Мақомоти шаҳри Душанбе ҷамъшавии корҷӯёнро дар минтақаҳои гуногуни пойтахт барои пайдо кардани кор мамнуъ карданд.
Ба гуфтаи баъзе аз корҷӯён, мақомоти пойтахт иҷозат намедиҳанд, ки мардикорон дар гӯшаҳои гуногуни шаҳр ҷамъ шуда, ба истилоҳи мардумӣ “мардикорбозор” ташкил кунанд. Дар пайи ин маҳдудиятҳо, фаъолияти корҷӯён дар чанде аз минтақаҳои шаҳр коҳиш ёфтааст.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ зимни боздид аз яке аз маконҳои ҷамъшавии мардикорон дар ноҳияи Фирдавсӣ манзараи ғайримаъмулро мушоҳида карданд. Ба фарқ аз солҳои қаблӣ, мардикорон дигар асбобу анҷоми кори худро пеши худ намегузоранд ва танҳо мунтазири пайдо шудани корфармо мемонанд.
Ба гуфтаи худи мардикорон, сабаби чунин вазъ тарс аз рейдҳои маъмурони милиса аст. Онҳо мегӯянд, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавонанд ҳар лаҳза омада, онҳоро пароканда кунанд ва асбобу таҷҳизоти кориашонро мусодира намоянд.
Корҷӯён ҳамчунин мегуянд, ки дар ду моҳи ахир маъмурони милиса онҳоро пайваста аз ҷойҳои ҷамъшавӣ меронанд ва ҳушдор медиҳанд, ки дигар дар ин маконҳо ҷамъ нашаванд. Ин ҳолат боиси нигаронии мардикорон шудааст, зеро барои бисёре аз онҳо чунин ҷойҳо ягона имкони пайдо кардани кор ба ҳисоб меравад.
Зафар Хоҷаев, ки мардикор аст, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки онҳо дар ин ҷо кори ҳалол мекунанд, то нони ҳалол ба даст биёранд, на ҷиноят. Ба қавли ӯ, фарди бекор ва ночор метавонад ба ҳар коре даст занад: «Чӣ кор мекунад? Роҳзанӣ мекунад ё ягон кори бад мекунад. Агар ҳамин хел бекор монад, ба кори бад меравад. Мегӯянд, одами гурусна ба шер ҳам мезанад».
Сафаралӣ ном як мардикори дигар мегӯяд: “Ҳамин ғам надиҳанд, ин ҷо наистед гуфта. Мо ин ҷо меистем, ягон кор омад, мегирем меравем, кор, ки иҷро шуд меравем хона.”
Аз идораи пулиси ноҳияи Фирдавсӣ ва Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон ин мавзуъро бо таври варшан шарҳ надоданд.
Ба гуфтаи коршиносон, аксари афроде, ки маъмулан дар “мардикорбозор”-ҳои Душанбе ҷамъ меоянд, муҳоҷирони корие ҳастанд, ки аз Русия ихроҷ ё худ маҷбур ба бозгашт ба Тоҷикистон шудаанд. Ин афрод пас аз бозгашт ба Ватан, дар шароити камбуди ҷойҳои корӣ, барои пешбурди зиндагии рӯзмарра маҷбур мешаванд ба мардикорӣ рӯ оваранд.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки мардикорӣ барои бисёре аз ин муҳоҷирони бозгашта на интихоби дилхоҳ, балки роҳи маҷбурии дарёфти даромади ҳадди ақал аст. Ба гуфтаи онҳо, маҳдуд ё манъ кардани фаъолияти мардикорон бидуни пешниҳоди ҷойҳои кори алтернативӣ метавонад вазъи иҷтимоиро боз ҳам печидатар кунад.
Рондани корҷӯён аз “мардикорбозор”-ҳо роҳи ҳалли мушкил нест ва баръакс метавонад боиси афзоиши норозигии як қишри ҷомеа аз сиёсати ҳукумат гардад. Коршиносон мегӯянд, агар кори мардикорон ба таври қонунӣ танзим нашавад ва барои онҳо ҷойҳои кори воқеӣ фароҳам нагардад, чунин тадбирҳо метавонанд паёмадҳои манфии иҷтимоиро ба бор оранд.
Онҳо мегӯянд, ки ҳукумат бояд ба ҷойи маҳдуд кардан, фаъолияти мардикоронро расмӣ кунад, низоми соддаи бақайдгирӣ ва андозбандӣ ҷорӣ намояд ва ҳамзамон барои муҳоҷирони бозгашта ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварад.