7.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 103

Додгоҳи Лоҳа раҳбарони Толибонро боздошт мекунад?

0

Аз Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ (Додгҳи Лоҳой) хоста шуда, ки ҳукми боздошти роҳбарони Толибон, аз ҷумла Ҳайбатуллоҳ Охунзода ва Абдуллоҳ Ҳаққониро содир кунад. 

Карим Аҳмад Хон, додсидтони Додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ талаби судури ҳукми боздошт, роҳбарони Толибонро, ки аз соли 2021 қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, гумонбар дар ҷиноят алайҳи башарият, бинобар табъизи густурда алайҳи занон ва духтарон дар ин кишвра медонад.

Додситон дар ин дархости худ, ки рӯзи 23-уми январ ироа карда, муддаӣ шуда аст, ки Толибон аз соли 2021 то ин дам дар “нақзи ҳуқуқи занон бар асоси табъизи ҷинсӣ, ки боиси нақзи паҳлуҳои зиёди ҳуқуқҳои асосӣ, аз ҷумла озодии ҳаркат ва баён, таҳсил, ҳаёти шахсӣ, оилавӣ ва озодии ҷамъомадҳо” масъул ҳастанд. 

Додситон ҳамчунин таъкид карда, ки ба зудӣ талаби боздошти дигар роҳбарони гурӯҳи Толибон сурат хоҳад гирифт. 

То ҳол вокуниши Толибон дар ин бора нашр нашудааст, аммо пештар чанд дафъа роҳбарони ин гурӯҳ даъво карда буданд, ки бар асоси шариати ислом ва расму анъанаҳои мардумӣ, ба ҳуқуқи мардуми Афғонистон арҷ мегузоранд. 

Бояд гуфт, ки аз замони расидани Толибон ба қудрат дар Афғонистон духтарон аз ҳаққи таҳсил дар мактаб аз синфи шаш боло маҳрум шуданд ва ҳамчунин аз ҳаққи таҳсил дар донишгоҳҳо низ омӯзиш гирифта наметавонанд. Ҳамзамон занон иҷозаи рафтан ба боғҳои истироҳатӣ, бошгоҳҳои варзишӣ ва бе маҳрам рафтан ба сафарҳои тӯлонӣ ҳақ надоранд.

Раҳмон ду қудояшро аз вазифаҳояшон барканор кард

0

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйирот ё ҷойивазкунии имрӯзаи мақомдоронро аз барканории ду қудояш шуруъ кард.

Тибқи қарори нави Эмомалӣ аз 23-уми январи соли ҷорӣ, Бег Сабур бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба ин мақом Исфандиёри Саъдуллои 35-сола, ки 10 соли охир муовини аввали раиси “Телерадиоком” буд, таъйин гардидааст.

Бег Сабур, ки бо баёнияҳои баҳсбарангезаш борҳо дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст, қудои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон буда, 14 сол боз раҳбарии ин ниҳодро бар уҳда дошт.

Мунтақидони ӯ мегӯянд, ки маҳз баъд аз раиси Хадамоти алоқа шудани Бег Сабур ин соҳа дар кишвар аз рушд бозмонд. Ва тарзи идораи ӯ боис гашт, ки Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар робита ба сифати интернет ва нархи он дар байни кишварҳои дунё дар поёнтарин зинаҳо қарор бигирад, чун дар фикри беҳбуди ин ниҳод набуд ва дар дафтари корияш бештар ба фурӯши хонаву тиҷорат машғул буд.

Дар баробари интиқоди сокинон, Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2022, зимни ироаи паёмаш ба парулмони кишвар аз суръати пасти интенрент дар Тоҷикистон ва нархи гарони он интиқод карда, ба қудояш Бег Сабур дастур дода буд, ки ин мушкилӣ бартараф карда шавад. Аммо то ҳол мушкили сифати алоқа дар кишвар ҳалли худро наёфтааст.

Инчунин ҳодисаҳое низ буданд, ки пас аз интиқод ё мусоҳиба бо ӯ, аз ҷумла раиси собиқи Кулоб Баҳром Иноятзода барои 12 сол ва рӯзномангори шинохта Далери Имомалӣ барои 10 сол равонаи зиндон гардиданд.

Дар ҳамин ҳол Эмомалӣ Раҳмон бо фармоне қудои дигараш Юсуф Раҳмонро аз вазифаи Додситони кулли Тоҷикистон озод намуда, Воҳидзода Ҳабибулло Сайдуллоро ба ин мақом таъйин кардааст. Номзадии ҳарду барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии кишвар фиристода шудааст.

Ҳабибулло Воҳидзода аз январи соли 2024 дар мақоми муовини додситони кул ва ҳамзамон додситони ҳарбӣ кор мекард ва пеш аз он раиси Ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддир буд. Ӯ аз соли 2011 то 2015 низ муовини додситони кул буд, аммо да аввали соли 2015, баъд аз интиқод сахти Раҳмонов дар ҷаласаи Шӯрои амният аз мақом барканор ва чанде баъд боз ба ҳайси додситони вилояти Суғд (солҳои 2015-2020) ба кор шуруъ кард.

Дар замони раҳбарии даҳсолаи Юсуф Раҳмон (2015-2025) бо пешниҳоди Додситонии кулли кишвар, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар кишвар мамнуъ ва террористӣ эълон шуда, ин ниҳод нисбати даҳҳо мухолифу дигарандешон ва рӯзноманигорон бо иттиҳомоти сохта парвандаҳои ҷиноятӣ боз кард, ки дертар онҳо бо қарори додгоҳҳо барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон гардиданд. Ҳамзамон Юсуф Раҳмон дар чанд ҷаласаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳайати Тоҷикистонро роҳбарӣ карда, поймол шудани ҳуқуқи инсонро дар кишвар ҳамеша рад кардааст.

Агарчи Эмомалӣ Раҳмон қудояш Бег Сабурро ба нафақа равон кардааст, аммо маълум нест, ки қудои дигараш Юсуф Раҳмон дар ҳукумат чӣ вазифаи нав мегирад.

Масеҳиёни Тоҷикистон аз сӯи ҳукумат мавриди шиканҷа қарор мегиранд

0

Нашрияи “Providence” 22-уми январи соли ҷорӣ дар истинод ба созмони хайриявии “Рейнджерҳои Озоди Бирма” (FBR) аз фишор болои масеҳиён дар Тоҷикистон хабар дод.

Созмони хайриявӣ ва динии “Рейнджерҳои Озоди Бирма” (FBR) гузориши худро дар мавриди фишорҳои идомадори масеҳиён аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон аз забони як масеҳии тоҷик, ки ҳуввияти худро фош накардааст, омода сохтааст.

Ин шахс, ки номи мустаори худро Ричард Паттерсон гузоштааст, ишора карда, ки бар хилофи қонунҳои асосии кишвар, ақаллиятҳои динӣ ва дар кул диндорон мавриди озору азият қарор мегиранд.

Ба гуфтаи коршиносон, Сарқонуни Тоҷикистон тибқи моддаи 26 озодии диниро барои ҳама кафолат додааст, аммо дар амал маҳдудиятҳои ҷиддӣ бар зидди тамоми диндорон ҷорӣ карда мешавад.

“Аз ҷумлаи ин маҳдудиятҳо манъ кардани таблиғоти динӣ, нагузоштан барои ташкили ҷамъомадҳо барои ибодат ва ҳамчунин манъи иштироки кӯдакон дар маросимҳои диниро дар бар мегирад”, – мегӯяд Паттерсон.

Мусоҳиби FBR изҳор дошта, ки ба хотири иштироки кӯдакони масеҳӣ дар маросимҳои калисоҳо, ин калисоҳо аз тарафи ҳукмат ҷарима шуданд. Патерсон афзудааст, дар Тоҷикистон онҳое, ки фаъолияти динӣ мекунанд, мумкин аст равонаи зиндон шаванд.

Ба гуфтаи ӯ, Баҳром ном як масеҳии дигар ба хотири пайдо шудани 20 китоби Муқаддас дар манзилаш ба муддати 8 сол равонаи зиндон шуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, дар Тоҷикистони зери раҳбарии президенти худкома Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 то ҳол дар сари қудрат аст, фазои буғранҷи ғайридемократӣ дар байни қишрҳои ҷомеа ҳукумафармост. Бо вуҷуди ин ки Тоҷикистон расман, рӯи коғазҳо як давлати демократӣ аст, вале озодии дин дар он вуҷуд надорад.

Гузоришгарони байналмилалӣ Тоҷикистонро яке аз кишварҳои диктотурӣ ва зиддидинӣ арзёбӣ мекунанд, ки дар он озодиҳои динӣ ва мазҳабӣ ба куллӣ маҳдуд карда мешавад ва солона садҳо шаҳрванд бо сабаби диндор будан бо иттиҳоми “ифротгароӣ” равонаи зиндон мешаванд.

Талаби 17 соли зиндон барои як рӯзноманигори дигар

0

Додситон аз додрас барои бародарзодаи Шокирҷон Ҳакимов ва рӯзноманигор Рухшона Ҳакимова 17 соли зиндонро талаб кардааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, талаби ин ҳукми тулонӣ рӯзи 8-уми январ дар мурофиаи паси дарҳои баста дар Боздоштгоҳи шаҳри Душанбе садо додааст, аммо он рӯзи 22-юми январ тасдиқ шудааст.

Гуфта мешавад, мақомот нисбати хонум Рухшона бо иттиҳоми “хиёнат ба давлат” (моддаи 305-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардаанд.

То ҳол маълум нест, ки мақомот чаро ин рӯзноманигорро бо ин иттиҳоми сангин муттаҳам кардаанд, аммо як манбаи наздик ба тафтишот парвандаи Рухшона Ҳакимоваро ба пурсише “дар мавриди нуфузи Чин дар Тоҷикистон” рабт дода, гуфтааст, ки “баъзе аз чеҳраҳои боздоштшуда, аз ҷумла Саидҷафар Усмонзода ва Шокирҷон Ҳакимов дар он пурсиш назар додаанд”.

Назари Рухшона Ҳакимова ва вакили мудофеаш то ҳол дар ин бора дастраси расонаҳо нашудааст.

Гуфта мешавад, таҳқиқи парвандаи Рухшона ҳамроҳи парвандаи чеҳраҳои шинохтаи кишвар, ки ба “талоши табаддулоти давлатӣ” муттаҳам мешаванд, аз моҳи июли соли 2024 идома дорад. Вале худи ӯ ба хотири фарзанди ширхора доштан ва ба шарти берун нарафтан аз маҳалли иқомат дар озодӣ буда, мақомот шиноснома ва дигар асноди ӯро гирифтаанд.

Дар доираи “талоши табаддулоти давлатӣ” ҳамзамон додситон аз додрас барои Саидҷаъфар Усмонзода собиқ вакили порлумон ва раиси пешини Ҳизби демократ ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ 30 солии зиндонро талаб карда, барои боздоштшудаҳои дигар, аз ҷумла барои Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони шинохта ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ – 24 сол, Акбаршоҳ Искандаров, раиси собиқи Шӯрои олӣ – 23 сол, Абдулфайз Атоӣ, собиқ корманди Вазорати корҳои хориҷӣ – 23 сол, – Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини собиқи раиси Ҳизби демократ – 23 сол, – Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи КДАМ ва ёвари Ҳамроҳхон Зарифӣ – 26 сол ва барои Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи КДАМ – 26 сол зиндон талаб карааст.

Ин чеҳраҳои шинохта аз моҳи июни соли 2024 дар боздошт қарор доранд ва ҳама иттиҳоми нисабаташон эълон шударо дар мурофиаҳои додгоҳӣ рад карданд.

Тавре расонаҳо иттилоъ доданд, дар охирон мурофиаи додгоҳии ин чеҳраҳои сиёсӣ ва собиқ вазирону кормандони давлатӣ, ки рӯзи 22-юми январ баргузор шуд, онҳо ҳама суханронӣ намуда, худро бегуноҳ донистанд ва аз додгоҳ талаб кардаанд, ки онҳоро озод кунад. Гуфта мешавад, додгоҳ ба утоқи машваратӣ рафта, қарор аст рӯзҳои наздик ҳукми ниҳоии гумонбарон содир шавад.

Оё бо омадани Трамп ҷанги Русияву Украина хотима меёбад?

0

Доналд Трамп, раисҷумҳури тозаинтихоби Амрикон ба Владимир Путин дар робита ба ҷанг дар Украина ҳушдор дод.

21-уми январи соли 2025, Доналд Трамп, раисиҷумҳури ҷадиди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико изҳор дошт, ки агар Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, аз музокирот барои хотима додан ба ҷанг дар Украина сарпечӣ кунад, эҳтимол аст таҳримҳои наве алайҳи Маскав ҷорӣ карда шаванд.

Трамп дар изҳороташ таъкид кард, ки ҳалли низоъ тавассути музокирот метавонад ба манфиати ҳамаи ҷонибҳои даргир бошад. Дар акси ҳол, ҷорӣ намудани таҳримҳои сахттар метавонад посухи ҷиддӣ ба саркашии Русия аз музокирот бошад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки танишҳо байни Амрико ва Русия дар робита ба ҷанги Украина ва масъалаҳои дигари байналмилалӣ идома доранд. Аз сӯи дигар, худи Тромп изҳор дошт, ки то кунун Амрико ба Украина кумакҳои зиёде кардааст ва акнун вақти он расида, ки Иттиҳоди Аврупо низ ҳаҷми кумакҳои худ ба Украинаро афзоиш диҳад.

Гуфта мешавад, ҷорӣ шудани таҳримҳои зиёд алайҳи Русия ва маҳдуд кардани бозори тиҷорати хориҷии он ҳам ба шаҳрвандон ва ҳам ба иқтисоди ин кишвар зарбаи сангин мезанад. Бархе коршиносони тоҷик мегӯянд, зарари ин таҳримҳо аз ҳама бештар ба муҳоҷирони кории тоҷик, ки теъдоди онҳо дар Русия беш аз ду миллион арзёбӣ мешавад, низ таъсири бади худро мерасонад.

Гуфта мешавад, мавқеи Доналд Трамп аз ҷониби коршиносон ҳамчун талоши дигарбора роҳандозии фишорҳо ба Маскав баҳогузорӣ мешавад. Дар давоми ин ҷанг, ки тақрибан се сол мешавад идома дорад, Амрико ва муттаҳидонаш даҳҳо навъи таҳримро алайҳи Русия ва бархе мақомоти он ҷорӣ кардаанд, аммо Русия бидуни имтиёз ба ин ҷанг хотима додан намехоҳад.

Тошиев: Созишномаи баҳсҳои марзӣ ба зудӣ аз ҷониби президентҳо имзо мешавад

0

Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, созишнома дар бораи муайянсозии марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон то ҷашни Наврӯз аз ҷониби президентҳо ба имзо мерасад.

Ба қавли расонаҳо, Камчибек Тошиев, муовини раиси Ҳукумати Қирғизистон ва роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар изҳор доштааст, ки ҳанӯз ҳам марҳилаи муайянсозии сарҳад идома дорад.

“Созишнома оид ба тамоми хатти сарҳад ба даст омадааст. Ҳоло танҳо ҳудуди 50 километр боқӣ мондааст. Комиссияи давлатии Тоҷикистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад дар шаҳри Бишкек қарор дорад. Ман фикр мекунам, ки то охири моҳи январ корҳо ба анҷом мерасанд.” — мегӯяд Қамчибек Тошиев.

Раиси КДАМ-и Қирғизистон изҳори умедворӣ карда, ки то иди Наврӯз президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон созишномаро ба тасвиб мерасонанд ва табодули нотаҳо анҷом меёбад.

Тошиев ҳамчунин афзуда, ки “Пас аз имзо гузоштани президентҳо зери созишнома, аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳамаи корҳои таъйин ва аломатгузории марзи давлатӣ миёни ду кишвар ба анҷом мерасанд.”

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ин маврид тавофуқоти ниҳоиро ба даст овардаанд ва муаянсозии қитъаҳои мавриди баҳс пурра анҷом шудааст. Ба ҳайатҳои ҳукуматии ҳар ду кишвар супориш шуда буд, ки ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсияи сарҳади давлатии ду кишвар оғоз кунанд.

Ихроҷи ҳазорҳо муҳоҷир аз Санкт-Петербург

0

Дар соли 2024 танҳо аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия зиёда аз 8 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шудаанд.

Тибқи оморҳои мақомот, аз шумори ихрҷошудаҳо 10,5% занон буда, аксарашон шаҳрвандони Узбекистон ва Тоҷикистон мебошанд.

Мақомоти Русия муҳоҷирони ихроҷшударо “ғайриқонунӣ” номида, иддао мекунанд, ки ҳамаи ин афрод қоидаҳои муҳоҷиратро вайрон карданд.

Инчунин аз аввали соли ҷорӣ додгоҳҳои Санкт-Петербург 248 муҳоҷирро тибқи моддаи 18.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Федератсияи Русия барои вайрон кардани қоидаҳои вуруд ё истиқомат дар ҳудуди Русия ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, ихроҷ кардаанд. Гуфта мешавад, ин афрод дар давоми панҷ соли оянда наметавонанд вориди хоки Русия шаванд.

Гуфта мешавад, танҳо дар соли 2024 бо қарори додгоҳҳои Русия беш аз 80 ҳазор муҳоҷир барои вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират аз хоки Русия ихроҷ шуданд, ки беш аз 23 ҳазор нафарашон ба Москав ва вилояти Москав рост меояд.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2023 аз Русия 44,2 ҳазор ва дар соли 2022 – 26,6 ҳазор муҳоҷир ихроҷ шуда буданд.

Мақомоти Русия иддао доранд, ки сабаби асосии ихроҷи ин афрод вайрон кардани қоидаҳои вуруд ё будубош дар ин кишвар мебошад ва муҳоҷирони рондашуда то панҷ сол ҳаққи баргаштан ба Русияро надоранд.

Дар баробари иддаои мақомот, ки мегӯянд, сабаби асосии ихроҷи ин афрод вайрон кардани қоидаҳои вуруд ё будубош аст, хабарҳое нашр шуда буданд, ки муҳоҷирон бо вуҷуди доштани ҳамма ҳуҷҷатҳои лозима ва бидуни ҳеч қонуншикание низ аз Русия ихроҷ шуданд ва ҳатто баъзе афрод якумра ҳаққи вуруд ба хоки ин кишварро дигар надоранд.

Назорат болои муҳоҷирин ва ихроҷи онҳо дар Русия баъд аз ҳодисаи хунин “Крокус Сити Холл”, ки гумонбарони он шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, шиддат гирифт. Пас аз ин ҳодиса чораҳои назоратӣ сахттар шуда, маҳдудиятҳои нав дар бораи фаъолияти кории муҳоҷирон дар аксар минтақаҳои Русия ҷорӣ карда шуданд.

Инчунин аз 5-уми феврали соли 2025 қонуни наве мавриди амал қарор мегирад, ки ба Вазорати корҳои дохилӣ иҷозат медиҳад муҳоҷиронро бе қарори додгоҳ аз кишвар хориҷ кунад. Дар ин ҳолат интизор меравад, шумори муҳоҷирони рондашуда аз ин кишвар бештар хоҳад шуд.

Кушта шудани сарбозони Кореяи Шимолӣ дар ҷанги Русия алайҳи Украина

0

Расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, дар ҷанги Русияву Украина ҳудиди 1000 сарбози Кореяи Шимолӣ, ки дар сафи артиши Русия меҷангиданд, кушта шудаанд.

Гуфта мешавад, аксари сарбозони кореягӣ дар минтақаи Курски Русия кушта шудаанд. Теъдоди сарбозони кушташуда, асирон, маҷруҳон ва нопадидшудагон 40 дарсади сарбозони Кореяи Шимолиро ташкил медиҳад. Дар ин бора ББС бо такя ба манбаъҳои худ, ки номашон зикр нашудааст, хабар додааст.

Таҳлилгарони ғарбӣ мегӯянд, баъд аз ҳамлаи Русия ба хоки Украина дар соли 2022, ки ин ҷангро Русия “амалиёти вижа” мехонад, ин кишвар ба шиддат бо камбуди нерӯи низомӣ рӯбарӯ шуд. Ва ҳоло ҳар роҳу восилаеро ҷустуҷӯ мекунад, ки сарбоз ҷалб кунад. Ҳузури сарбозони Кореяи Шимолӣ дар ҷанг алайҳи Украина баёнгари талафоти бузурги Русия дар ин ҷанг гуфта мешавад.

Тибқи иттилооти ғайрирасмӣ, аз замони шуруи ҷандг, аз моҳи вефрали 2022 то ин дам теъдоди сарбозони кушташудаи Русия зиёда 100 ҳазор баровард шудааст.

Росонаҳои Тоҷикистон борҳо аз ҷалби зиндониёни тоҷик дар Русия бо ваъдаи озодшавӣ аз зиндон ба ҷанг бар зидди Украина хабар додаанд. Ҳамчунин хабарҳое нашр мешавад, ки мақомоти Русия муҳоҷирони кории тоҷикро бо ваъдаи додани шаҳрвандӣ ва маоши хуб барои иштирок дар ин ҷанг даъват мекунад.

Гуфта мешавад, то ин дам чандин тоҷикистонӣ, ки шаҳрвандии Русияро доштанд, дар ҷанги Русия алайҳи Украина кушта шуданд ва қисме дигаре, ки нахостанд ширкат кунанд, барои саркашӣ аз ҷанг аз ҳаққи шаҳрвандии Русия маҳрум гардиданд.

Дар Тоҷикистони сероб, сокинон оби нӯшиданиро аз борон ҷамъ мекунанд

0

Сокинони бархе деҳаҳои дурдасти Тоҷикистон солҳост аз норасоии оби ошомиданӣ ранҷ мекашанд, вале касе аз масъулин барои рафъи мушкилоти онҳо талош намекунад.

Дафтари Осиёи Марказӣ оид ба гузоришҳои таҳлилӣ (CABAR.asia) дар гузориши ахире, ки 15-уми январи соли ҷорӣ нашр кардааст, мегӯяд, сокинони деҳаи Лолазори ноҳияи Вахши вилояти Хатлон солҳост аз норасоии ҷиддии оби тоза ранҷ мекашанд.

Деҳаи Лолазор дар теппаҳои ноҳияи Вахш ҷойгир аст ва 140 километр дуртар аз Душанбе қарор дорад. Ин деҳа тобеи ҷамоати деҳоти Машъал буда, дар байни се ноҳияи вилояти Хатлон: Вахш, Кӯшониён ва Данғара ҷойгир аст.

Деҳаи Лолазор, ки 10 сол пеш тақрибан 40 оила дар он зиндагӣ мекард, ҳоло ҷамъияти он ба 80 оила афзоиш ёфта, шумораи аҳолии ин деҳа ҳар сол зиёдтар мешавад.

Аҳолии деҳа мегӯянд, ки бо зиёд шудани сокинон мушкили норасоии об шадидтар мешавад ва об барои нӯшиданӣ ва кишоварзӣ вуҷуд надорад.

Давлат Ғафуров, сокини 75-солаи ин деҳа мегӯяд, онҳо солҳо боз оби тоза барои нӯшидан ва дигар ниёзҳояшон надоранд. “Мардум оби борон ва оби барфро ҷамъоварӣ мекунанд ва ба сабаби нокофӣ будани оби ҷамъкардашуда боз чор тонна оби нӯшокиро ба 150 сомонӣ (тақрибан 15 доллари ИМА) мехаранд.” – мегӯяд ин сокини деҳаи Лолазор.

Ӯ дар идома мегӯяд, ки ҳосилнокии маҳсулот низ аз миқдори боришот вобаста аст.

Гуфта мешавад, аҳолии деҳа дар мавсимҳои боронӣ ва боридани барф обро барои истифода дар давоми сол ҷамъ мекунанд.

Як сокини дигари ҳамин деҳа бо номи Анвар мегӯяд, ки дар замони шӯравӣ дар деҳа об буд ва мардум аз ин ҷиҳат камбуд надоштанд. “Об аз дарёи Вахш тавассути қубурҳои обгузар оварда мешуд. Аммо ҳоло ин қубурҳо фарсуда ва баста шудаанд ва аз онҳо об намегузарад.”

Ҳамзамон дар робита ба мушкилоти камобӣ хонум Давлатмоҳ, сокини 67-солаи деҳаи Лолазор мегӯяд, ба далели набуди об маҷбуранд онро дар ҳама кор сарфаҷӯӣ кунанд.

“Мо обро дар ҳама чиз, ҳатто дар шустани дасту рӯй ва либос сарфа мекунем. Агар об набошад, мехарем. Бо оби харидашуда ва кам чӣ гуна бемалол худро шустшӯ кардан мумкин аст? Мо худамон оббозӣ мекунем, вале дар шустани либосҳоямон хеле обро кам масраф мекунем. Оби барф ва оби боронро дар чолаҳо ҷамъ мекунем, аммо ин кифоят намекунад”, – мегӯяд ӯ.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ба гузоришгарони “CABAR.asia” дар робита ба камбуди об дар деҳаи Лолазор гуфта, ки норасоии об на танҳо дар ин деҳа, балки дар аксари ноҳияҳои ин вилоят вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи оморҳои расмӣ, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои бой аз ҳисоби оби тоза аст, ки дорои беш аз 900 дарё, 20 кӯл ва 9550 пирях мебошад. Тавре оморҳо нишон медиҳанд, Тоҷикистон беш аз 65% захираҳои оби тозаи Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад ва дар байни ин кишварҳо аз нигоҳи дорои сарчашмаҳои оби тоза ҷои аввалро ишғол мекунад. Ва аммо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷузъи даҳгона кишварҳои дунёст, ки оби тоза ва қобилӣ ошомиданиро дорад. Вале бо вуҷуди ин, сокинон дар аксар навоҳии дурдасти кишвар ҳанӯз аз камбуди об ранҷ мекашанд ва барои нӯшидан аз барфу борон об ҷамъ мекунанд ва ё онро мехаранд.

Ҳамлаи шадиди Исроил ба Ҷанин

0

Расонаҳои фаластинӣ мегӯянд, ки режими Исроил баъди эълони оташбас дар Ғазза ҷангро ба Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ба дохили Фаластин интиқол додааст.

Бино ба иттилои шабакаи “Ал-Ҷазира”, 21-уми январи соли 2025 масъулони бемористони минтақаи Ҷанини Фаластин иттилоъ доданд, ки дар ҳамлаи ахири Исроил, ки субҳи имрӯз шурӯъ шудааст, ҳудуди 80 нафар аз шаҳрвандони фаластинӣ кушта ва захмӣ шуданд.

Ба қавли масъулони бемористони минтақаи Ҷанин, дар ҳамлаи субҳи дирӯзи нерӯҳои исроилӣ 6 кас кушта ва 72 нафари дигар захмӣ шуданд, ки қариб ҳама захмиҳо ва кушташудаҳо занону кӯдакон ва шаҳрвандони мулкӣ мебошанд, ки ҳеч рабте ба нерӯҳои муқовимат надоранд.

Ҳамзамон ҲАМОС аз сокинони фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ хостааст, ки бо тамоми нерӯ аз худ дифоъ кунанд ва нагузоранд, ки шаҳракнишони ифротӣ ва нерӯҳои исроилӣ ба онҳо осиб бирасонанд.

Гуфта мешавад, набардҳои нерӯҳои исроилӣ бо фаластиниҳо дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдуни Фаластин солҳост идома дорад, вале аз замони ҳамлаи ахири Исроил ба Ғазза дар тӯли беш аз 15 моҳи ахир ин ҳамлаҳо густариш ёфтааст.

Аз сӯи дигар, мақомоти фаластинӣ, бо раҳабрии Маҳмуд Аббос, ки амалан масъули таъмини амният ва тартиботӣ ҷамъиятӣ дар ин минтақа дониста мешаванд, ба ҳамкорӣ бо нерӯҳои исроилӣ ва саркӯб кардани фаластиниҳо муттаҳам мешаванд.