27.9 C
Dushanbe

Ғалабаи Марокаш дар бозӣ бо Испания ҳамаро шигифтзада кард

Дирӯз, 06-уми декабр дар давлати Қатар бозиҳои ниҳоии даври 1/8 финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 миёни мунтахабҳои Марокашу Испания ва Португалияву Швейтсария баргузор гардид.

Бозии аввал миёни мунтахабҳои Испания ва Марокаш баргузор гардида, мухлисон ва коршиносони соҳаи футбол дар ин вохӯрӣ бартариятро ба Испания дода буданд. Аммо мағрибиҳо тавонистанд дар баробари испониёиҳо истодагарӣ кунанд ва қисми асосиву иловагии бозиро мусовӣ анҷом диҳанд.

Дар силсилаи пеналтӣ бозигарони мунтахаби Марокаш, асосан дарвозабони он Ёсин Буну дар баробари бозигарони Испания бартарият нишон дода, ҳарифи худро бо ҳисоби 3:0 шикаст дода, нахустин бор ба даври ¼ финали Ҷоми ҷаҳон роҳхат пайдо карданд.  

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 тими Испания низ дар марҳилаи 1/8 финал аз тими Русия дар силсилаи пеналтӣ мағлуб шуда буд. Он замон дар лаҳзаи халкунанда Игор Акинфеев зарбаи Яго Аспасро бо пояш баргардонда буд.

Мунтахаби Марокаш дар даври  1/4 финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 бо мунтахаби Португалия, ки Швейтсарияро бо ҳисоби 6:1 шикаст дод, бозӣ мекунанд.

Дар ин бозӣ ҳамлагари 21-солаи португалӣ Гонсало Рамуш, ки дар ҷойи Криштиану Роналдо бозӣ мекард, ба дарвозаи Швейтсари се гол зад. Голҳои дигарро бозигарони португалӣ Пепе, Рафа Геррейру ва Рафаэл Леау заданд.

Голи ягонаро аз Швейтсария дар дақиқаи 58-уми бозӣ  ҳимоятгар Мануэл Аканҷӣ зад.

Дар даври ¼ финали Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022, Ҳолланд бо Аргентина, Хорватия бо Бразилия, Англия бо Фаронса ва Португалия бо Марокаш бозӣ мекунанд.

Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар далати Қатар аз 20-уми ноябр оғоз шуда, финали қаҳрамонӣ рӯзи 18-уми декабр дар Варзишгоҳи миллии Лусаил, ки дорои 80 ҳазор ҷойи нишаст барои тамошобинон аст, баргузор хоҳад шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Қазоқистон беш аз 310 ҳазор қурбонии сиёсиро сафед кард

Қазиқистон ҳам мисли хеле дигар аз кишварҳои собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ қурбониёни сиёсии даврони столниашро сафед кард, Тоҷикистон чӣ?

HRW дар нома ба Байден аз нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ гуфт

Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) бо нашри изҳороте аз Ҷо...

Таҳдид зиндон барои навиштани “Ҷумъа муборак” дар Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон аз ин ба баъд ирсоли паёмаки "Ҷумъа муборак"-ро дар Тоҷикистон ҷурм дониста, барои он то ҷарима ва ҳатто ҳабсро пешбинӣ кардаанд.

Сохти беш аз 100 дидбонгоҳи марзии ҷадид

Толибон дар марз байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он зиёда аз 100 дидбонгоҳи марзии нав сохтанд.