7.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 102

Афзоиши ҳамлаҳои ифротиёни рус алайҳи муҳоҷирон

0

Дар ин шабу рӯз наворҳои зиёде аз ҳамлаҳои муҳоҷирситезони ифротии рус алайҳи муҳоҷирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наш шудааст.

Гуфта мешавад, ба эҳтимоли зиёд чунин ҳамлаҳоро фаъолони ростгарои ифротии рус анҷом медиҳанд, ки дар ҳоли ҳозир пулис онҳоро меҷӯяд. Тибқи иттилои мақомоти Русия, дар шаҳри Санкт-Петербург ҳамалаҳои ростгароён алайҳи муҳоҷирони корӣ, ки ба хатарсанӣ (курер) машғуланд, дар ҳоли афзоиш аст. 

Бинобар изҳороти дафтари матбуоти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Русия дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград дар ноҳияи Фурунзеи Санкт-Петербург чанд шикояти муҳоҷирон ворид шуда, ки аз ҳамлаи нафарони номаълум шикоят бурдаанд.

Аз ҷониби мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Фрунзеи шаҳри Санкт-Петербург бинобар шикояти муҳоҷирон аллакай чанд парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми авбошӣ (ч.1 ст.213 УК РФ “хулиганство”) кушода шуда, дар ҳоли баррасианд.    

Дар хабар гуфта мешавад, ки чанд дафъа ҳамлаҳо сурат гирфитаанд, ки дар онҳо чанд ҳамлагар иштирок доштад ва дар ҳамаи ҳамлаҳо онҳо чеҳраҳои худро пинҳон кардаанд.

Яке аз чунин ҳамлаҳо дар кӯчаи Турку сурат гирфита, ки навори онро пулис дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо кардааст. Навори ҳамлаи афроди ношинос алайҳи муҳоҷири хатрасон рӯзи 18-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст. 

Рӯзи 27-уми январ як муҳоҷири 26-сола, ки дар ин шаҳр ба хатрасонӣ машғул буд, ба пулис аз ҳамлаи афроди номаълум шикоят бурдааст. Ин муҳоҷир дар тафсили шикояташ гуфта, ки ду шахси номаълум ба ӯ ҳамла карда, ба рӯяш гази ашковар пошидаанд. Ӯ гуфтааст, ҳардуи ҳамлагарон руйҳояшонро пинҳон карда будаанд.  

Давоми як соли ахир, бахусус пас аз ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар аз афзоиши бесобиқаи фишори мақомот болои онҳо ва авҷи муҳоҷирбадбинӣ дар байни мардум хабар медиҳанд.

Судури ҳукми абад ба ҳамлагарони раиси бахши ҲХДТ дар Кӯлоб

0

Ду нафар аз гумонбарони ҳамла ба раиси дафтари Ҳизби халқӣ-демократӣ дар Кӯлоб Салим Сайвализода ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Дар ин бора Ҳамзаалӣ Мусофиров, додситони минтақаи Кӯлоб рӯзи 28-уми январ зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Ӯ инчунин афзуд, ки бариловаи ин ду нафар, боқӣ гумонбарон аз 5 то 23 сол зиндонӣ гардиданд.

Дар робита ба ҳодисаи ҳамла ба Сайвализода, ки дар моҳи январи соли 2024 дар шаҳри Кӯлоб рух дода буд, Додгоҳи вилояти Хатлон имрӯз 9 кас, аз ҷумла як занро низ равонаи зиндон кард.

Пас аз такондани мошини хидматии Сайвализода, худаш захмӣ шуда буд. Мақомот ҳодисаро амали террористӣ номида, гумонзадҳоро ба пайравӣ аз ДИИШ муттаҳам карданд, вале ба сабаби махфӣ будани парванда ҷузъиёташ расонаӣ нашуда буд.

Радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки рӯзи 28-уми январ ному насаби 9 нафари маҳкумшуда ва иттиҳомоти зидди онҳоро дастрас кардааст. Ҳувиятҳои маҳкумшудаҳо аз ин қабил аст: Бахтиёр Маҷидзода, Наврӯзҷон Одинаев, Қурбоналӣ Воҳидов, Аслам Олтиев, Акмал Шерматов, Саидмаҳмуд Шоев, Ҳоким Имомов, Насим Ашӯров, Холисамо Раҳимова.

Мақомот Бахтиёр Маҷидзода, сокини деҳаи Тудакафши Кӯлобро раҳбари гурӯҳ меноманд, ки ба ҳукми абад маҳкум шудааст. Ӯ писари Акбари Маҷид, рӯзноманигори собиқи радиои вилояти Хатлон аст. Аслам Олтиев, бародари ӯ низ ҳукми абад гирифтааст.

Камтарин ҳукмро дар ин парванда Холисамо Раҳимова, ҳамсари Бахтиёр Маҷидзода гирифтааст. Ӯро ба дӯхтани парчами ДОИШ ва хабар надодан аз ҷиноят гунаҳкор донистанд. Раҳимова бинобар тифл доштан “муваққатан дар озодӣ қарор дорад”.

Додситони минтақаи Кӯлоб дар нишасти матбуотии имрӯзааш аз маҳкумшудагон ном нагирифт ва ҷузиёти парвандаву ҳукми онҳоро низ нагуфт.

Ҷузъиёти тоза аз тақсимоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон

0

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар бораи тақдири хонаҳои наздимарзӣ маълумот дод.

Ӯ дар мусоҳиба бо Ожонсии иттилоотии “Кабар” дар мавриди тақрибан ҳал шудани масъалаи марзии Тоҷикистону Қирғизистон гуфт ва таъкид кард, ки қадамҳои минбаъда барои расмӣ кардани ҳуҷҷатҳо ва аломатгузории марз равона шудаанд.

Ҷабборов иддао карда, ки ҳангоми муайян намудани хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон манфиатҳои ҳарду тараф ба назар гирифта шудаанд.

“Мо қариб ҳазор километр сарҳад дорем. Дар бисёр минтақаҳо қитъаҳои баҳсбарангез буданд. Дар баъзе мавридҳо ин қитъаҳо баробар тақсим шудаанд.” – мегӯяд раисҷумҳури Қирғизистон.

Инчунин ӯ гуфтааст, ки таваҷҷуҳи махсус ба деҳаҳои наздимарзие дода шудааст, ки хонаҳои омехта монанди тахтаи шоҳмот сохташуда доранд, ва агар хонаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар тарафи Қирғизистон қарор гирифта бошанд, ҷониби Тоҷикистон онҳоро мекӯчонад.

“Агар хонаҳои мо дар тарафи Тоҷикистон бошанд, мо шаҳрвандони худро мекӯчонем ва барои онҳо бо дарназардошти андозаи заминҳои онҳо хонаҳои нав месозем.”— изҳор дошт Ҷабборов.

Раисҷумҳури Қирғизистон инчунин гуфт, ки ҳангоми оғоз шудани корҳои аломатгузорӣ маълумоти пурра пешниҳод карда мешавад ва аломатгузорӣ 1-2 сол идома хоҳад кард.

То ҳол ҷониби Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ва Саймумин Ятимов, раиси КДАМ дар бораи гуфтушунидҳои марзӣ чизе нагуфтаанд ва маълум нест тақсимот дар марз то куҷо баробар сурат гирифтааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷониби Қирғизистон пештар низ баъзе аз ҷузъиёти марзиро ошкор карда буд.

Гуфта мешавад, Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 980 километр марзи муштарак доранд ва дар баъзе аз нуқтаҳои баҳсбарангез солҳои ахир даргириҳои мусаллаҳона ва куштори шаҳрвандони ду кишвар сурат гирифта буд.

Охирин муноқишаи бузург дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 16-уми сентябри соли 2022 рух дод, ки тибқи иттилои мақомоти кишвар беш аз 250 кас аз шаҳрвандони Тоҷикистон кушта ва захмӣ шуда буданд.

Пас аз чандин соли муноқиша 4-уми декабри соли 2024 дар шаҳри Бодканди Қирғизистон нишасти Комиссияи байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон дар мавриди таъйин ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар баргузор гардид ва пас аз он раисони Кумитаи давлатии амнияти миллии ин ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев ба расонаҳо гуфтаанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд.

Вазорати фарҳанг блогеронро “танзим” мекунад?

0

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ба наздикӣ фаъолияти блогеронро дар кишвар танзим мекунад.

Дар нишасти матбуотии 27-уми январи соли ҷорӣ, Матлубахон Сатториён, вазири фарҳанги кишвар дар бораи ин тасмим изҳори назар кард. Ӯ гуфт, ки мақсад аз ин иқдомҳо беҳтар кардани сатҳи фарҳангии ҷомеа мебошад.

“Барои расидан ба ин ҳадаф, қабули тағйирот дар қонунгузорӣ низ дар назар аст. Вале, механизм ва роҳҳои дақиқи танзими блогерҳо ҳанӯз муайян нашудаанд ва нақшаҳо дар самти ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ин масъла баррасӣ хоҳанд шуд.”-иброз дошт Матлубахон Сатториён.

Аз ин пеш кумитаи андоз блогеронро вазифадор карда буд, то аз даромади худ андоз супоранд.

Ин дар ҳоле аст, ки сокинон борҳо аз фоълияти бологерон шикоят карда, онҳоро барои паҳн кардани бадахлоқӣ, паст будани муҳтавои видеоҳое, ки омода ва пахш мекунанд, истофода аз алфози қабеҳ мутаҳам мекунанд.

Борҳо Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошт ва муҷозоти бологерон хабар дода буд, аз ҷумла чандин блогери зан бо иттиҳоми паҳнкардани наворҳои бадахлоқӣ ва шаҳвонӣ боздошт ва ҷарима шуда буданд.

Аммо коршиносон бар ин боваранд, ки Ҳукумати кишвар мехоҳад бо баҳонаи ба танзим даровардани блогерон, ки ҳазорҳо дунболкунанда доранду байни ҷавонон машҳур ҳастанд, онҳоро таҳти назорати худ бигиранд ва барои таблиғи режими худкомаи Эмомалӣ Раҳмон истифода кунанд.

Вале блогерони саркаш ва озод ба монанди Далери Эмомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва дигарон, ки аз камбудиҳои Ҳукумат ва ҳукуматдорон мегуфтанду аз тарзи кори онҳо ва камкорияшон навор мегирифтанд, барои солҳои тӯлонӣ ба зиндон макум шуданд.

Русия ба Умед Бобозода иҷозат надод бо гумонбарони “Крокус” мулоқот кунад

0

Умед Бобозода ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯзи 27-уми январ дар нишасти матбуотии инҳодаш гуфт, мақомоти Русия ба дархости ӯ барои мулоқот бо гумонбарони “Крокус Сити Ҳолл” иҷозат надоданд.

Ӯ мегӯяд, дар робита ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба унвони ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Татяна Москалкова зиёда аз 10 нома ирсол кардааст. Аммо Москалкова танҳо ба охирин номаи ӯ посух додааст.

Бобозода дар ҳузури хабарнигорон афзуд, ки дар посух ба номаи охир Москалкова ваъда додаст, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик ҳимоят мекунад.

Ӯ дар идомаи суҳбатҳои худ гуфта, ки маълум нест, ки ин ҳимоятҳо чӣ гуна сурат мегиранд. Ба гуфтаи ваколатдори ҳуқуқи инсон, наворҳои сершумори шабакаҳои иҷтимоӣ, ки нақзи ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русияро намоиш медиҳанд, сабаб шуда, ки ба ҷониби Русия дар бораи вазъи ҳуқуқи муҳоҷирон муроҷиат кунад.

Ҳамчунин Омбудсмени тоҷик гуфт, пеш аз суҳбат бо ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Татяна Москалкова хостори мулоқот бо 4 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамчун гумонбари асосии ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав дониста мешавад шудаст. Аммо ҷониби Русия ба Умед Бобозода иҷозат надодаанд то бо ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар боздоштгоҳ мулоқот кунад.

Ёдовар мешавем, ки шоми 22-уми марти соли 2024 ба бинои “Крокус Сити Ҳолл”-и ноҳияи Красногорскии шаҳри Маскав ҳамла сурат гирифта, муҳоҷимон сӯи мардум аз автоматҳо тир кушоданд. Бино ба иттилои расмӣ, дар натиҷаи тирпарронӣ ва сар задани оташ 143 нафар, аз ҷумла се кӯдак ба ҳалокат расида, 182 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Мақомоти Русия дар пайи ин ҳодиса чандин нафарро боздошт кард, ки аксари онҳо зодагони Тоҷикистон буданд. Аз ҷумла, чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридун Шамсидин ҳамчун гумонбаронии асосоии ин ҳамла дониста шуданд.

Муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар аз афзоиши бесобиқаи фишори мақомот болои онҳо хабар медиҳанд. Ба гуфтаи муҳоҷирони кории тоҷик, маҳз пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷи иҷбории тоҷикон афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо тағйир ёфтааст. Инчунин мардуми оддӣ мавриди ҳамлаҳои лафзӣ ва ҷисмӣ аз ҷониби пулис қарор гирифта, ихроҷи муҳоҷирон тоҷик ба ҳар далел бештар шуд.

Дар моҳои охири соли гузашта чанд тарҳи нави қонунҳое дар Русия пешниҳод ва қабул гардиданд, ки кор дар соҳаҳои гуногун барои муҳоҷиронро маҳдуд ва вазъи кору будубошро барои онҳо дар ин кишвар мушкилтар мекунанд.

Мунтақидони ҳукумати Эмомалӣ мегӯянд, ки аз дасти Умед Бобозода ваколатдори ҳуқуқи инсон ва ниҳодаш дар мавриди ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон чизе бар намеояд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, ин ниҳод зоҳиран ҳомии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст, аммо амалан аз ҳукумути хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон, ки зиёда аз 30 сол мешвад дар кишвар зимоми қудратро дар даст дорад ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ошкоро поймол мекунад, ҳемеша ҳимоят мекунад. Бороҳо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон барои вазъи бади ҳуқуқи инсон аз ҷониби созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ исон интқод мешвад.

Боздошти модари 7 фарзанд дар Русия

0

Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Маскав як зани зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт кардааст.

Ин ниҳод Таҳмина Самадоваро ба он гумонбар медонад, ки гӯё ӯ барои дарёфти кӯмакпулии калон дар бораи даромади шавҳараш ва шумори афроде, ки бо ӯ ҳамроҳ зиндагӣ мекунанд маълумоти бардурӯғро ба мақомот пешниҳод кардааст.

Ба иддаои дафтари матбуотии Кумитаи тафтишотии Русия, Самадова даромади шавҳараш Рамазон Раҳимовро чанд маротиба кам нишон додааст, то оилаи онҳо ҳамчун оилаи камбизоат эътироф шавад. Ҳамчунин ӯ дар ҳуҷҷатҳо нишон додааст, ки ҳамроҳ бо ӯ дар як хона 13 нафар, аз ҷумла бародараш бо 2 фарзандаш истиқомат мекунанд, дар ҳоле, ки онҳо дар Тоҷикистон қарор доранд.

Ҳамзамон ин ниҳод гӯё ҳангоми кофтукоб аз гумонбаршуда ҳуҷҷатҳо ва телефонҳои гаронарзиш бо қимати 120 ва 140 ҳазор рубл мусодира кардааст, ки оилаи ниёзманд будани онҳоро зери суол мебарад.

Назари ин модари серфарзанд ва ҳамсараш дар ин бора дастрас нест ва маълум нест аз ҳуқуқи Самадова кӣ ҳимоят хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Таҳмина Самадова ва ҳамсараш Рамазон Раҳимов дорои шаҳрвандии Русия буда, беш аз 17 сол дар ин кишвар зиндагӣ ва се духтару чор писарро дар як манзили якҳуҷрагӣ бузург мекунанд.

13-уми январи соли ҷорӣ раиси шаҳри Митиши Юлия Купетская ба ин оила шаҳодатномаи давлатии хариди манзил ба маблағи зиёда аз 24 миллион рублро тақдим карда буд.

Купетская дар шабакаи телеграми худ тақдими хона ба оилаи Самадоваро як хурсандии солинавӣ номида, аз Таҳмина Самадова ҳамчун як модари фаъол дар ҳаёти ҷамъиятии мактабу кӯдакистон ва ҳам корманди ихтиёрии фондҳои хайрияи маҳаллӣ ва нақши мусбати ҳамсараш дар тарбияи фарзандон ситоиш карда буд.

Аммо ин хабар дар шабакаҳо ва расонаҳои русӣ вокуниши зиёд ва хашми миллатгароёни Русияро ба бор оварда, ин оиларо ба фасодкорӣ ва бевафоӣ ба Русия муттаҳам карданд. Баъзеҳо навиштаҳои шавҳари Самадоваро дар фейсбук, ки аз Тоҷикистон пуштибонӣ карда, гуфта буд, ки “готов порвать любого за таджикский флаг” мисол овардаанд.

Пас аз вокуниши миллатгароёни рус, 20-уми январ раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин, ки дар расонаҳо бо мавқеъгириҳои зидди муҳоҷирияш машҳур аст, талаб намуд, ки дар бораи ин қазия ҳисобот пешниҳод кунад ва дар натиҷа нисбат ба ин ҳодиса бо моддаи қаллобӣ (қисми 4-и моддаи 159.2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Русия) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ба ин хабар вокунише накардаанд, аммо Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон рӯзи 27-уми январ дар изҳороте ин қазияро як намунаи рӯшани таъқиби доимии ақаллиятҳои миллӣ дар Русия номида, гуфтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо барои мансубияти миллиашон дар Русия бо таҳқир ва таҳдиди доимӣ рӯбарӯ мешаванд.

Бозгашти даҳҳо ҳазор фаластинӣ аз ҷануб ба шимоли Ғазза

0

Даҳҳо ҳазор фаластинӣ, ки дар бомборонҳои Исроил хонаҳои худро тарк карда, аз шимоли Ғазза ба ҷануби он овора шуда буданд, имрӯз ба хонаҳои вайронаи худ баргаштанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҲАМОС, Исроил мухолифи тавофуқоти оташбас амал карда, беш аз 48 соат монеи рафтани мардум ба шимоли Ғазза шуд.

Мувофиқи қарордоди тарафайн, нерӯҳои артиши Исроил бояд рӯзи шанбе пас аз табодули асирон аз минтақаи Нетзарим ақибнишинӣ карда, кӯчаи Салоҳиддинро, ки шимоли Ғаззаро бо ҷануб мепайвандад, боз мекарданд ва оворагон ба шимол бармегаштанд. Аммо пас аз омодагии аҳолӣ барои рафтан ба шимоли Ғазза артиши Исроил роҳро боз накард ва ҳатто ба сӯи аҳолӣ тир кшод, ки расонаҳо аз кушта шудани ду нафар хабар доданд.

Тавре расонаҳо иттилоъ медиҳанд, Исроил иддао карда, ки ҲАМОС мувофиқи бандҳои оташбас амал накард. Он бояд аввал мардуми осоиштаро озод мекард ва сипас низомиёнро. Ва инчунин Исроил иддао карда, ки ҲАМОС бояд аз вазъи саломатии як зани асир ба номи Ирбил Яҳуд маълумот медод, аммо маълумот надодани ҲАМОС сабаб шуд, ки пеши роҳи мардум гирифта шавад.

Аммо ҲАМОС мегӯяд, ин талаби Исроил дар бандҳои оташбас набуд ва Натанёҳуро дар шикастани оташбас муттаҳам кардааст.

Гуфта мешавад, пас аз талоши миёнҷигарҳо Исроил аз минтақаи мазкур ақибнишинӣ кард ва субҳи имрӯз даҳҳо ҳазор оворагони фаластинӣ, ки қариб ҳама пиёда ҳастанд ва бояд даҳҳо километрро пиёда тай кунанд, ба сӯи хонаҳои худ ба шимоли Ғазза рафтанд. Бархе онҳо ба расонаҳо гуфтаанд, ки медонем ба эҳтимоли зиёд хонаҳоямон ба замин яксон шудаанд, аммо мехоҳем ба заминҳоямон баргардем.

Palestinians, who were displaced to the south at Israel’s order during the war, making their way back to their homes in northern Gaza, amid a ceasefire between Israel and Hamas, in the central Gaza Strip, January 27, 2025. REUTERS/Mohammed Salem

Дар ҳамин ҳол ҲАМОС бозгашти аҳолии Ғаззаро ба хона ва заминҳояшон дар шимоли ин минтақа пирӯзии мардуми сабур ва ҷангзада унвон карда, шикасти Исроил дар баробари истодагарии мардум донистааст.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, мардуми Ғазза бо вуҷуди қатлу куштори бераҳмонаи Исроил ва вайрон шудани хонаву дороиҳояшон тавонистанд пеши роҳи ҳиҷрати иҷбории Исроилро бигиранд, ки мехост Ғаззаро аз мардумаш холӣ карда, онро пурра ишғол кунад.

Ҳамзамон дар Исроил низ мухолифони ҳукумати Бинёмин Натанёҳу ба баргашти гурезагон ба шимоли Ғазза вокуниш карда, мегӯянд, Исроил бояд ба ин кор иҷозат намедод ва баргашти онҳоро шикасти артиши Исроил унвон кардаанд.

Омадогии ИДМ барои интихоботи парлумонии Тоҷикистон

0

Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ҳайати нозиронро барои интихоботи парлумонии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Дар ин бора Сергей Лебедев, дабири кулли ИДМ дар суҳбат бо рӯзноманигорон хабар дод. “Дар Тоҷикистон аллакай омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ оғоз шудааст. Ҳоло Кумитаи иҷроияи ИДМ ҳайатеро барои ин интихобот, ки қарор аст 2-юми март баргузор мешавад, омода мекунад”, — мегӯяд Лебедев.

Ёдовар мешавем, ки бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон замони баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2-юми марти соли 2025 таъйин шудааст. Дар ин рӯз ҳамзамон интихоботи вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот низ баргузор мешавад.

Аммо интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми моҳи марти соли 2025 баргузор мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, танҳо ҳизби расман фаъоли дохилӣ, ки мустақил ба ҳисоб мерафт, барои интихоботи парлумони номзад пешниҳод накардааст. Ба гуфтаи бархе коршиносон, баъди марги мармузи раҳбари ин ҳизб Раҳматилло Зоиров ва боздошту зиндонӣ шудани муовинаш Шокирҷон Ҳакимов ин ҳизб ба як ҳизби вобаста табдил шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро, ки ҳизби мухолиф ва фаъол шинохта мешуд, бо иттиҳоми даст доштан дар “нақшаи табаддулоти давлатӣ” ҳизби “террористӣ” хонд ва аз саҳнаи сиёсии кишвар берун карда, фаъолияти ӯро расман баст.

Дар ҳоли ҳозир 7 ҳизби расмӣ: ҲХДТ, ҲДТ, ҲИИТ, ҲАТ, ҲКТ, ҲСДТ, ҲСТ дар кишвар фаъолият мекунанд, ки ба гуфтаи сиёсатшиносон, дар ин чанд соли гузашта раисони онҳо тағйир ёфта, бо ҳамин ба ҳизбҳои хомӯш ва “кисагӣ” табдил шудаанд ва онҳо амалан аз ҳизби ҳокими ҲХДТ пуштибонӣ мекунанд ва дар тасмимҳои сиёсии кишвар коре аз дасташон сохта нест.

Идомаи тағйиру ҷойивазкуниҳо дар вазорату идораҳо

0

Шералӣ Мирзо, ки беш аз 12 сол вазири дифои кишвар буд, аз вазифааш барканор шудааст.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, номзадии генерал Эмомалӣ Собирзодаи 53-соларо, ки то ин вақт муовини якуми Шералӣ Мирзо ва ҳамзамон раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон буд, барои вазири мудофиаи кишвар таъйин намудан, барои тасдиқ ба Маҷлисӣ миллӣ пешниҳод кардааст.

Бобоҷон Саидзода ба ҷои Эмомалӣ Собирзода, ки то ин дам муовин буд, муовини якуми вазири мудофиа ва сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таъйин шудааст.

Худи Шералӣ Мирзо курсии пойинтарро дар ҳукумат, яъне курсии сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатиро соҳиб шудааст. Пештар дар ин вазифа Аҳтам Абдуллозода кор мекард. Ӯ ҳоло сардори Хадамоти иҷро таъйин шудааст.

Гуфта мешавад, дар замони раҳбарии Шералӣ Мирзо дар Вазорати дифоъ “облава” ё ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш, “дедовшина” ва муносибати бад бо сарбозон дар қисмҳои низомӣ доғ гашт ва маълум нест вазири нав ин мушкилотро бартараф хоҳад кард ё на. Аммо таҳлилгарон бар ин назаранд, ки ин ниҳоди қудратии кишвар ба тағйироти куллӣ ниёз дорад.

Инчунин раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон номзадии Абдуллозода Зебонисоро барои мақоми раиси Додгоҳи олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзадии Ҷамшед Каримзодаро барои вазифаи раиси Палатаи ҳисоб ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод кардааст.

Абдуллозода Зебонисо, фарзанди собиқ вазири адлияи кишвар Файзулло Абдуллоев (1990-1993) то ин дам муовини якуми раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ буд ва Ҷамшед Каримзода аз моҳи январи соли 2024 то ба ин вазифа таъйин шуданаш, ба ҳайси муовини раиси вилояти Хатлон кор кардааст.

То ҳол маълум нест Қарахон Чиллазода, ки ҳудуди ҳафт сол раиси Палатаи ҳисоби кишвар буд ба кадом вазифа таъйин гардидааст.

Пештар аз ин низ дар дигар ниҳодҳо, шаҳру ноҳияҳо ва сохторҳои қудратии кишвар ҷойивазкуниҳо сурат гирифта буд ва ин раванд чанд рӯзи дигар дар ҳукумати Эмомалӣ идома хоҳад кард.

Тибқи маъмул дар Тоҷикистон ҳар сол моҳи январ тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ ё ҷойивазкунӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисос ва донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонавода аст.

Толибон: Омилони ҳамлаҳо дар Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистону Покистонанд

0

Толибон бо интишори гузорише муддаӣ шуда, ки аксари омилони ҳамлаҳои терористӣ дар Афғонистон шаҳвандони Тоҷикистон ва Покистон мебошанд.

Дар гузориши солонаи Комисияи амнияти Толибон, ки рӯзи ҷоршанбе, 22-уми январ нашр шуд, чунин омадааст: “Ҳамлаҳо умдатан берун аз Афғонистон тарҳрезӣ шуда ва омилони онҳо бо истифода аз сарпӯшҳои мухталиф аз хориҷ ба Афғонистон омадаанд. Аксари ин ҳамлаҳоро шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистону Покистон анҷом додаанд.”

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон борҳо аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда ва ташдиди нерӯҳои амниятӣ дар марз бо Афғонистонро тақозо карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ин тарҳро соли гузашта дар нишасти ғайринавбатии Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ пешниҳод кард, ки аз сӯи кишварҳои минтақа марвриди истиқбол қарор гирифт.

Он замон ӯ гуфта буд, ки барои пешгирӣ аз хатар ва таҳдидҳои ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои терористӣ, ки дар Афғонистон ҳузур доранд, эҷоди як камарбанди амниятиро зарур хонда буд.

Аммо давлати Покистон худи Толибонро сабаби афзоиши ҳамлаҳо ба хоки кишвараш медонад. Мақомоти ин кишвар борҳо эълом кардаанд, ки аъзои Таҳрики Толибони Покистон дар Афғонистон паноҳгоҳи амн доранд ва ҳамалоти худро аз ин кишвар тарҳрезӣ ва иҷро мекунанд.

Намояндаи собиқи Покистон дар Афғонистон, Осиф Дурронӣ таъкид мекунад, ки Таҳрики Толибони Покистон дар шарқи Афғонистон бо пуштибонии шабакаи Ҳаққонӣ фаъолият мекунанд. Вай бо ишора ба таърихи наздики шабакаи Ҳаққонӣ бо истихбороти Покистон гуфт, ин шабака дар якзамон нақши дӯст ва ҳам душманро бозӣ мекунад.

Дар пайи афзоиши ноамнӣ дар Покистон артиши ин кишвар бо иддаои ҳамла ба аҳдофи ТТП бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ба хоки Афгонистон ҳамла кард.