Писари Муҳаммадзариф Саидов, Муҳаммадҷон Саидов, дар як муроҷиати видеоӣ гуфтааст, ки маҳз бо талошҳои падараш ӯро аз мактаби душвортарбия, ки тақрибан як сол боз онҷо буд, барои як рӯз ба хонаашон ҷавоб додаанд.
Ӯ дар муроҷиати худ аз амалкарди падараш изҳори миннатдорӣ намуда, хоҳиш кардааст, ки ӯро аз он мактаби душвортарибия раҳо намуда ба мактабҳои оддӣ гузаронанд то ҳамроҳи ҳамсинфонаш таҳсилашро идома диҳад.
“Падар, ман намехоҳам, ки дигар дар он мактаби душвортарбия бихонам, ман мехоҳам ҳамроҳи ҳамсинфонам дар мактабҳои худамон бихонам”, мегӯяд Муҳаммадҷон
Ёдовар мешавем, ик чанде пеш Муҳаммадзариф Саидов, узви фаъоли ҲНИТ бо муроҷиати видеоие дар шабакаи фейсбук хабар дода буд, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон фарзанди 14-солаи ӯ, Муҳаммадҷон Саидовро ба хотири фаъолиятҳои сиёсии худи Муҳаммадзариф як сол мешавад гаравгон гирифтаанд.
Дар нусхаи хаттии муроҷиати ин фаъоли сиёсӣ, ки ба дасти “Аздо тв” расида буд, гуфта мешуд, фарзанди 14-солаи ӯро маҳз мақомоти қудратии Тоҷикистон, бевосита бо дастури раиси КДАМ ва вазири КДТ барои фишор овардан болои Муҳаммадзариф дастгир намуда, дар як мактаби душвортарбия, ки асосан кӯдакони бероҳаву аз ҷиҳати руҳиву равонӣ носолим ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, маҷбуран нигаҳдорӣ мекунанд. Ва намегузоранд, ки аз онҷо ба ҷои дигаре биравад.
Ба гуфтаи ин фаъоли сиёсӣ, ин ҳама фишорҳо ба хотири хомӯш кардани ӯ роҳандозӣ шудааст. Ӯ дар он муроҷиаташ аз тамоми созмонҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла созмонҳои ҳуқуқи кӯдак хоста буд, ки ба қазияи ӯ дахолат кунанд то мақомоти Тоҷикистон фарзанди ӯро раҳо кунанд, зеро кӯдак аз ҷиҳати ҷисмию равонӣ нуқсе надорад, ки дар чунин мактабҳо ба таҳсил фаро гирифта шавад.
Баъд аз баста гардидани ҲНИТ дар кишвар ва зиндонӣ шудани шуморе аз аъзоёни он, як қисме аз онҳо бар асари таъқибу озори мақомот ба давлатҳои аврупоӣ паноҳ бурданд. Аз он ҷо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол шуданд, ки ин боис шуд мақомоти амниятии кишвар барои хомӯш кунондани онҳо фишорро болои хонаводаҳояшон бештар кунад. Ва чанд ҳафтаи ахир хабарҳо дар бораи дастгиршудану мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтани собиқ аъзоёни ин ҳизб зиёд нашр мешавад.