13.9 C
Dushanbe

Мазлум будӣ вақте дар миёни ин мардум будӣ, мазлумтар гардидӣ вақте аз миёни ин мардум рафтӣ

Бознашр аз сомонаи “ksaadat.co

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Худо раҳмат кунад Устод Сайидабдуллоҳи Нуриро, ки ҳам, замоне ки зинда буд ва дар миёни ин мардум зиндагӣ мекард мазлум буд, ва ҳам, вақте аз дунё рафт ва имрӯз дар миёни ин мардум нест мазлумтар гардид.

Дар бораи мазлумияти ӯ баъд аз тарк гуфтанаш ин дунёи фониро андаке баъд сухан мекунам. Аввал дар бораи мазлумияташ дар замоне ки зинда буд бигӯям, ба назарам ин муҳимтар аст, зеро бо таваҷҷӯҳ ба ҷойгоҳе, ки дошт, қабули он барои хонандаи азиз на танҳо душвор, ки шояд аслан бовараш нашавад. Аммо ӯ мазлум буд.

Тавзеҳ ин ки: инсонеро шумо фарз кунед, ки дорои масъулияте аст ва ба ҳадди тавонаш саъй мекунад ба вазоифе, ки бар дӯш дорад амал кунад. Он вақт, афроде, ки перомуни ӯ ҳастанд, ба ҷойи ин ки аз боре, ки бар дӯши ӯст сабук кунанд ва бикоҳанд, баръакс коре кунанд, ки бори ӯ сангинтар шавад. Ба сухани дигар, ба ҷойи он ки ин афрод аз худ моя гузоранд ва ба ӯ бигӯянд чӣ кор бояд бикунем, мудом аз ӯ бихоҳанд барояшон “коре” бикунад, масалан шикамашонро сер кунад, ба хонаву ҷой таъминашон намояд. Тоза, ба ин пиндор, ки сер кардани шиками онҳо ва хӯрондану пӯшондани онҳо масъулияти ӯст. Ба назарам, мазлумтар аз якчунин инсоне дар гетӣ вуҷуд надорад.

Бо шурӯъи даргириҳои дохилӣ дар Тоҷикистон ва замоне ки ҷангҷӯёни теруристи “Фронти халқӣ” садҳо ҳазор мардуми бепаноҳи тоҷикро водор ба тарки ватан ва кӯч ба шимоли Афғонистон намуданд – ки шароите бисёр сахту душвор буд — агар Устод Нурӣ (р) ва саъю талошҳои ӯ барои танзиму тартиби умури оворагон ва ба илова, кӯшишҳояш барои эҷоди инсиҷом миёни гурӯҳҳо ва аҳзоби опозисиюн набуд, тоҷикони овора дар ҳамон шимоли Афғонистон мемонданд ва имрӯз ба монанди ниёгони “гурезаи” худ (пас аз вуруди болшевикҳо ба сарзаминамон), “афғонистонӣ” мегардиданд ва куллан ба фаромӯшӣ супурда мешуданд.

Ман намехоҳам аз саҳми дигар раҳбарони опозисиюн дар он замон бикоҳам, абадан, ҳамаи онҳо бахусус Устод Тӯраҷонзода, ҳар як саҳми басазое доштанд. Аммо ин ҳақиқатро касе наметавонад инкор кунад, ки дар ин миён, нақши марҳум Устод Нурӣ (р) калидӣ буд. Ин ӯ буд, ки тавонист ба ҷаҳониён ба хусус кишварҳои мусалмон, мусибатеро, ки бар сари миллати тоҷик дар он мақтаъ аз замон фуруд омад бирасонад ва огоҳашон намояд. Вагарна, дар ҳамон замон, на як араб медонист тоҷик кисту Тоҷикистон куҷост ва на ҳатто як эронӣ, бо вуҷуди ҳамзабонӣ ва ҳамфарҳанг будан ва таърихи муштарак доштан. Ин Устод Нурӣ (р) буд, ки тавонист опозисиюнро аз ҳолати инфиъол ба ҳолати фоъилу фаъол будан дароварад ва кор ба ҷойе бирасад, ки Раҳмон маҷбур ба музокира ва таслими шарту шурути онҳо бишавад. Ин, ба забон гуфтан бисёр саҳлу осон аст, аммо амалан хеле сахту душвор.

Хуб, ҳоло мазлумияти марҳум Устод дар он даврон чӣ буд?! Бештари касоне, ки ба унвони ҳамразму ҳампаймон дар атрофи Устод буданд, чӣ дар Афғонистон ва чӣ пас аз созишномаи сулҳ, беш аз он ки саҳм гузоранд, саҳм мехостанд. Беш аз он ки кор кунанд, мушкил эҷод мекарданд. Беш аз он ки гиреҳи мушкилеро боз кунанд, бар гиреҳҳо меафзуданд, то марҳуми Устод, илова бар ҳалли мушкилоте, ки ҳукумат эҷод мекард, даргири ҳаллу фасли мушкилоти эҷодшуда аз сӯи перомуниҳо бишавад. Ва аҷиб он, ки марҳум чизе ба рухи касе намекашид ва саъй мекард интизоротеро, ки доштанд бароварда созад.

Як воқеиятро бароятон ҳикоят кунам. Дар ҳудуди солҳои 98, муддате дар Душанбе будам. Як рӯз рафта будам пеши марҳум Устод дар мақарри ҲНИТ (Борбад). Бо манзараи аҷибе рӯ ба рӯ шудам. Анбӯҳе аз мардум дар дари утоқи Устод нишаста буданд ва ҳар як ба навбат пеши ӯ ворид мешуданд. Вақте хилват шуд ва ба ҳузури эшон расидам – ва оқои Абӯбакри Нурӣ ҳам онҷо буд ва шоҳид аст – аз Устод пурсидам, ин ҳама мардум, ки инҷо омадаанд, лобуд мехоҳанд коре бикунанд. Зеро фикр мекардам, инҳо омадаанд то ба Устод бигӯянд, вазифаи мо чист ва чӣ кор бикунем?! Ҷавоби Устод ҳайратзадаам кард. Эшон гуфт, ин ҳолати рӯзонаи мост. Инҳо, ки пеши ман меоянд, ҳар як аввал мушкилоти худро матраҳ мекунанд ва сипас, аз ман пул мехоҳанд, он гоҳ агар чизе додам, хуб, вагарна, шурӯъ мекунанд ба пархошу баду бероҳ гуфтан, ки ман ба хотири ту ин кардаму он кардам ва ту маро раҳо кардӣ. Пурсидам, магар ҲНИТ таъсис шуда барои рафъи мушкилоти молӣ ва иқтисодии мардум, магар як ҳукумат аст?! Марҳум ҷавоб дод, таваққӯъи мардум ҳамин аст.

* * *

Марҳум Устод Нурӣ (р) замоне ки зинда буд, то ҷойе ки медонам, касе дар бораи ӯ ҳарфи манфӣ ба забон ҷорӣ намекард ва балки тамаллуқу чоплусиҳое, ки аз ӯ мекарданд, вақте медидед, ҳолатон ба ҳам мехӯрд. Эй кош агар айбе дошт дар ҳамон замони зинда буданаш, ба ӯ мегуфтанд! Аммо ҳамин ки аз дунё рафт ва чанд сол ки гузашт (ба хусус пас аз соли 2015), ибтидо аз сӯи ҳукумат ва мақомот баду бероҳ гуфтан дар бораи ӯ шурӯъ шуд ва сипас аз тарафи афроде, ки замоне ҳампаймонаш буданд. Боз такрор мекунам, Устод фавқи интиқод нест, агар айбе дар кораш дида мешуд, воҷиб буд дар ҳамон замон ба ӯ гӯшзад мешуд. На ин ки замоне ки зинда аст, тамаллуқаш намоӣ, ва замоне ки нест ва аз дунё рафта, нисбат ба ӯ тӯҳмат занӣ. Ин, камоли ноҷавонмардист.

Дирӯз матлабе хондам дар бораи марҳуми Устод Нурӣ аз як азизе, ки барояш камоли эҳтиромро қоилам; матлабе саросар дурӯғ. Намедонам, чаро дар ҳамин замони ҳассос ин азизамон дурӯғи мазкурро бофта, ҳоло иллаташ ҳарчи ҳаст, як кори ноҷавонмардона аст. Ноҷавонмардона ба далели дурӯғ будани матлаб. Агар рост мебуд, айбе надошт.

Алъон, ки ин матлабро менависам, дигар марҳуми Устод зинда нест, ки ин навиштаи ман ҳамли бар навъе тамаллуқ – ки Худоро шукр фарсахҳо аз ин хислати зишт ба дурам – шавад. Имрӯз Устод дар миёни мо нест. Агар мо заррае инсоф дар корамон бошад ва дорои виҷдони инсонӣ бошем, оё ин дуруст аст, ки барои собит кардани он ки масалан мо “сепурмен”-ем ва вобаста ба “исломиҳо” нестем, биёем як дурӯғи шохдорро нисбат ба инсоне бибофем, ки аввалан вафот ёфта, ва сониян, хадамоти фаровоне кардааст.

Асосан, аҷаб замоне шуда! Имрӯза ҳар касе ки бихоҳад “сепурменӣ”-и худро собит кунад, мухолифон бахусус наҳзатиҳоро, мурда ва зиндаи онҳоро, сужаи интиқоди худ қарор медиҳад.

Ишколе надорад, интиқод кунед, аммо тӯҳмату бӯҳтон мавқуф!

Албатта, агар ҳунар доред ва воқеан “сепурмен” ҳастед, биёед аз Раҳмон ва дору дастааш, ки кишвари моро ба ганд кашида, интиқод кунед. Оё ҳунари ин корро доред?!

Саломат бошед!

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи Аздо тв нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оғози сафари Раҳмонов ба Италия

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон имрӯз, 22-уми апрел ба Италия ва Ватикан сафар кард.

Тоҷикистону Британия муҳоҷирати корӣ ва парвозҳои мустақимро баррасӣ каданд

Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Дэвид Кэмерон 22-уми апрели соли ҷорӣ дар Душанбе бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Замон ва макони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо маълум шуд

Сомонаи расмии Ҳукумати Италия бо нашри хабари кӯтоҳе аз мулоқоти сарвазири Итолиё бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рум иттилоъ додааст.

Тоҷикистон дар се моҳи соли ҷорӣ беш аз $7млн барқ фурӯхт

Тоҷикистон дар давоми се моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 7,2 миллион доллар ба кишварҳои ҳамсоя барқ фурӯхтааст.