Ҳудуди 160 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати шахсони таҳти назорати мақомоти Русия қарор доранд. Дар ин бора муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шариф Норзода зимни нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2026 хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии шаҳрвандони шомили ин рӯйхат тақрибан 25 ҳазор нафарро ноболиғон ташкил медиҳанд. Ӯ тавзеҳ дод, ки аксари ноболиғон ҳамчун аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия рафта, ба ин рӯйхат ворид шудаанд.
Мақомоти Вазорати меҳнат инчунин иттилоъ доданд, ки маълумоти пойгоҳи шахсони таҳти назорат мунтазам нав карда шуда, ҳар чор соат тағйир меёбад. Аз ин рӯ, шаҳрвандон метавонанд пеш аз сафар вазъи ҳуқуқии худро санҷанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯйхати шахсони таҳти назорат дар Федератсияи Русия аз 5 феврали соли 2025 мавриди амал қарор гирифтааст. Ба он шаҳрвандони хориҷие шомил карда мешаванд, ки ҳуқуқи қонунии будубоши худро дар қаламрави Русия аз даст додаанд. Нисбати чунин афрод реҷаи махсуси ихроҷ татбиқ шуда, як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла манъи иваз кардани ҷойи зист, идора кардани воситаи нақлиёт, харидани амвол ва анҷом додани баъзе амалиёти бонкӣ ҷорӣ мегардад.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ зиёда аз 15 ҳазор шаҳрванд барои гирифтани машварат ва санҷиши вазъи худ ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат кардаанд. Дар натиҷаи санҷиш маълум шудааст, ки 3 ҳазору 953 нафар бо сабаби муваққатан манъ будани вуруд ба Русия аз сафар худдорӣ кардаанд.
Ҳамзамон, вазорат хабар медиҳад, ки дар ҳамин давра зиёда аз 10 ҳазору 700 шаҳрванде, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргаштаанд, бо ҷойи кор таъмин шудаанд.
Омор нишон медиҳад, ки шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯйхати шахсони таҳти назорати мақомоти Русия дар ҳоли афзоиш аст. Агар моҳи октябри соли 2024 дар ин рӯйхат зиёда аз 120 ҳазор нафар қарор дошта бошанд, моҳи ноябри соли 2025 ин нишондод аз 150 ҳазор нафар гузашта буд. Ҳоло бошад, тибқи маълумоти расмӣ, теъдоди онҳо ба 160 ҳазор нафар расидааст.