Масхараи Толибон аз расиҷумҳури Эрон: Як бушкаи об тақдиматон, ҳамла накунед!

Яке аз мақомҳои шинохтаи Толибон бо нашри видеое дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор додани раисҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисиро ба тамасхур мегирад.

Генерал Мубин, собиқ сухангӯи пулиси Толибон дар Кобул наворе дар шабкаҳои маҷозӣ нашр кард, ки дар он як бушкаи зардро пур аз об карда, дар хитоб ба Раисӣ мегӯяд: “Ин бушкаи обро бигир ва ҳамла накун, таҳдид накун, боз мо метарсем.”

Ӯ дар ин навор масхараомез мегӯяд: “Раисҷумҳури Эрон ихтор дода, ки об надодӣ мо ҳамла мекунем. Дар Ҳелманд об нест, мо аз Лугари шариф барояш оби пок мебарем. Ахтор надеҳ, мо метарсем боз, ина як бушка ба хидмататон аст. Оқои Раисҷумҳури Эрон ина ҳамин вазъи мо ҳаст, ҳамла накун, об нест. Инамин як бушкаро ман бароят меорам.“

Гуфта мешавад, Толибон дар ҷанг бо давлатҳои пешини Афғонистон аз ин зарфҳои обгири зард (бошкаҳои 20-литра) дар ҳамлаҳои маргбори инфиҷорӣ истифода мекарданд.

Ин тамасхури Толибон пас аз он нашр мешавад, ки расиҷумҳури Эрон рӯзи панҷшанбе ба вилояти Систону Балучистони Эрон сафар кард ва онҷо ба Толибон ҳушдор дод, обе, ки бояд ба ин вилоят бирасад, Толибон аз саргаҳи об онро бастаанд ва афзуд, ки бояд раҳбарони имрӯзаи Афғонистон оби ҳаққи мардуми Эронро бидиҳанд ва онро набанданд. Ӯ таъкид кард, ки Толибон бояд ҳушдори ӯро ҷиддӣ бигаранд ва дар акси ҳол “аз худ гилоя кунанд”.

Аз ин пештар Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии Толибон гуфта буд, ки агар борон зиёд биборад ба Эрон ҳам об мерасад. Ин гуфтаи ӯ, вокуниши бархе масъулони Эронро ба бор овард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳодиса дар “Роғун”: шоҳидон аз захмӣ шудани коргарон мегӯянд, мақомот рад мекунанд

Мақомоти Тоҷикистон хабарҳо дар бораи захмӣ шудани коргарон дар нерӯгоҳи “Роғун”-ро рад карда, сабаби ҳодисаро канда шудани ҳавзи оби техникӣ номиданд.

Маҷбуран бурдани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Панҷакент

Дар ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд се ҷавонро маҷбуран ба хидмати ҳарбӣ бурдаанд. Дар ин бора як манбаи маҳаллӣ ба Azda.tv хабар дод.

Дар шаш моҳ қариб ним миллион тоҷикистонӣ барои кор ба Русия рафтаанд 

Дар нимсолаи аввали соли 2026 тақрибан 494,5 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳадафи кор вориди Русия шудаанд.

Интихоботи Исроил: коҳиши курсиҳои эътилофи Натанёҳу ва рекорди ҳизбҳои арабӣ

Рӯзи 27-уми октябр дар Исроил интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. То лаҳзаи нашри хабар, ки беш аз 85% овозҳо шумурда шудаанд, эътилофи Натанёҳу бо 53 курсӣ пешсаф аст.