Амри мақомот ба расонарҳо: аз пӯшиши хабарҳои Хоруғ худдорӣ кунед!

Мақомоти Тоҷикистон ба расонаҳои мустақили дохилӣ фишор оварда, амр кардаанд, ки аз пӯшиши ҳаводисе, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад, худдорӣ кунанд.

Хабаргузории “Азия-Плюс” имрӯз, 17-уми майи эълон кард, ки таҳти фишори мақомот қарор гирифта, дигар наметавонад ҳаводиси ВМКД-ро пӯшиш бидиҳад.

“Қабл аз ин,  “Азия-Плюс” огоҳиномаи расмии Прокуратураи генералӣ ва огоҳиҳои ғайрирасмӣ аз ниҳодҳои дигарро дар мавриди он дарёфт карда буд, ки  идораи мо ҳаводиси ВМКБ-ро “якҷониба” инъикос мекунад ва “вазъи кишварро ноором месозад”, омадааст дар хабар.

Ин хабаргузорӣ аз хонандагони худ узрхоҳӣ намуда, гуфтааст, дар сурати идомаи нашри ахбори ВМКБ расонаро хатари баста шудан таҳдид мекунад.

Шуруъ аз дирӯз, 16-уми май вазъ дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Бадахшон шаҳри Хоруғ дигарбора ноором шуд. Мардум бо талаби додхоҳӣ дар маркази шаҳр ҷамъ омадан мехостанд, аммо мақомот бо сокинони ҷамъомада бархурди сахт нишон дод, ки дар натиҷа як сокини осоишта ба ҳалокат расида шаш нафари дигар захмӣ шуд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон субҳи имрӯз 17-уми май расман эълон кард, ки 3 нафар аз асфарони интизомӣ захмӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.