ва тибқи моддаи “даъвати ом ба ифротгароӣ” 9 сол зиндон хостанд. Мақомот далели боз шудани парвандаи “авбошӣ”-ро ба ҳодисаи 29-уми октябри соли гузашта дар назди Комиссариати ҳарбии Ҳисор пайванд додаанд, аммо дар бораи “даъвати ом ба ифротгароӣ” ва бо кадом сабаб ин модда ба парвандаи муовини раиси ҲСДТ зам шудааст, чизе нагуфтаанд.

Ба гуфтаи наздиконаш дар мурофиаи додгоҳии аввал, ки рӯзи 25-уми январ баргузор гардида буд, Маҳмурод Одинаев, ҳарду иттиҳомро беасос номидааст. Дар мурофиаи аввал ба ҳамсари Маҳмурод Одинаев Меҳрнигор Ризоева муяссар шудааст, ки бо ӯ чанд дақиқа суҳбат кунад. Одинаев дар суҳбат бо ҳамсараш аз он шикоят кардааст, ки биноии чашмаш суст шуда, сутунмуҳрааш осеб дидааст.

Яке аз наздикони Маҳмурод Одинаев, ки нахост номаш зикр шавад дар суҳбат бо “Аздо тв” шиканҷа шудани Одинаевро тасдиқ кард. “Ба дараҷае, ки одамро намешиносад дигар, ҳатто хотираашро гум кардааст”. Ӯ гуфт, ки қабл аз мурофиа Одинаевро бардошта овардаанд, худаш хуб роҳ гашта наметавонистааст. Инчунин гуфт, ки сутунмуҳраи Одинаев аз сабаби шиканҷаи зиёд осеб дидааст. Одинаев ба наздиконаш гуфтааст, агар маро аз инҷо набароред мурдаамро мебароред.

Аммо то ҳол мақомот дар бораи шиканҷа шудан ва ё нашудани Маҳмурод Одинаев расман чизе нагуфтаанд.

Худи Маҳмурод Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Ӯ пеш аз боздошт мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва моҳи ноябри соли 2020 дар саҳифаи фейсбукиаш мардумро ба тазоҳурот даъват карда буд.

Ӯро пас аз даъвати гирдиҳамоӣ ба шӯъбаи ВКД-и шаҳри Ҳисор даъват карданд ва ба гуфтаи пайвандонаш баъд аз ҳозир нашудани Одинаев ба шӯъбаи ВКД-и Ҳисор ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд.

Ду писари Маҳмурод Одинаевро низ додситонии шаҳри Ҳисор ба авбошӣ муттаҳам кардааст. Додситонии Ҳисор Ҳабибулло Ризоевро бо иттиҳоми ҳаракатҳои барқасдона барои нишон додани муқобилият ба кормандони интизомӣ тибқи моддаи 237, қисми 2, бандҳои “б” ва “в” (авбошӣ) айбдор кардааст.

Пайвандони Ҳабибулло Ризоев пештар гуфта буданд, ки ӯ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ аст, аммо парвандааш барои муҳокима ба Додгоҳ фиристода шудааст. Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари дигари Маҳмурод Одинаев низ бо ҳамин иттиҳом дар боздошт қарор дорад.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дошт. Ӯ вақтҳои ахир аз фишори мақомот алайҳи худу хонаводааш бисёр мегуфт. Фаъолону мухолифон боздошту эълони иттиҳом бар зидди Маҳмурод Одинаев ва писаронашро тарҳрезишуда меноманд, ки бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд.

Баъд аз боздошти Маҳмурод Одинаев ва пизаронаш ҳамсари собиқаш бо нашри наворе ба Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ муроҷиат намуда, гуфта буд, ки се фарзанди ман дар зиндон аст, магар ман онҳоро барои зиндонӣ шудан таваллуд кардаам.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.