27.9 C
Dushanbe

Мақомот ин дафъ бародари муассиси ҲНИТ-ро боздошт карданд

Мақомоти виояти Хатлон инак нафари сеюм аз хонавода ва наздикони муассиси ҲНИТ ва раиси Комиссияи оштии миллии Тоҷикистон марҳум Саид Абдуллоҳи Нуриро боздошт карданд.

Нуруллоҳ Саидов, бародари марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ рӯзи душанбе 14 март аз ҷониби мақомоти вилояти Хатлон боздошт шуд. Мақомот сабаби боздошти Саидовро то ҳол шарҳ надодаанд, аммо наздиконаш мегӯянд, ӯ ба дарёфти маблағ аз хориҷа муттаҳам мешавад.

Боздошти Нуруллоҳ Саидов дар ҳолест, ки мақомоти интизомии вилояти Хатлон охири моҳи январ бародарзодаи марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ, Нусратуллоҳ Саидов ва ҳафтаи пеш бародарзодаи дигараш Муҳибуллоҳ Нуриддиновро боздошт карда буданд.

Пайвандони Нуруллоҳ Саидов мегӯянд, ҳарсе боздоштшудагон бо иттиҳоми яксон, “дарёфти маблағ аз хориҷи кишвар” мутаҳҳам мешаванд. Ба иддаои наздикони боздоштшудагон, дарёфт кардани маблағ аз наздикони дар хориҷбуда ҷиноят маҳсуб намешавад, чун тамоми сокинони кишвар муҳоҷир доранду моҳона маблағе барои рӯзгузаронӣ дарёфт мекунанд.

Мақомот сабаби аслии боздошти пайвандони марҳум Саид Абдуллоҳи Нуриро шарҳ намедиҳанд. Ин боис шуда, ки ҳадсу гумонҳое дар бораи ин ки “мақомот аз пайвандони марҳум Нурӣ қасд гирифтанро оғоз кардааст”, дар ҷомеа бештар шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳузури 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бар зидди Украина

Беш аз 8 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар сафи артиши Русия қарор гирифта, бар зидди Украина меҷанганд.

Аввалин мулоқоти расмии вазирони хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон пас аз ҳалли мушкилоти марзӣ

Вазир корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамтои қирғизии худ дар шаҳри Бишкек мулоқот кард.

Қатъи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар рӯзҳои гарми тобистон

Дар ин тобистони гармӣ сокинон аз гӯшаву канори кишвар аз маҳдудияти барқ дар кишвар шикоят доранд.

Дар Русия ҳафт навъи пардохти давлатии иловагӣ барои муҳоҷирон ҷорӣ мешавад

Вазорати молияи Русия лоиҳаи қонунеро таҳия кардааст, ки бо қабули он кисаи бе ин ҳам холии муҳоҷирон дар ин кишвар холитар мешавад.