22.9 C
Dushanbe

Масъулони Додситонии кул: дар боздоштгоҳҳо шиканҷа нест

Масъулони Додситони кулли Тоҷикистон зимни ҳамоише дар Душанбе вуҷуди шиканҷа дар боздоштгоҳҳои кишварро куллан рад карда, гуфтаанд, ки агар бошад ҳам касе шикоят накардааст.

Акс аз “blognews.am”

Рӯзи 25-уми октябр дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ зери унвони “Муқовимат ба шиканҷа, амалҳо ва дастовардҳо” баргузор гардид, ки гуфта мешавад, масъалаи шиканҷаи боздоштшудаҳо дар Боздоштгоҳи муваққатии Душанбе (СИЗО) мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин нишаст намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон куллан вуҷуди шиканҷаро дар боздоштгоҳҳои муваққатии кишвар рад карданд.

Ин дар ҳолест, ки чанде пеш рӯзноманигорон Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва Абдусаттор Пирмуҳаммадзода аз шиканҷа шудани худ хабар дода буданд. Пештар аз инҳо ҳам борҳо хабари шиканҷа шудани маҳбусони сиёсии аъзои аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ба хусус Раҳматуллоҳи Раҷаб, Маҳмадалӣ Ҳаит ва Зубайдуллоҳи Розиқ расонаӣ шуда буд.

Аммо бо вуҷуди ин далоил масъулони Додситонии кул масъалаи шиканҷаро дар боздоштгоҳҳо рад мекунанд.

Ҳазамон дар ин ҳамоиш Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа гуфта, ки тайи ду соли ахир ҳадди ақал 40 шикоят аз шиканҷа шудани боздоштшудаҳо ва маҳбусонро қайд кардааст, аммо мақомоти Додситонии кул мегӯянд, ҳамагӣ 6 шикоят аз шиканҷа шудани маҳбусон ворид шудааст, ки ҳеч кадом тасдиқ нашуданд.

Файзалӣ Давлатзода, корманди Додситонии кулли Тоҷикистон, дар ҳошияи нишаст ба Радиои Озодӣ гуфта, ки то ин дам дар бораи шиканҷа шудани рӯзноманигорон ва сокинони боздоштшудаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шикоят нагирифтанд.

Акс аз гузориши Радиои Озодӣ

“Дар ҳақиқат, дар матубот хондем, вале расман шикоят нашудааст. Тибқи талаботи қонун, агар вобаста ба шиканҷа шикоят шавад, дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноӣ мавриди тафтиш қарор мегирад.”, – мегӯяд Файзалӣ Давлатзода.

Як коршиносони ҳуқуқӣ, ки нахост номаш фош шавад, гуфт, мақомоти додгоҳии ва додситонии кишвар аз баски истиқлолияти комил надоранд, наметавонанд аз пеши худ бидуни маслиҳати “боло” чизеро тасдиқ ва ё такзиб кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи шиканҷаи боздоштшудаҳо, ба хусус рӯзноманигорон ва чеҳраҳои маъруфи сиёсӣ хеле ҳассос буда, аксаран ҳукми онҳо бо фармони шахсони муайян ва бидуни дарназар гирифтани қонун иҷро мешаванд ва дар инҷо додситону додрас танҳо фармон иҷро мекунанд, ки ин боис мешавад вуҷуди шиканҷаро бо вуҷуди тамоми далоил инкор кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Раҳмон ба Итолиё меравад?

Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Итолиё дар якҷоягӣ бо Оҷонсии савдои ин кишвар (ICE) дар бораи Тоҷикистон нишаст баргузор мекунанд.

Ихроҷи 600 муҳоҷири кории тоҷик аз Корея

Дар давоми камтар аз як моҳи ахир мақомоти Кореяи Ҷанубӣ беш аз 600 муҳоҷири кории шаҳрвнадони Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе

Раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 18-уми апрели соли ҷорӣ бо сафари расмӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе шуд.

Тахриби масҷид дар Маскав

Мақомоти дахлдлори Русия дар шаҳри Троитски вилояти Маскав масҷиди Абӯбакрро пурра тахриб карданд.