Хона блог саҳифа 12

Путин бо имзои як қонун будубоши муҳоҷиронро мушкилтар кард

0

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо имзои қонуне будубоши муҳоҷирон ва шаҳрвандони хориҷиеро, ки дар Русия зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, мушкилтар кард.

Тибқи қоидаҳои нав, фарзандони муҳоҷирон баъди расидан ба синни 18-солагӣ вазифадоранд ё қаламрави Русияро тарк кунанд, ё агар нияти мондан дошта бошанд, мустақилона патенти корӣ гиранд.

Илова бар ин, муҳоҷирон муваззафанд худ ва ҳамаи аъзои хонаводаеро, ки таҳти сарпарастии онҳо қарор доранд, дар сатҳе на камтар аз ҳадди ақали зиндагии минтақае, ки дар он кор мекунанд, таъмин намоянд.

Тибқи қонуни нав муҳоҷир бояд исбот кунад, ки даромадаш барои худ ва кулли хонаводааш ҳадди ақали зиндагии муқарраршуда дар ҳамон минтақаро таъмин мекунад. Ба гуфтаи муаллифони қонун, ин талабот масъулияти иҷтимоии муҳоҷиронро нисбат ба фарзандон ва ҳамсаронашон бештар мекунад.

Хориҷиён муваззафанд барои ҳар кӯдаки ноболиғе, ки ҳамроҳи худ ба Русия меоранд, 50 дарсади маблағи асосии пардохти собити андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ) пардохта шавад.

Ин қонун фарзандони муҳоҷиронро муваззаф мекунад баъди ба синни балоғат расидан дар муҳлати 30 рӯз ё Русияро тарк кунанд, ё патенти кории мустақили худро гирифта, пардохти пурраи онро анҷом диҳанд.

Маълумот дар бораи даромади муҳоҷирон аз ҷониби Хадамоти федералии андоз ҳар се моҳ ба Вазорати корҳои дохилӣ ирсол мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани даромади тасдиқшуда, ба муҳоҷир метавонанд аз додан ё тамдиди патент худдорӣ кунанд.

Иҷозати иқомати муваққатӣ (РВП) ё иҷозаи иқомати доимӣ (ВНЖ) метавонад бекор карда шавад, агар муҳоҷир дар як сол камтар аз 10 моҳ кор карда бошад ё даромадаш (ё маблағи пардохти собити патент) барои таъмини худ ва ҳар як узви хонаводааш ба сатҳи муқарраршуда нарасад.

Стратегияи нав то соли 2040: Оё мушкили партовҳои Душанбе ҳал мешавад?

0

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баргузории ҷаласаи корӣ оид ба таҳияи Стратегияи идоракунии партовҳои сахти маишӣ то соли 2040 ва муаррифии Консепсияи маркази минтақавии идоракунии партовҳо дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Кумита рӯзи 24-уми июл дар саҳифаи расмии худ дар Instagram навишт, ки дар ҷаласа намояндагони Бонки рушди Осиё, Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP), Бонки Ҷаҳонӣ, Оҷонсии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA), мақомоти дахлдори давлатӣ ва коршиносони байналмилалӣ иштирок карданд.

Ба иттилои Кумита, раиси он Баҳодур Шерализода зимни ифтитоҳи ҷаласа гуфтааст, рушди низоми муосири идоракунии партовҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии экологӣ буда, таъсиси корхонаҳои муосири коркарди партовҳо бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ метавонад ҳаҷми партовҳоро коҳиш дода, сатҳи амнияти экологиро беҳтар ва имкониятҳои нави иқтисодиро фароҳам созад.

Дар хабар гуфта мешавад, ки стратегияи нав навсозии зерсохтори соҳа, такмили низоми идоракунии партовҳо ва истифодаи усулҳои муосири коркарди онҳоро то соли 2040 пешбинӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки солҳои охир сокинони Душанбе ва бархе шаҳру ноҳияҳои кишвар пайваста аз сари вақт ҷамъоварӣ ва тоза нашудани партовгоҳҳо шикоят мекунанд. Ба гуфтаи сокинон, бо вуҷуди он ки маблағи хизматрасонии ҷамъоварии партов мунтазам аз аҳолӣ ситонида мешавад, дар бисёр маҳаллаҳо қуттиҳои ахлот рӯзҳо пур монда, сари вақт холӣ карда намешаванд. Ба гуфтаи онҳо, ин вазъ на танҳо симои шаҳрро зишт мекунад, балки метавонад ба вазъи санитарӣ ва саломатии аҳолӣ низ таъсири манфӣ расонад.

Ҳифзи забони тоҷикӣ дар миёни муҳоҷирон: масъулияти имрӯз барои ояндаи наслҳо

0

Агар имрӯз барои омӯзиши забони модарӣ талош накунем, фардо барқарор кардани он барои насли оянда хеле душвор хоҳад шуд. 

Дар чанд даҳсолаи охир шумори тоҷиконе, ки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла муҳоҷират ва паноҳандагии сиёсӣ, дар кишварҳои Аврупо зиндагӣ мекунанд, афзоиш ёфтааст. Дар бисёре аз кишварҳои аврупоӣ ҷамъиятҳои тоҷикон ташкил шудаанд, ки барои нигоҳ доштани робитаҳои фарҳангӣ, баргузории чорабиниҳо ва таҷлили идҳои миллӣ талош мекунанд.

Аммо яке аз масъалаҳои муҳим — ҳифзи забони тоҷикӣ дар миёни насли дуюми муҳоҷирон — то ҳол ба андозаи зарурӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор нагирифтааст. Дар аксари ҷамъиятҳои тоҷикон бештар ба баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, ҷашнҳо ва рақсу бози таваҷҷуҳ мешавад, вале барои омӯзиши мунтазами забони тоҷикӣ ба фарзандони муҳоҷирон камтар барномаҳои махсус дида мешаванд. Аниқтараш, аслан дида намешавад. Ин ҳолат метавонад дар оянда боиси он гардад, ки қисми зиёди фарзандони тоҷикони хориҷ аз кишвар забони модарии худро хуб надонанд ва аз он дур шаванд.

То имрӯз омори дақиқе вуҷуд надорад, ки нишон диҳад фарзандони тоҷиконе, ки дар солҳои охир дар кишварҳои Аврупо ба дунё омадаанд ё дар он ҷо ба воя расидаанд, то чӣ андоза забони тоҷикӣ ва алифбои тоҷикиро медонанд. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзе кӯдакони муҳоҷир бештар зери таъсири забонҳои дигар, аз ҷумла русӣ, қарор мегиранд. Сабаби инро метавон дар дастрасии зиёди барномаҳои кӯдакона, филмҳо ва маводи омӯзишӣ ба забони русӣ дар интернет дид.

Дар муқоиса бо баъзе забонҳои дигар, маводи ҷолиби кӯдакона, барномаҳои таълимӣ ва муҳтавои босифати интернетӣ ба забони тоҷикӣ тақрибан вуҷуд надорад . Дар платформаҳои машҳур, аз ҷумла YouTube, пайдо кардани барномаҳои ҷолиб ва касбӣ барои кӯдакони тоҷикзабон мушкил аст. Ин камбудӣ метавонад ба заиф шудани робитаи кӯдакон бо забони модарии онҳо таъсир расонад.

Забон танҳо воситаи гуфтугӯ нест. Забон таърих, фарҳанг, хотира ва ҳувияти як миллат аст. Агар кӯдак дар муҳити хориҷӣ забони модарии худро аз даст диҳад, ӯ на танҳо як забон, балки як қисми муҳими мероси фарҳангии худро низ аз даст медиҳад.

Аз ин рӯ, ҳар як падару модари тоҷик, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунад, бояд омӯзиши забони модариро яке аз вазифаҳои муҳими худ донад. Гуфтугӯ бо фарзандон ба забони тоҷикӣ дар хона, омӯзонидани алифбо, мутолиаи китобҳои тоҷикӣ ва шинос кардани онҳо бо фарҳанги миллӣ қадамҳои муҳим барои нигоҳ доштани забон мебошанд.

Дар баробари масъулияти оилаҳо, нақши созмонҳои тоҷикон дар хориҷ низ бисёр муҳим аст. Ташкили курсҳои забони тоҷикӣ барои кӯдакон, омода кардани китобҳои содда, сохтани барномаҳои интернетӣ ва истеҳсоли муҳтавои ҷолиб барои кӯдакон метавонад ба ҳифзи забон мусоидат кунад.Ояндаи забони тоҷикӣ дар хориҷ аз кишвар аз фаъолияти имрӯзаи мо вобаста аст. Агар имрӯз барои омӯзиши забони модарӣ талош накунем, фардо барқарор кардани он барои насли оянда хеле душвор хоҳад шуд.

Оқилҷон Сабурӣ (номи мустаор) махсус барои Azda TV

Бензин, Wildberries ва муҳоҷири тоҷик

0

Ҳафтаи охир Укроин усули нави зарба ба иқтисоди Русияро пеш гирифта ва амборҳои бозоргоҳи (маркетплейс) Wildberries-ро ба оташ мекашад.

Дар ин ҳамлаҳо талафоти ҷонӣ низ ба қайд гирифта шудаанд. Дар ҳамлаи Укроин ба яке аз бузургтарин амборҳои Wildberries дар шаҳри Электростал, ки онро ба хокистар табдил доду беш аз миллиард доллар зарар овард, ҳамагӣ як нафар ҷон бохт. Ва ин бечора тоҷике бо номи Наврӯзҷон Содиқов будааст. Ин қурбонии ҷониест, ки тоҷикони муқими Русия аз мақсаду мавҷи нави ҳамлаҳои нави Укроин ба шаҳрҳои Русия доданд. Мутаассифона, ин ягона қурбонӣ нест. Аз усулу равиши нави ҷанг тоҷикон дар Русия қурбониҳое моливу равониву ҷисмоние дар ояндаи наздик хоҳанд дод, ки ҳаҷмаш шояд бештар аз панҷ соли ҷанг бошад. 

Қабл аз шурӯъ, барои онҳое, ки бо усули кори Wildberries ошно нестанд ва шояд аксарият аслан надонанд, ки чи ширкате аст, маълумоти кӯтоҳ: Wildberries бузургтарин ва муваффақтарин бозоргоҳи Русия аст, ки дар ҳоли зери тасарруф даровардани бозорҳои Белорусу Қазоқистон буд. Ин ширкат дар муоқиса бо ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳам муваффақ буд. Барои мисол ширкати Amazon дар ватанаш ИМА 38%-и бозорро контрол мекунад, Wildberries бошад 45 дарсади бозори Русияро. Агар Русия зери таҳримҳо намерафт, бо гумони ғолиб Wildberries дар бозори ҷаҳонӣ ҳам рақобати шоистае бо Amazon ва Alibaba роҳ меандохт. Ин ширкат дар Русия рақиби тавоное ҳам дорад бо номи Ozon, аммо бо гумони ғолиб, ба зудӣ амборҳои он ҳам ба оташ кашида хоҳанд шуд (замони омода шудани ин навишта ба нашр хабар аз аввалин ҳамла ба анборҳои Ozon ҳар расид). 

Системаи асосии кории ин ширкат иборат аст аз расонидани мол ба харидор аз фурӯшанда дар муддати бисёр кӯтоҳ ва масрафи хеле камтар аз системаи қаблии бозор. Агар дар як ҷумла бихоҳем баён кунем: Wildberries танҳо як бизнес нест, балки инфрасохторест, ки тамоми Русия тавассути он бо иқтисоди ин кишвар дар тамос аст. 

Чун бо аз по даромадани бузургтарин бозоргоҳи Русия мушкили дигаре гиребони ин кишварро гирифтааст ва он ҳам бо дасти Укроин иҷро мешаваду аз мушкили Wildberries ҷудо нест, балки ин ду мушкил ҳамдигарро тақвият медиҳанд, бояд каме ба он ҳам пардозем. Ва ин мушкили сӯхтҳои нафтӣ аст. 

Яке аз бузургтарин ихроҷ/коркард/содиркуннадагони нафт дар ҷаҳон бинобар ҳамлаҳои Укроин ба полоишгоҳҳо, киштиҳои нафткашон, анборҳои нафтӣ ва лӯлаҳо на танҳо бо мушкили содироти нафт, балки камбуди сӯхт дар дохили худаш мувоҷеҳ шудааст. Камбуди сӯхт яъне ҳаракати камтари мошинҳо, ба хусус мошинҳои борбар ва дар натиҷа интиқоли камтари коло, шурӯъ аз нону шир то чӯбу сементу мебел. Интиқоли камтари коло яъне даромади камтари истеҳсолкунанда, миёнарав, интиқолдиҳанда, фурӯшанда ва ғайра. Даромади ками инҳо яъне таъхири пардохти моҳонаи миллионҳо нафари машғул дар ҳама ин зинаҳо. Таъхири моҳона яъне хариди камтари онҳо ва дар натиҷа камтар шудани талабот. Кам шудани талабот, яъне мубодилаи мол, пардохти камтари андоз ва камтар шудани даромади буҷа. Кам шудани даромади буҷа, таъхири пардохти моҳонаи соҳаҳои буҷавӣ – муаллимон, табибон, идорраҳои давлатӣ ва ғайра. Бепултар шудани инҳо – боз ҳам камтар шудани талабот ва гардиши мол. Метавон ин доираро то охир идома дод. Ва ин танҳо як мисол аз зарари камбуди маводи сӯхт аст. Чунин мисолҳоро мешавад зиёд овард. 

Ҳоло бузургтарин бозоргоҳи Русия дар остонаи муфлис шудану аз кор мондан аст. Ин система, ки ҳади ақал ду даҳсола сохта шуду системаи қаблиро аз бозор ронд, ҷойро холӣ мекунад, аммо системаи кӯҳна вуҷуд надорад ва онро бояд аз нав сохт. Аз системаи кӯҳна як мисол меорам: чанд ҳазор тоҷик дар бозорҳои Перму Екатеринбург савдо мекарданд. Ҳар рӯз даҳҳо мошин аз ин шаҳрҳо ба Маскав барои овардани бор мерафтанд. Ва ронандаҳои ин даҳҳо мошин низ тоҷик. Ҳазорҳо тоҷики дигар дар даҳоо бузургшаҳру шаҳрҳои миёнаву кӯчаки Русия ҳамин корро мекарданд. Системаи нав мошинҳо ва дар натиҷа ронандаҳоро аз бозор ронд. Барои савдогар дигар лозим нест ба Маскав равад, дар бозорҳо гардад, ронанда киро кунад ва ғайра. Ҳама корро Wildberries мекунад, аниқтараш мекард. Ва ҳоло худаш дар ҳоли фурӯрезист.

Барои он ки системаи кӯҳна баргардад ҳади ақал ҳамон мошинҳо лозиманд, аммо нестанд. Танҳо аз мошини боркашон ҳазорон адад лозим аст. Яъне бояд харида ё иҷора гирифта шавад. Барои он ки харида шавад бояд истеҳсол ва ё аз хориҷ ворид гардад. Барои ин солҳо лозим аст. Фаразан мошинҳо пайдо шуданд, аммо сӯхт нест. Дар ҳоле, ки бензину дизел ба камбуди шадид мувоҷеҳ аст, ба роҳ афтодани ҳазорон мошини боркашони дигар барои таъмини савдогарон бо усули кӯҳна, мушкилро бештар мекунад. Боз як доираи дигар.

Ҳамин ҳоло сӯхтор дар анборҳои Wildberries ҳазорҳо танҳо савдогарро муфлис карда ва ин оғози кор аст. Ҳоло танҳо 10 дарсади амборҳои Wildberries нобуд карда шудаанд ва раванд бо суръат идома дорад. Ҳатто агар Русия роҳе барои наҷоти амборҳои боқимондаи ин ширкат ҳам пайдо кунад, ки хеле баъид ба назар мерасад, дар гумон аст ин ширкатро наҷот диҳад. Яъне даҳҳо ҳазор тоҷики танҳо савдогар дар остонаи муфлисшавӣ қарор доранд. Чаро “танҳо савдогар” мегӯям? Чун ин система яке аз бузургтарин корофаринҳо барои муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикон аст (буд). 

Дар ҳар анбори ин ширкат аз 5 то 10 ҳазор нафар кор мекунанд. Ҳади ақал ниме аз инҳо муҳоҷиронанд. Танҳо дар анбори Электростал, ки дигар нест, 10 000 нафар машғул буд, яне ҳади ақал 5000 муҳоҷир. Дар як ҳафта беш аз 50 000 нафар бекор монд. 

Аммо ин танҳо нӯки кӯҳях (вершина айсберга) аст. Ҳар истеҳсолкунанда, ки бо ин система ҳамкорӣ мекунад, коргарони худро дорад – масалан дар фабрика дӯзандаҳо, бастабандҳо, менеҷерҳо, ронандаҳо, борбардорҳо, фаррошҳо ва ғайра. Ва ҳар фурӯшанда низ. Яъне вақте анборе сӯхту 5000 нафар дар  Wildberries бекор монд, 50 000 нафари дигар дар бозору корхонаҳо бекор мешаванд. Барои он ки баъди аз байн рафтани  Wildberries фурӯшанда бо истеҳсолкунанда тамос барқарор кунад, моҳҳо, ҳатто солҳо лозиманд. 

Албатта бизнеси хурд бисёр инъитофпазир (гибкий) аст ва зуд роҳи нав пайдо мекунад. Аммо дар шароите, ки системаи кӯҳна комилан аз байн рафтаасту системаи нав бо ин суръат фурӯ мерезад худи ҳамин маънии “зуд” низ ёзанда аст. Яъне ин “зуд” меатвонад чанд моҳ идома кунад. Дар ин чанд моҳ, тибқи доираҳое, ки дар боло зикр кардем, гардиши мол ва қудрати харидории мардум камтар мешавад. Яъне агар ҳатто қисмате аз ҳазорон бизнеси хурди бо бозоргоҳҳои Wildberries-у Ozon пайванд дар шакли дигаре баргаштанд, ҳатман хурдтар хоҳанд буд. Яъне пули камтар, коргари камтар, андози камтар ва ғайра.     

Муфлис шудани ҳазорон савдогари тоҷик дар натиҷаи ҳамлаҳои Укроин ба анборҳои бозоргоҳҳо, ҳадди ақал муваққатан бекор мондани даҳҳо ҳазори дигари машғул дар ин бозоргоҳҳоро на танҳо хонаводаҳои онҳо эҳсос хоҳанд кард. Ин мусибат интиқоли пул ба кишварро, ки иқтисодаш асосан бо пули муҳоҷир мечархад, ҳади ақал барои муддате камтар хоҳад кард. Камтар шудани интиқоли пули муҳоҷир доираи фавқуззикрро дар Тоҷикистон фаъол мекунад.

Ниҳодҳои иқтисодиву молиявии кишвар дар нишастҳои матбуотии ахирашон, ки ҳамин рӯзҳо баргузор мешавад, аз рушди босуръати ММД (8,5%), афзоиши даромади буҷа, ҷамъоварии беш аз нақшаи андозҳо ва ғайра ҳарф мезананд. Ба назар мерасад зарбаи паҳподҳои укроинӣ ба анборҳои бозоргоҳҳои Русия акси садо дар ММД, ҷамъоварии андоз ва даромади буҷаи Тоҷикистон дар нимсолаи дуввум хоҳанд дошт. 

Абдуманон Шералиев

Рекорд”-ҳои омории савдои хориҷӣ: Тиллову ашёи хом меравад, қарзу каср меояд

0

Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Агенттии экспорти Тоҷикистон аз “рекордҳо”-и нав дар нимсолаи аввали соли 2026 хабар доданд.

Бино ба омори расмӣ, гардиши савдои хориҷии кишвар ба 6,82 миллиард доллар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,2% ё беш аз 2 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.

Мақомот ифтихор мекунанд, ки содирот (экспорт) якбора 65,4% афзуда, ба 1,58 миллиард доллар ва воридот (импорт) бо афзоиши 38,8% ба 5,24 миллиард доллар расидааст.
Аммо паси ин рақамҳои пурвоҳма аслан чӣ меистад?
Таҳлили таркиби содирот нишон медиҳад, ки иқтисоди кишвар ҳамчунон комилан ба кашидану фурӯхтани ашёи хом ва сарватҳои зеризаминӣ вабаста аст. Аз 1,58 миллиард доллар содирот:
Беш аз 517 миллион доллар (наздики як севуми тамоми содирот) танҳо ба фурӯши металлҳо ва санги қиматбаҳо (асосан тилло) рост меояд;
451,7 миллион доллар — консентрати металлҳо ва маъданҳо;
144,3 миллион доллар — сурма;
116,6 миллион доллар — алюминийи аввалия;
нахи пахта, матоъ ва маҳсулоти кишоварзӣ (хушкрот ва пиёз) бошад ҳамагӣ чанд миллион долларро ташкил медиҳанду халос.
Яъне наздики 80 фоизи содироти кишварро ашёи хоме ташкил медиҳад, ки бидуни коркарди амиқ ва эҷоди ҷойи кории доимӣ барои мардум аз кишвар берун кашонда мешавад.

Ҳамзамон, касри баланси тиҷоратӣ (фарқи байни воридоту содирот) ба 3,66 миллиард доллар расидааст. Ин ба он маъност, ки Тоҷикистон нисбат ба он чӣ мефурӯшад, се баробар бештар аз хориҷа маҳсулот ворид мекунад — аз сӯзишвориву гази моеъ гирифта, то гандуму мурғ ва таҷҳизоти сохтмонӣ.

Ҳамчунин мақомот фахр мекунанд, ки дар нимсолаи аввал ММД-и кишвар 8,2% ва истеҳсоли саноатӣ 14,1% афзоиш ёфтааст. Аммо коршиносон таъкид мекунанд, ки ин «ҷаҳишҳо» на аз ҳисоби ислоҳоти сохторӣ ё рушди иқтисоди мустақил, балки аз ҳисоби боло рафтани нархи ҷаҳонии тилло, пули муҳоҷирон ва овардани таҷҳизот барои Роғуну дигар лоиҳаҳо аз ҳисоби қарзҳои нав мебошад.
Калонтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ҳамоно Чин ва Русия боқӣ мемонанд, ки аввалӣ бештар таҷҳизоту истеъмолотро ба бозор ворид мекунад ва дувумӣ бозори сӯзишвориро дар дасти худ дорад. Суис ва Белжик бошад, танҳо ҳамчун харидорони тиллову сарватҳои хоми тоҷикон дар ин рӯйхат қарор гирифтаанд.

30 дарсади шикоятҳои бонкӣ ба «Душанбе Сити» рост меояд

0

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода мегӯяд, маблағҳои муштариён дар ҳамёни электронии «Душанбе Сити» гум намешаванд ва иддаоҳо дар бораи аз байн рафтани пул беасосанд.

Ӯ рӯзи 22 июл зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми интиқоли маблағ байни ҳисобҳо таъхир ба миён меояд, аммо маблағҳо гум намешаванд.

«Маблағ аз ин ҳисоб ба он ҳисоб меравад, каме вақт мегирад. Маблағҳо гум намешаванд, лекин баргардонидани маблағе, ки хато интиқол ёфтааст, каме вақт талаб мекунад», – гуфт Фирдавс Толибзода.

Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, аз 890 арзу шикояте, ки вобаста ба хизматрасониҳои низоми бонкӣ ба ин ниҳод ворид шудааст, тақрибан 30 дарсад ба фаъолияти «Душанбе Сити» рост меояд.

Ба гуфтаи ӯ, ин маънои онро надорад, ки бонк ё мақоми танзимкунанда ба мушкилот расидагӣ намекунад. Толибзода гуфт, шикоятҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, аз ҷониби масъулони «Душанбе Сити» ва Бонки миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои ислоҳи камбудиҳо чораандешӣ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки тайи чанд моҳи охир шумори зиёди истифодабарандагони «Душанбе Сити» дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо аз сатҳи пасти хизматрасонӣ шикоят доранд. Ба гуфтаи бархе аз муштариён, ҳангоми анҷоми пардохтҳо маблағ аз ҳисоб кам мешавад, аммо амалиёт сари вақт анҷом намеёбад ва баргардонидани пул чанд рӯз ё ҳатто бештар вақт мегирад.

Ҳамчунин, баъзе аз муштариён аз мушкилоти техникӣ, қатъ шудани фаъолияти барнома, дастнорас будани хизматрасониҳо ва набудани маблағ дар банкоматҳо изҳори норозигӣ мекунанд. То кунун роҳбарияти «Душанбе Сити» ба ҳамаи ин шикоятҳо ба таври алоҳида вокуниши оммавӣ нишон надодааст.

Гӯфта мешавад, пардохти маош, нафақа, кумакҳои иҷтимоӣ ва бисёре аз хизматрасониҳои давлатӣ барои ҳазорон шаҳрванд тавассути низоми ин бонк анҷом дода мешавад. Аз ин рӯ, корбарон интизоранд, ки сифати хизматрасонӣ беҳтар гардида, мушкилоти мавҷуда ҳарчи зудтар бартараф карда шавад.

Рақиби “Сомон Эйр” бо ҳаёҳӯ ба майдон омад

0

Дар намоишгоҳи байналмилалии ҳавонавардии Фарнборо (Бритониёи Кабир) ширкати нави хусусии ҳавопаймоии Тоҷикистон «Shohin Airlines» барои харидани чаҳор ҳавопаймои мусофирбарии Airbus шартнома баст. Дар ин бора маркази матбуотии ин ширкати навтаъсис хабар медиҳад. Сойти расмии Airbus ҳам ин хабарро тасдиқ мекунад.

Ин аввалин созишномаи мустақими ҳавонавардии ғайринизомии Тоҷикистон бо ширкати Airbus мебошад. Қаблан Сомон Эйр, ширкате, ки бозори парвозҳои байналмиллалии Тоҷикиистонро монополия кардааст, чандин ҳавопаймои нав харида буд, аммо аз рақиби Airbus – ширкати амрикоии Boeing.

Гуфтанист ширкати «Shohin Airlines» ҳамагӣ моҳе пеш таъсис шудааст. Муассисони ин ширкат маълум нестанд ва дар ҳеҷ куҷо дар ин бора маълумот дарҷ нашудааст. Бо дарназардошти ин ки
дар Тоҷикистон ширкатҳои бузург танҳо аз тарафи аъзои хонаводаи раисҷумҳур таъсис дода мешаванд;
“Сомон Эйр” ба Ҳасан Асадуллозода, хоҳарарӯси Эмомалӣ Раҳмон таъаллуқ дорад ва Асадуллозода ҳамеша рақибонашро аз бозор берну кардааст, аз ҷумла ширкати давлатии “Тоҷик Эйр”-ро;
бинобар ба ҳама аъзои хонавода нарасидани бизнесҳои калон чанд соли охир байни аъзои он рақобати тиҷоратӣ шурӯъ шудааст
мешавад тахмин зад, ки ин ширкат ба яке наздикони раисҷумҳур таъаллуқ дорад.

Қимати расмии (каталогӣ) ин ҳавопаймоҳоро ширкати Airbus чунин нишон медтҳад: Airbus A320neo – тақрибан $110,6 миллион, Airbus A321neo – тақрибан $129,5 миллион. Яъне қимати ин чаҳор ҳавопаймо ба ним миллиард доллар наздик аст.
Дар ҳамин ҳол, истеҳсолкунандагони ҳавопаймо ҳангоми хариди якчанд ҳавопаймо дар як вақт тахфифҳои бузурге – аз 40 то 50% ироа мекунанд. Яъне қимати воқеии бозории (Market Value) як A320neo дар созишномаҳо тақрибан $50–55 миллион ва A321neo тақрибан $60–65 миллион мебошад.
Бо ин ҳисоб, арзиши умумии шартномаи 4 ҳавопаймо (ду A320neo ва ду A321neo) бо назардошти тахфифҳои тиҷоратӣ тақрибан $220 – $240 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҳанӯз маълум нест ин ширкат нияти парвоз ба кадом самтҳоро дорад, аммо корҳиноси тоҷик Абдуманнон Шералиев, ки солҳо дар ин соҳа фаъолият кардааст, мегӯяд “хариди якбора чаҳор ҳавопаймо ба ин маънист, ки ширкати нави ҳавопаймоӣ мутмаъин аст метавонад ҷои пои “Сомон Эйр” дар бозори кишварро танг намояд”.

Ба гуфтаи ӯ “барои чаҳор ҳавопаймо ҳади ақал 50 парвоз дар ҳафта лозим аст. Ҳеҷ ширкате наметавонад дар кӯтоҳмуддат ин қадар парвозҳоро роҳандозӣ кунад, магар дар ҳоле, ки ба хатсайрҳои ҷоафтода, мисли парвозҳо ба бузургшаҳрҳои Русия ворид шавад. Яъне “Сомон Эйр”-ро аз чанд хатсар берун кунад, ҳамон гуна ки “Сомон Эйр” бо “Тоҷик Эйр” карда буд”.
Гуфтанист, “Сомон Эйр” бо вуҷуди доштани номи тоҷикӣ, муталлиқ буданаш ба додарарӯси раисҷумҳури Тоҷикистон ва монополия кардани бозори кишвар, ширкати ватанӣ нест. Ин ширкат дар ҷазираҳои Вирҷиниё ба қайл гирифта шудааст. Ҳамчунин бо фармони раисҷумҳур аз пардохти бештари андозҳо озод карда шудааст.

Русия ихроҷи муҳоҷиронро бештар мекунад 

0

Думаи давлатии Русия дар қироатҳои дуюм ва сеюм ду қонунеро қабул кард, ки ба сахттар кардани сиёсати муҳоҷират ва пурзӯр намудани назорат бар будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар равона шудаанд.

Тибқи яке аз қонунҳои қабулшуда, шаҳрвандони хориҷие, ки барои содир намудани ҳар гуна ҷиноят дар қаламрави Русия ва хориҷ аз он доғи судии бардоштанашуда ё пардохтанашуда доранд, дигар наметавонанд шаҳрвандии Русия, иҷозати иқомати доимӣ ё иҷозати иқомати муваққатӣ дарёфт кунанд. Агар чунин ҳолатҳо ҳатто баъд аз додани ин ҳуҷҷатҳо ошкор шавад, онҳо бекор карда мешаванд.

Ин меъёр ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия мақоми паноҳанда ё паноҳгоҳи сиёсӣ ва ё муваққатӣ гирифтаанд, татбиқ намегардад.

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар шарҳи ин қонун изҳор дошта, ки танҳо шаҳрвандони хориҷие, ки қонунҳоро риоя мекунанд бояд ҳуқуқи иқомат ва гирифтани шаҳрвандии Русияро дошта бошанд. Ба гуфтаи ӯ, муҳоҷирон инчунин бояд забони русиро донанд, ба таърих, фарҳанг ва анъанаҳои ин кишвар эҳтиром гузоранд.

Қонуни дуюм бошад, рӯйхати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро, ки барои онҳо шаҳрвандони хориҷӣ на танҳо ҷарима, балки ихроҷ аз Русия низ мешаванд, васеъ мекунад. Теъдоди моддаҳои дахлдори Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия беш аз ду баробар афзоиш ёфта, аз 22 қонун ба 45 мерасад. Ба гуфтаи Володин, аз ин пас сарпечӣ аз талаботи кормандони пулис ё кормандони хадамоти сарҳадӣ низ метавонад барои ихроҷи муҳоҷир асос гардад.

Дар ҳоле вакилони рус рӯйхати “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро бештар карданд, ки танҳо Вазорати корҳои дохилии Русия дар соли 2025 аз ин кишвар 72 000 муҳоҷирро, ки гӯё қонунгузории Русияро вайрон карда буданд, ихроҷ кардааст.

Ҳамзамон бо қабули ин тағйирот, Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) низ ташаббусҳои наверо пешниҳод кардааст. Раҳбари ҳизб Леонид Слутский пешниҳод намуда, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои молиявӣ, аз ҷумла вайронкунии мунтазами қонунгузории андоз, низ аз Русия ихроҷ карда шаванд.

Ба гуфтаи Слутский, нисбат ба қонуншиканиҳои молиявии муҳоҷирон бояд “таҳаммулнопазирии сифрӣ” ҷорӣ гардад. Ӯ ҳамчунин даъват кард, ки назорат бар амалиётҳои молиявӣ пурзӯр ва интизоми андозсупорӣ сахттар карда шавад.

Илова бар ин, ЛДПР бори дигар як қатор пешниҳодҳои худро барои боз ҳам сахттар кардани сиёсати муҳоҷират ба миён гузошт. Аз ҷумла, ҳизб пешниҳод намуда, ки вуруди аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Русия пурра манъ карда шавад, таҳсили фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ дар синфҳои 10–11, коллеҷҳо ва донишгоҳҳо пулакӣ гардад ва талабот нисбат ба волидони муҳоҷир низ сахттар шавад. Ба иддаои намояндагони ҳизб, агар волидон натавонанд барои фарзандони худ дар Русия шароити муносиби зиндагиро таъмин кунанд, онҳо бояд дар ватани худ тарбия ёбанд.

Бояд гуфт, солҳои ахир фазои муҳоҷирбадбинӣ дар Русия хеле афзоиш ёфта, дар баробари тафтишу бозҷӯиҳои сахт ва ба таври иҷборӣ фиристодани онҳо ба ҷанги зидди Украина, вакилони рус чандин қонунро қабулу баррасӣ карданд, ки будубош ва корро дар ин кишвар барои муҳоҷирон сахттар кардааст.

Ба назари коршиносон, ин тағйири ҷиддӣ дар сиёсатҳои муҳоҷиратии Русия дар ҳолест, ки иқтисоди Русия то ҳол ба қувваи кории муҳоҷирон, махсусан дар сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, кишоварзӣ ва логистика, вобастагии зиёд дорад. Баъзе корфармоёни рус ҳам борҳо нигаронӣ карда буданд, ки сахттар шудани сиёсати муҳоҷиратӣ метавонад ҷалби қувваи кориро мушкилтар кунад.

Ховари Миёна дар остонаи буҳрони бузург: ҷанги Амрико ва Эрон идома дорад

0

Даргириҳои низомӣ миёни Иёлоти Муттаҳида ва Эрон рӯз аз рӯз шиддат мегиранд. Тибқи иттилои расонаҳои байналмилалӣ, нерӯҳои амрикоӣ шаби 22 июл барои дувоздаҳумин шаби пайдарпай ба ҳадафҳои низомӣ дар дохили Эрон зарба заданд.

Ба иттилои Фармондеҳии Марказии Артиши ИМА (CENTCOM), ҳамлаҳо ба марказҳои фармондеҳӣ, шабакаҳои дифои ҳавоӣ, пойгоҳҳои мушакӣ ва бесарнишинҳо, инчунин баъзе иншооти соҳилии Эрон равона шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, президенти ИМА Доналд Трамп ҳушдор додааст, ки агар Эрон ба киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз ҳамла кунад, Вашингтон ба зерсохторҳои муҳими Эрон, аз ҷумла купрукҳо ва нерӯгоҳҳо, зарба хоҳад зад.

Дар посух, мақомоти Эрон изҳор доштаанд, ки дар сурати идомаи ҳамлаҳои Амрико, онҳо низ метавонанд ба зерсохторҳои муҳими минтақа ва манофеи ИМА ва ҳампаймононаш ҳамла кунанд. Ҳамзамон, гурӯҳи ҳусиҳои Яман, ки аз ҷониби Теҳрон пуштибонӣ мешаванд, аз ҳамла ба ду киштии нафткаши Арабистони Саудӣ дар баҳри Сурх хабар додаанд.

Вазири дифои ИМА Пит Ҳегсет дар Конгресс изҳор дошт, ки ҷанг то имрӯз барои Вашингтон тақрибан 37,5 миллиард доллар харҷ доштааст. Ҳукумати ИМА ҳамзамон барои идомаи амалиёти низомӣ аз Конгресс маблағгузории иловагӣ дархост кардааст.

Дар баробари афзоиши амалиёти ҷангӣ, нигарониҳо аз густариши муноқиша дар тамоми минтақаи Ховари Миёна низ бештар мешаванд. Таҳлилгарон ҳушдор медиҳанд, ки ҳар гуна ҳамла ба зерсохторҳои муҳими энергетикӣ ё баста шудани тангаи Ҳурмуз метавонад ба бозори ҷаҳонии нафт ва иқтисоди кишварҳои минтақа таъсири ҷиддӣ расонад.

Бо вуҷуди талошҳои дипломатӣ, то кунун нишонае аз барқарории оташбас ё оғози музокироти нав миёни ҷонибҳо дида намешавад ва вазъ дар минтақа ҳамоно бисёр пуртаниш боқӣ мемонад.

Ҳамлаи дигарбораи Укроин ба анборҳои Wildberries. Як тоҷик ҳам кушта шудааст

0

Шаби 22 июл нерӯҳои Украина бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) ба ду маркази логистикии ширкати бузурги савдои интернетии Wildberries дар шаҳрҳои Краснодар ва Невинномисск ҳамла карданд. Бар асари ин ҳамлаҳо дар ҳар ду анбор сӯхторҳои бузург ба амал омада, фаъолияти онҳо муваққатан қатъ гардид.

Ба иттилои мақомоти Русия ва роҳбарияти ширкат, дар натиҷаи ҳамлаҳо як нафар ҷон бохта, ҳадди ақал 15 нафар ҷароҳат бардоштанд. Аз ин шумора 10 нафар дар Краснодар ва панҷ нафар дар Невинномисск осеб дидаанд. Барои хомӯш кардани оташ даҳҳо воҳиди техника, беш аз 100 нафар оташнишон ва чархболҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулода сафарбар шуданд.
Ҳамчунин хабар расид, ки дар ҳамлаи қаблии нерӯҳои укроини ба анборҳои Wildberries дар шаҳри Электростал, як тоҷик ҷони худро аз даст додааст. Аз ӯ Наврӯзҷон Содиқов ном бурда мешавад ва ба гуфтаи бародараш 25 сол дошат, он шаб дар анор навбатдор будааст.

Ин дувумин ҳамла ба марказҳои логистикии Wildberries дар давоми як ҳафта ба ҳисоб меравад. Пеш аз ин, анборҳои ширкат дар Электростал (наздики Маскав) ва вилояти Тамбов низ мавриди ҳамла қарор гирифта буданд. Бар асари он ҳамлаҳо ҳашт корманд ҷон бохта, фаъолияти чанд маркази логистикӣ халалдор шуд.

Раисҷумҳури Украина Володимир Зеленский изҳор доштааст, ки ин ҳамлаҳо ба иншооте равона шудаанд, ки ба гуфтаи Киев дар занҷираи таъминоти низомии Русия нақш доранд. Аммо Кремл ин иддаоро рад карда, таъкид мекунад, ки Wildberries як ширкати ғайринизомӣ буда, ҳадаф қарор гирифтани анборҳои он ба соҳибкорон, кормандон ва аҳолии осоишта зарари ҷиддӣ мерасонад.

Дар пайи ин ҳодиса, ширкати Wildberries фаъолияти ду маркази логистикии осебдидаро муваққатан боз дошт ва эълон кард, ки барои дастгирии фурӯшандагон ва интиқоли молҳо ба анборҳои дигар чора меандешад. Иттиҳодияи ширкатҳои савдои электронии Русия низ аз ҳукумат дархост кардааст, ки барои соҳибкорони зарардида имтиёзҳои андозӣ ва кумакҳои молиявӣ ҷудо кунад.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш ҳамлаи дигари Украина ба бозори бузурги «Садовод» дар вилояти Маскав низ боиси сӯхтор ва хисороти зиёди молӣ гардид. Бар асоси гузоришҳои расонаҳо, дар он ҳодиса чандин соҳибкори тоҷик низ аз сӯхтор ва аз байн рафтани молу маҳсулоти худ зарари ҷиддии молиявӣ дида буданд.