Хона блог саҳифа 10

Нуриддин Қаршибоев: Дар Тоҷикистон худсензура миёни рӯзноманигорон ва блогерон афзоиш ёфтааст

0

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, дар солҳои охир сатҳи худсензура миёни рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик ба таври назаррас афзоиш ёфта, вазъи фаъолияти расонаҳо дар кишвар «муташанниҷ» боқӣ мондааст.

Қаршибоев дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки бисёре аз рӯзноманигорони ҷавон ва блогерон баъди ба истилоҳ «суҳбатҳои дӯстона» бо намояндагони мақомот аз баррасии мавзӯъҳои ҳассос худдорӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, яке аз сабабҳои асосии чунин вазъ оғози парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи бархе рӯзноманигорон дар солҳои охир мебошад. Ӯ гуфт, маҳкум шудани ҳамкасбонашон барои дигар намояндагони расонаҳо як навъ ҳушдор шуд, ки эҳтиёткор бошанд.

Қаршибоев ҳамчунин гуфт, ки мушкили асосии рӯзноманигорон ҳамоно маҳдуд будани дастрасӣ ба иттилоот аст. Ба гуфтаи ӯ, дар бархе вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллӣ аҳамияти ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ҳанӯз пурра дарк нашудааст. Вай инчунин аз ҳолатҳои даъватҳои ғайриқонунӣ ба мақомоти давлатӣ ва дигар фишорҳо нисбат ба рӯзноманигорон ёдовар шуд.

Дар ҳамин замина, НАНСМИТ бо ҳамкории шарикони байналмилалӣ тарҳи дусолаи «Эҷоди муҳити амн барои кори рӯзноманигорон ва блогерҳо»-ро роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи Қаршибоев, ҳадафи асосии ин барнома расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба рӯзноманигорон ва блогерон, инчунин баланд бардоштани саводи расонаӣ ва малакаи ташхиси хабарҳои бардурӯғ мебошад.

Қаршибоев ҳамчунин аз озод шудани ду рӯзноманигор — Абдусаттор Пирмуҳаммадзода ва Завқибек Саидаминӣ дар асоси қонуни афв истиқбол карда, гуфт, ки дар сурати муроҷиати онҳо, Анҷуман омода аст ба онҳо кумаки ҳуқуқӣ расонад.

Тибқи маълумоти Радиои Озодӣ, аз соли 2022 то соли 2026 дар Тоҷикистон дасти кам 10 рӯзноманигор ва блогер боздошт ва бо иттиҳомҳои гуногун ба муҳлатҳои аз 7 то 20 соли зиндон маҳкум шудаанд. Худи онҳо ин иттиҳомҳоро рад кардаанд. Моҳи июли соли ҷорӣ се нафари онҳо бар асоси қонуни афв аз зиндон озод шуданд.

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи манбаъҳои нави сӯзишворӣ

0

Тоҷикистон дар пасманзари маҳдуд шудани воридоти маҳсулоти нафтӣ аз Русия ва бо дарназардошти нооромии бозори ҷаҳонӣ, талош дорад манбаъҳои нави таъмини сӯзишвориро пайдо кунад. Дар ҳамин замина, мақомоти кишвар ҳамзамон бо Қазоқистон, Чин ва дигар кишварҳои минтақа масъалаи афзоиши воридоти маҳсулоти нафтиро баррасӣ доранд.

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29-уми июл дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев мулоқот карда, масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти нафтии Қазоқистон ба бозори Тоҷикистонро баррасӣ намуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, ин мавзӯъ “бо дарназардошти вазъи кунунии бозорҳои ҷаҳонӣ ва минтақавии энержӣ” матраҳ шуда, ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, нақлиёту логистика, тиҷорати дуҷониба ва дигар самтҳои ҳамкориро муҳокима ва аз “раванди ҳамкорӣ қариб дар ҳама соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ” кардаанд. 

Илова бар ин, рӯзи 29-уми июл вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сафири Чин дар Душанбе Го Жиҷун масъалаи воридоти маҳсулоти нафтӣ аз ин кишварро низ баррасӣ кардааст. Вазорат хабар додааст, ки дар ин мулоқот ба масъалаи воридоти сӯзишворӣ аз Чин таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст, аммо ҷузъиёти бештар ва мавқеи ҷониби Чин ҳанӯз эълон нашудааст.

Масъалаи таъмини Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ ҳамчунин рӯзи 28-уми июл дар ҷаласаи ҳукумати кишвар баррасӣ гардида, нишон медиҳад, ки таъмини бозори дохилӣ бо сӯзишворӣ ба яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯзномаи мақомоти Тоҷикистон табдил ёфтааст. Қаблан Далер Ҷумъа гуфта буд, ки захираҳои мавҷудаи маҳсулоти нафтӣ барои ҳадди ақал ду моҳи оянда ва бештар аз он кофӣ мебошанд.

Талошҳои Душанбе барои ҷустуҷӯи бозорҳои алтернативӣ дар ҳолест, ки Русия содироти бензинро пас аз ҳамлаҳои паҳподии Украина ба корхонаҳои нафтиаш маҳдуд намуда, қасд дорад ин маҳдудиятро то охири соли ҷорӣ тамдид кунад. Гуфтанист, беш аз 90 дарсади маҳсулоти нафтии Тоҷикистонро Русия таъмин мекунад,

Пас аз тасмими Русия, дар аввали моҳи июл дар бархе аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе дизел муваққатан камёб шуд ва дар баъзе нуқтаҳо фурӯши он бо маҳдудияти на бештар аз 20 литр барои ҳар як мошин сурат мегирифт ва нархи як литр дизел то ба 17–18 сомонӣ расид.

800 000 шиносномаи русии тоҷикон ва тарси мақомоти Русия 

0

Масъалаи шаҳрвандигирӣ ва танзими равандҳои муҳоҷирати корӣ миёни Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба яке аз мавзӯъҳои меҳварии мубоҳисаҳои сиёсиву иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Ин мавзӯъ на танҳо ба ҳаёти миллионҳо оила дар Тоҷикистон, балки ба сохтори демографӣ ва бозори меҳнати Русия низ таъсири мустақим мерасонад.

Омори даҳсола: 800 ҳазор шаҳрванди нав

Бино ба маълумоти расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, давоми 10 соли охир тақрибан 800 ҳазор шаҳрванди кишвар соҳиби паспорти Русия шудаанд. Ҳадди ақал дар даҳсолаи ахир шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи шумори дарёфткунандагони шаҳрвандии РФ дар мавқеъи аввал қарор доранд. Мақомоти Тоҷикистон бар ин назаранд, ки дарёфти шаҳрвандии кишвари дувум интихоби шахсии шаҳрвандон буда, бештар барои таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, таҳсил ва шароити беҳтари корӣ дар қаламрави РФ нигаронида шудааст.

Барои мисол Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар нишасти хабариаш дар чанд рӯзи қабл гуфт мақомот ин равандро таҳдид ба ҳуввити миллӣ намедонанд. “Мо итминон дорем, ки бо вуҷуди қабули шаҳрвандии кишвари дигар, ҳар тоҷик тоҷик хоҳад монд” – гуфт ӯ. 

800 ҳазор ин шумори танҳо онҳоест, ки шаҳрвнадии Русияро дарёфт кардаанд. Дар ин муддат, тибқи тахмини коршиносон дар Русия хонаводаҳои тоҷик садҳо ҳазор кӯдаки дигар таваллуд кардаанд, ки ба ин шумор ворид намешавад. Ва зоҳиран ин раванд ва ин шумора мақомоти Русияро нороҳат кардааст.

Ташдиди назорат ва фишор барои ҷалби муҳоҷирон ба комиссариатҳо

Ҳамзамон, дар Думаи давлатии Русия мубоҳисаҳо атрофи ташдиди назорати мигратсионӣ ба марҳилаи нав қадам гузоштанд. Дар ин замина, силсилаи қонунҳои нав ба тасвиб расиданд, ки шароити нигоҳ доштани шаҳрвандиро ба таври назаррас сахттар мекунанд. Ҳоло дигар имкони ин ки як муҳоҷир метавонад барои гузаштан аз чароғаки сурх ё напардохтани андози кӯчаке ихроҷ шавад, бисёр зиёд аст.

Яке аз тағйироти асосӣ ва калидӣ ба ҳатмӣ будани баҳисобгирии ҳарбӣ дахл дорад. Мувофиқи қонунгузории нав, шаҳрвандони собиқи хориҷӣ, ки паспорти Русияро ба даст меоранд, вазифадоранд дар муҳлати муайяншуда ба комиссариати ҳарбӣ (военкомат) муроҷиат намоянд. Саркашӣ ё наомадан ба баҳисобгирии ҳарбӣ акнун асоси мустақим барои бекор кардани қарор дар бораи додани шаҳрвандӣ ва мусодираи шиноснома мегардад.

Амалиёти пайваста ва хавфи истирдоди оилаҳо

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия (МВД, Кумитаи тафтишотӣ ва ФСБ) пайваста алайҳи шахсоне, ки ба содир кардани ҳуқуқвайронкунӣ айбдор мешаванд ё аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, рейду амалиётҳои махсус мегузаронанд.

Садҳо ҳолате ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо шаҳрвандии гирифташуда бекор карда шуда, шахсони қоидавайронкунанда аз кишвар хориҷ (депортатсия) карда мешаванд.

Таҷрибаҳои додгоҳӣ чанд соли охир дар Русия нишон медиҳанд, ки дар сурати содир кардани ҷиноят ё ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиддӣ аз ҷониби як аъзои оила, хавфи депортатсия ва бекор кардани ҳуҷҷатҳои истиқомат барои аъзои дигари оила низ ба миён меояд.

Шурӯъ аз соли 2025 роҳандозии «режими махсуси хориҷкунӣ» ва феҳристи ягонаи шахсони таҳти назорат имконияти будубоши ғайриқонунӣ, кушодани ҳисобҳои бонкӣ, харидани амвол ва пешбурди кори соҳибкориро барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ комилан маҳдуд намуд.

Созишномаҳои нав дар бораи ташкили “интихоби созмондодашуда (оргнабор) ва гузаштани санҷишҳои тиббиву дактилоскопия бевосита дар шаҳри Душанбе нишон медиҳанд, ки муносибатҳо ба марҳилаи нави назорати пӯшида гузаштаанд. Аз як тараф, имкони кор ва соҳиб шудан ба ҳуҷҷатҳо мавҷуд аст, аммо аз тарафи дигар, талабот ба риояи пӯрраи қонунҳо ва иҷрои масъулиятҳо нисбат ба гузашта афзоиш ёфтааст.

Амрико ҳамлаҳои нав алайҳи Эронро оғоз кард; таниш дар Ховари Миёна дубора авҷ гирифт

0

Артиши Иёлоти Муттаҳида пас аз таваққуфи чандрӯза амалиёти низомии худро алайҳи Эрон аз сар гирифт. Ин ҳамлаҳо дар пайи ҳамлаҳои мушакии Эрон ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Урдун анҷом дода шуданд.

Фармондеҳии марказии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА (CENTCOM) 30-уми июл эълом кард, ки дар ҷараёни як амалиёти тақрибан дусоата даҳҳо ҳадафи вобаста ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон , аз ҷумла марказҳои фармондеҳӣ, пойгоҳҳои мушакӣ ва бесарнишинҳо (дронҳо), инчунин мавқеъҳои мудофиаи соҳилӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд.

Ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, ин амалиёт посух ба ҳамлаҳои мушакии Эрон ба нерӯҳои амрикоӣ дар Урдун буда, ҳадафи он коҳиш додани имконияти Эрон барои анҷом додани ҳамлаҳои нав ва ҳифзи амнияти нерӯҳои ИМА дар минтақа мебошад.

Ҳамзамон мақомоти Урдун хабар доданд, ки нерӯҳои дифои ҳавоии ин кишвар панҷ мушаки партобшуда аз ҷониби Эронро дар фазои ҳавоии кишвар раҳгирӣ ва нобуд кардаанд.

Аз ҷониби Эрон низ расонаҳои давлатӣ аз талафот дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла ҷазираи Қишм, хабар додаанд. Бо вуҷуди ин, мақомоти эронӣ ҷузъиёти пурраи хисорот ва шумораи қурбониёнро расман эълон накардаанд.

Бо шиддат гирифтани даргириҳо, нигарониҳо аз густариши низоъ дар Ховари Миёна афзоиш ёфта, талошҳои миёнҷигарон барои коҳиши таниш ва азсаргирии музокирот миёни Вашингтон ва Теҳрон идома доранд.

Наврас барои куштори ронандаи таксӣ зиндонӣ шуд

0

Додгоҳи вилояти Хатлон як наврасро дар куштори ронандаи 38-солаи таксӣ аз ноҳияи Ёвон Лутфулло Сафаров гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндон маҳкум кардааст.

Бино ба иттилои “Азия-Плюс” ҳукм рӯзи 23-юми июл содир шуда, номи маҳкумшуда ба далели ноболиғ буданаш нашр нашудааст.

Гуфта мешавад, додгоҳ ин наврасро бар асоси моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ — одамкушӣ бо бераҳмии махсус ва моддаи 249, қисми 4 — роҳзанӣ гунаҳкор эътироф кардааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки наврас, пайвандон ё вакили дифои ӯ аз ҳукми додгоҳ шикоят бурдаанд ё не. Назари онҳо ба қарори додгоҳ низ дастрас нест. Пайвандони Лутфулло Сафаров ҳам аз шарҳи ҳукм худдорӣ кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Лутфулло Сафаров, ки соҳиби чаҳор фарзанд буд дар ширкати таксии “3333” дар ноҳияи Ёвон кор мекард. Ҷасади ӯро сокинон рӯзи 4-уми апрели соли ҷорӣ дар яке аз заминҳои кишоварзӣ пайдо карданд.

Падари марҳум қаблан гуфта буд, ки тақрибан соати 17:30-и 3-уми апрел ба мошини Лутфулло ду нафаре нишастаанд, ки нақшаи куштанашро доштаанд ва аз ӯ хостаанд, ки онҳоро ба деҳаи Дастгирак барад, аммо дар як дашт ба Лутфулло 9 корд, аз ҷумла се корд аз пушти гарданаш задаанд. Ва онҳо мошинашро гирифта, фирор кардаанд, вале пул ва дигар ҳуҷҷатҳояш дар ҷайбаш буданд.

Ин мард бо такя ба иттилои мақомот ҳамчунин гуфтааст, ки дар пайванд ба ин ҳодиса хонандаи синфи 11-и мактаби деҳаи Дастгирак боздошт шудааст. Мақомот мошини писарашро ҳам дар назди хонаи гумонбар ёфтаанд ва гумонбар гӯё гуфтааст, ки танҳо ин қатлро анҷом додааст. Аммо Фатҳулло Сафаров бар ин бовар аст, ки дар қатли Лутфулло ду-се нафар даст доранд.

Мақомот бо вуҷуди эълони ҳукми наврас ҷузъиёти ин ҳодисаро нашр накардаанд.

Ҷаҳиши 44%-ии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон. Аз кадом ҳисоб?

0

Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввал, гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон афзоиши чашмрасро нишон дода, ба беш аз 6,82 миллиард доллар расид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,2% бештар аст. Аммо паси ин рақамҳои хиракунанда чӣ меситад ва аз куҷо ин ҷаҳиш ба вуҷуд омад? 

Содироти кишвар бо як ҷаҳиши бузург 65,4% афзоиш ёфта, ба 1,58 миллиард доллар расид. Аммо мутаассифона омили асосии ин афзоиш қимати афзондаи металлҳои қиматбаҳо дар бозори ҷаҳонӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истихроҷи онҳо дар дохили кишвар мебошад.

Тақрибан 80%-и тамоми даромади содиротӣ аз ҳисоби ашёи хоми конҳо ва металлҳо ба даст омадааст:

  • Металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо (асосан тилло): беш аз 517 миллион доллар (тақрибан сеяки тамоми содирот).
  • Консентратҳои металлӣ ва маъдан: 451,7 миллион доллар.
  • Сурма (сурма): 144,3 миллион доллар.
  • Алюминийи аввалия: 116,6 миллион доллар.

Бахши кишоварзӣ, саноати нассоҷӣ (нахӣ пахта ва матоъ) ва содироти нерӯи барқ гарчанде динамикаи мусбат доранд, аммо ҳанӯз ҳиссаи камтари даромади асъориро ташкил медиҳанд.

2. Сабабҳои афзоиши воридот

Воридоти ашё ва маҳсулот ба кишвар дар ин давра 38,8% афзоиш ёфта, ба 5,24 миллиард доллар расид. Гурӯҳҳои асосии маҳсулоти воридотӣ инҳоянд:

  • Маводи сӯзишворӣ ва энергетикӣ: маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ (воридоти асосӣ аз Русия сурат мегирад).
  • Татбиқи лоиҳаҳои бузург: таҷҳизоту техникаи саноатӣ барои азнавсозии НБО «Норак» ва сохтмони НБО «Роғун».
  • Маводи ғизоӣ ва ашёи хом: гандум, орд, равғани растанӣ ва масолеҳи сохтмон.

Афзоиши воридоти таҷҳизот ба давраи фаъоли саноатикунонии кишвар алоқаманд аст, аммо он ҳамзамон вобастагии бозори истеъмолиро аз маҳсулоти хориҷӣ нишон медиҳад.

Новобаста аз афзоиши чашмраси содирот, тавозуни тиҷоратии Тоҷикистон ҳамоно дар таносуби бисёр бузург манфист: ҳаҷми воридот ($5,24 млрд) аз содирот ($1,58 млрд) беш аз 3 баробар зиёд буда, фарқияти он (касри тиҷоратӣ) ба 3,66 миллиард доллар мерасад.

Радабандии шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра фарқи чандоне дар худ ҷой надодааст:  Чин ва Русия дар ҳаҷми умумии гардиши мол ва воридот мавқеи пешсафиро нигоҳ медоранд. Қазоқистон харидори бузургтарини маъдан ва консентратҳои Тоҷикистон боқӣ мемонад. Кишварҳои Аврупо (аз ҷумла Швейтсария ва Нидерланд) самтҳои анъанавӣ барои содироти металлҳои қиматбаҳо ба шумор мераванд.

Ҷаҳиши кунунии тиҷорати хориҷӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз вазъияти мусоиди бозори ҷаҳонии металлҳо барои пур кардани бюдҷет ва захираҳои тиллову асъор самаранок истифода мебарад. Аммо вазифаи асосии мақомот — гузариши тадриҷӣ аз содироти ашёи хом ба коркарди пӯрраи маҳсулот дар дохили кишвар боқӣ мемонад, ки мутаассифона бисёр кунд пеш меравад. .

Афзоиши 65 дарсадии ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

0

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти Русия 43 ҳазору 700 муҳоҷирро барои нақзи қонунгузории ин кишвар ихроҷ кардаанд.

Бино ба иттилои раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин, ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65,5 дарсад бештар мебошад.

Бар асоси ин омор, дар шаш моҳи аввали соли 2026 тақрибан 26 ҳазору 400 муҳоҷир аз Русия ихроҷ шуда, танҳо Вазорати корҳои дохилии Русия дар давоми соли 2026 беш аз 72 ҳазор муҳоҷирро бо иддаои нақзи қонунгузории ин кишвар ихроҷ кардааст.

Маълум нест, дар миёни муҳоҷирони ихроҷшуда чанд нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, чун на мақомоти Русия ва на мақомоти Тоҷикистон омореро дар ин бора нашр накардаанд.

Ба гуфтаи Володин, афзоиши шумораи ихроҷҳо натиҷаи тағйироти ахири қонунгузории вобаста ба муҳоҷират мебошад, чун то соли 2025 қарор дар бораи ихроҷи муҳоҷирон танҳо аз ҷониби суд қабул мешуд. Аммо аз моҳи феврали соли 2025 қонуни федералӣ ба иҷро даромад, ки бар асоси он Вазорати корҳои дохилии Русия низ ҳақ пайдо кард, бидуни муроҷиат ба суд қарор дар бораи ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро қабул намояд.

Ҳамзамон, ҳафтаи гузашта Думаи давлатӣ қонуни наверо қабул намуд, ки доираи ҳолатҳои пешбиникунандаи ихроҷи муҳоҷиронро ба таври назаррас васеъ мекунад.

Пеш аз ин, ихроҷ танҳо барои вайрон кардани 22 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия, аз ҷумла, ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, нақзи қоидаҳои муҳоҷират ва сарҳад, инчунин баъзе дигар ҳуқуқвайронкуниҳои вазнин, пешбинӣ шуда буд.

Акнун ба ин рӯйхат 45 моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ ҳамроҳ шуда, тибқи қонуни нав, муҳоҷирон метавонанд барои саркашӣ аз иҷрои талаботи қонунии корманди полис ё низомиён ҳангоми ҳифзи сарҳади давлатӣ, паҳн кардани маводи интернетие, ки ба гуфтаи мақомоти Русия шаъну шарафи инсон ё ахлоқи ҷамъиятиро таҳқир мекунад, вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, амалҳое, ки истифодаи Қувваҳои мусаллаҳи Русияро бадном мекунанд ё ба ҷорӣ ва ё тамдиди таҳримҳо алайҳи Русия даъват менамоянд, инчунин барои амалҳои марбут ба табъиз вобаста ба ҷинс, миллат, нажод, забон, дин ва дигар аломатҳо аз ин кишвар ихроҷ ва ҷарима шаванд.

Сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратии Русия дар ҳолест, ки тибқи гуфтаи коршиносон иқтисоди ин кишвар то ҳол аз нерӯи кори муҳоҷирон, бахусус дар бахшҳои сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, кишоварзӣ ва логистика вобастагии зиёд дорад. Бархе корфармоёни рус низ қаблан ҳушдор дода буданд, ки маҳдудиятҳои бештар метавонанд норасоии қувваи кориро дар бозори меҳнат амиқтар созанд.

Боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Лаҳистон бо шумули як шаҳрванди Тоҷикистон

0

Хадамоти марзбонии вилояти Силезияи (Śląskiego) Полша дар ҷараёни амалиёти рӯзҳои истироҳат 28 шаҳрванди хориҷиро, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави ин кишвар қарор доштанд, боздошт кардааст. Байни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст. Дар ин бора Хадамоти марзбонии Полша (Śląski Oddział Straży Granicznej) хабар додааст.

Тибқи иттилои расмӣ, аз шумораи умумии боздоштшудагон 13 нафар дар шаҳри Ченстохова (Częstochowa) дастгир шудаанд. Аз ҷумла 10 шаҳрванди Колумбия, 2 шаҳрванди Индонезия ва як шаҳрванди Ироқ. 15 нафари дигарро кормандони дигари воҳидҳои Хадамоти марзбонӣ боздошт кардаанд.

Гӯфта мешавад,дар маҷмӯъ, миёни боздоштшудагон 15 шаҳрванди Колумбия, 3 шаҳрванди Молдова, 2 шаҳрванди Индонезия, 2 шаҳрванди Ӯзбекистон ва якнафарӣ аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Ветнам, Гурҷистон, Ироқ ва Венесуэла будаанд.

Мақомот мегӯянд, ҳеҷ яке аз боздоштшудагон ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи будубоши қонуниро пешниҳод карда натавонист. Бархе муҳлати иҷозаи иқоматашонро гузашта буданд, баъзеҳо ғайриқонунӣ кор мекарданд ва қисми дигар бо ҳадафе ғайр аз мақсади эълоншуда дар Полша қарор доштанд.

Аксари боздоштшудагон аллакай қарор дар бораи тарки ҳатмии Полшаро гирифтаанд. Ҳамчунин барои онҳо манъи вуруд ба кишварҳои минтақаи Шенген то се сол муқаррар шудааст. Нисбати чанд нафари дигар санҷишҳои маъмурӣ идома доранд.

Бино ба маълумоти Хадамоти марзбонии вилояти Силезия,(Śląskiego)аз аввали соли 2026 то кунун кормандони ин ниҳод 1 501 қарор дар бораи бозгардондани шаҳрвандони хориҷӣ аз қаламрави Полша содир кардаанд.

Қабули қонун дар бораи манъи ҳиҷобу риш: овоза ё воқеъият?

0

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон овоза мабнӣ бар дар сатҳи қонунгузорӣ манъ шудани ришу ҳиҷобро рад кард. Ба гуфтаи ин кумита дар Тоҷикистон чунин қонуне қабул нашудааст.

Як масъули ин ниҳод ба Азия Плюс гуфтааст, ки овозаҳо дар бораи қабули чунин қонуне асос надоранд. 

Рӯзҳои охир бархе расонаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия аз манъи ҳиҷобу риш дар Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки гӯё бо қабули қонуни нав иҷроӣ шудааст. Ин ахбор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гарме роҳ андохта, нигарониҳои ба бор овардаанд.

Бархе расонаҳо навиштаанд барои риши дароз ё ҳиҷоб ҷаримаҳои сангин ҷорӣ шудаанд ва ҳатто баъзе шаҳрвандон маҷбуранд, пас аз тарошидани ришашон ҳар ҳафта ба мақомот акс фиристанд. Бархе расонаҳо ба оҷонсии «Азия-Плюс» истинод мекунанд, аммо АП менависад моҳҳои охир чунин хабареро нашр накардааст.

“Вазъи таъмини ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандони Тоҷикистон дар он сатҳе нест, ки дар баъзе расонаҳо ё арзёбиҳои ниҳодҳои гуногун дида мешавад. Барои таъмини озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин заминаҳои асосии қонунгузорӣ ва дигар шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Мутаассифона, арзёбиҳои вазъи озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон мутобиқ ба вазъи воқеӣ нест. Зеро дар бештари маврид созмонҳои арзёбикунанда ахбори расонаҳои ғайримуътамадро сарчашма қарор медиҳанд”, – гуфтааст як масъули Кумитаи дин.

Дар ҳамин ҳол овозаҳо чандон беасос ҳам нестанд. Ду сол пеш ба Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи моддаи 18-и ин қонн, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ воридот, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани «либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона» манъ карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, қонун дар таърифи дақиқи он, ки кадом либос «бегона» ҳисобида мешавад,сукут варзидааст. Андозаи ҷаримаҳои эҳтимолӣ низ мушаххас нашудааст. Аз як тараф агар ин номуайянӣ сабаби паҳни овозаҳо шавад, аз тарафи дигар масъулини кумитаҳои марбут ва мақомоти амниятиву низомӣ аз ин қонун барои пур кардани кисаи худ сӯистифода мекунанд.

Аммо, бояд гуфт, новобаста аз қабули қонунҳо ва паҳншавии ҳар гуна овозаҳо дар Тоҷикистон таъқиби шаҳрвандон барои ришу ҳиҷоб нисбат ба солҳои қаблӣ камтар шудааст. Коршиносон сабаби аслии онро дар сар нафаровардани мардум ба хусус занони ҳиҷобпӯш ба фишорҳои мақомот медонанд.

Обу ҳавои 30 июл: гарду ғубор дар Душанбе ва гармии то 42 дараҷа дар Хатлон

0

Оҷонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзи 30 июл дар аксари минтақаҳои кишвар ҳавои гарм ва асосан бебориш ҳукмфармо хоҳад буд. Дар баъзе ноҳияҳо гарду ғубор ва дар минтақаҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат бо эҳтимоли раъду барқ пешбинӣ шудааст.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Танҳо рӯзона дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ эҳтимол дорад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 36–41 дараҷа ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба 27–32 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр ва бебориш боқӣ мемонад. Ҳарорати рӯзона дар водиҳо то 42 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст, ки баландтарин нишондиҳандаи ҳарорат дар кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ҳавои гарм ва бебориш ҳукмфармо шуда, дар баъзе ноҳияҳо гарду ғубор бармехезад. Ҳарорати рӯзона дар водиҳо 36–41 дараҷа хоҳад буд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво асосан бебориш пешбинӣ мешавад. Дар ғарби вилоят ҳарорат то 39 дараҷа ва дар шарқи он аз 18 то 23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва бебориш буда, гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорати рӯзона ба 39–41 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳарорати ҳаво 37–39 дараҷа, дар Бохтар 39–41 дараҷа ва дар Хоруғ 33–35 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.

Мақомоти обуҳавошиносӣ ба сокинон тавсия медиҳанд, ки дар соатҳои гармтарини рӯз аз қарор гирифтан зери нурҳои мустақими офтоб худдорӣ намуда, бештар об нӯшанд ва ҳангоми пайдо шудани гарду ғубор аз ниқоб ё дигар воситаҳои муҳофизатӣ истифода баранд.