1.9 C
Dushanbe

ВКД нисбати ҳодисаи лату кӯби фарзанди Маҳмурод Одинаев парванда боз кардааст

Акс аз саҳифаи Одинаев Маҳмурод

Имрӯз 7-уми октябр Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боз шудани парвандаи ҷиноятӣ нисбати ҳодисаи лату кӯб шудани фарзанди муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаев бо моддаи 237 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) хабар дод.

Вазорати корҳои дохила Муҳмуродро шахси дар ҷомеа ҳамучун “моҷароҷӯ” унвон карда, навиштааст, ки иддаоҳояш нисбати лату кӯб шудани фарзандаш, Ризоев Шайхмуслиҳиддинро, ки шоми 4-уми октябри соли равон рух дод, тобиши сиёсӣ дода ва онро иғвои навбатии Одинаев ном бурдааст.

Вазорат дар изҳороти худ менависад, ки Одинаев борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳо пахш кардааст, ки ҳақиқат надоштаанд. Инчунин хабари ахире, ки дар хусуси дастгир шудани як ҷавони бемори рӯҳидошта аз ҷониби кормандони Амнияти Ҳисор барои хидмати ҳарбӣ ишора намуда, мегӯяд, ҳақиқат надорад.

Наворҳои Одинаевро, ки аз мушкилоти воқеии ҷомеа Тоҷикистон аксбардорӣ мешаванд ва бо мақсади расондани садои муҳтоҷон ба гуши мақомот аз ҷониби Одинаев дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, Вазорат дар изҳороташ онҳоро “бофтану паҳн намудани маводи бардурӯғ, иғвоангез бар зидди сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” донистааст.

Ба гуфтаи коршиносон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзона даҳҳо навор аз мушкилоти ҷомеа аз сӯйи корбарон паҳн мешаванд, ки одатан на бо мақсади иғвоангезӣ, балки бо мақсади нашри воқеият ва огоҳ намудани ҷомеа, хусусан мақомот гуфта мешаванд, ки то онҳо ба мушкилоти мардум расидагӣ кунанд ва касе низ чунин маводро ғаразнок унвон накардааст.

ИЗҲОРОТИ ВКД:

Изҳороти Маркази матбуоти ВКД

Вазорати корҳои дохилӣ вобаста ба қазияи шаҳрванд Одинаев Маҳмурод Шарифович, соли таваллудаш 1962, зодаи деҳаи Боғаки ноҳияи Рӯдакӣ, сокини деҳаи Ҳаёти нави ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки оилаи носолим дошта, дар ҷомеа ҳамчун шахси моҷароҷӯ шинохта шудааст ва пайваста ба бофтану паҳн намудани маводи бардурӯғ, иғвоангез бар зидди сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ машғул мебошад. Аз ҷумла:

– нисбат ба номбурда соли 2012 аз тарафи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ бо моддаи 112 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон («қасдан расонидани зарари сабук ба саломатӣ») парвандаи ҷиноятӣ №2931/13 оғоз карда шудааст.

– писараш Ризоев Суннатулло Маҳмуродович, соли таваллудаш 1987, санаи 15-уми январи соли 2009 аз ҷониби ШВКД дар ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардида, нисбаташ бо моддаи 110 қисми 3 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси фавти ҷабрдида гардидааст) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ ба муҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум карда шудааст. Айни замон дар Муассисаи ислоҳии №3/3 СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо менамояд.

– моҳи январи соли 2020 тавассути мухбири радиои «Паём.нет» дар шабакаи интернетии «Феесбук» хабари дурӯғ ва туҳматомезеро паҳн карда буд, ки гӯё аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия писараш Одинаев Ҳоҷиакбар Маҳмуродович, соли таваллудаш 2000, рабуда шудааст. Дар ҳамин ҳолат, як рӯз баъд маълум гашт, ки писараш Одинаев Ҳ.М. бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои буду боши шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия ба муддати 10 шабонарӯз боздошт гардидааст.

-марги муқаррарии модараш Ҳабибуллоева Муҳаббатро, ки 27 сентябри соли 2020 дар синни 83 солагӣ вафот кард, тобиши сиёсӣ дода, дар байни атрофиён овоза паҳн намуд, ки аз тарси эҳтимолияти боздошти писараш (яъне худаш) аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон вафот кард.

-Одинаев М. санаи 5-уми октябри соли 2020 тариқи сомонаи моҷароҷӯи «Паём.нет» видеороликеро паҳн кард, ки гӯё аз ҷониби мақомоти амниятӣ шаҳрванд Ҳакимов Алиҷон Ҷумъаевич (соли таваллудаш 2002, сокини деҳаи Чашмаи Моҳиёни ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор) барои сафарбар намудан ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ боздошт шудааст, ки мубталои бемории рӯҳӣ мебошад. Ин хабар комилан бардурӯғ буда, танҳо барои паст намудани обрӯ ва манзалати мақомоти амниятӣ бофтаву пахш гардидааст. Зеро даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амният иртиботе надорад.

– паҳн кардани овозаҳо дар шабакаҳои интернетӣ вобаста ба лату кӯбӣ писараш Ризоев Шайхмуслиҳиддин шоми 4-уми октябри соли равон дар назди тарабхонаи «Шоми Шӯроб»-и деҳаи Шӯроби авғони ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор ва тобиши сиёсӣ додани ин ҳодиса, иғвои навбатии Одинаев М.Ш. мебошад.

Писараш дар ҳолати сархушӣ бо дигар муштариёни тарабхона муноқиша намуда, мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.

Мувофиқи санади тиббӣ-судӣ таҳти №867, аз 06.10.2020, номбурда ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ ба саломатӣ бардошта, худи Ризоев Ш. аз хулосаи ташхиси тиббӣ-судӣ огоҳ мебошад.

Оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 6-уми октябри соли 2020 бо моддаи 237 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ таҳти №37896 оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад.

Тафсилоти баррасии парвандаи ҷиноятӣ баъди анҷом ёфтани тафтиши пешакӣ расонаӣ карда мешавад.

Маркази матбуоти ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Сурия чӣ мегузарад? Ва авзоъ дар Ғазза чӣ гуна аст?

Мухолифони мусаллаҳи Башшор Асад шоми рӯзи 5-уми декабр эълон карданд, ки шаҳри Ҳамои Сурияро аз дасти нерӯҳои Башшор озод карданд.

Интиқоди Раҳмонов аз додрасҳои таъйинкардааш

Президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии ахираш кори низоми додгоҳии кишварро интиқод кард.

Мушкилоти беобӣ дар Бохтар ва Данғара ҳал мешавад?

Мақомоти Тоҷикистон аз Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои беҳтар намудани низоми обтаъминкунӣ дар кишвар грант дарёфт кард.

Кунгураи Амрико: COVID-19 вабои табиӣ набуд

Палатаи қонунгузорони Кунгураи Амрико пас аз таҳқиқи дусола дар бораи пайдоиши вабои COVID-19 дар ҳаҷми 520 саҳифа гузориш таҳия кардааст.