12.9 C
Dushanbe
Хона блог саҳифа 111

Афзоиши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон

0

Душанбе ва Исломобод қасд доранд, ки як роҳи тарнзитии ҷадид аз тариқи Вилояти Мухтори Кӯҳистон ва Чатроли Покиситон боз кунанд.

Имрӯз, 12-уми декбари соли 2024 Сардор Авайс Легҳарӣ, вазири энергетикаи Покистон дар мулоқот бо Далер Ҷумъа Шофақер, вазири энергетикаи Тоҷикистон дар бораи боз кардани роҳи тарнзитии ҷадид аз тариқи долони Вахон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон ва Чатроли Покистон суҳбат кардааст.

Ин мулоқот, ки дар шаҳри Исломобод, пойтахти Покистон баргузор шудааст. Сардор Авайс Легҳарӣ гуфтааст, ки бо истифода аз фурсатҳо ва имкониятҳои мавҷуд, “Тоҷикистонро барои истифода аз тамоми долонҳои савдо аз Душанбе то Гвадар ва Карочӣ дар доираи барномаи Ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ ва дигар долонҳои бисёрмоделии савдои фаромиллӣ даъват мекунам”.

Ҳамзамон вазири энергетикаи Покистон таъкид кардааст, ки тавассути долони Вахон фосила байни Тоҷикистон ва Покистон 14 километр роҳ аст. Ҷониби Покистон ин фосилаи 14 километриро як “фурсати бузург” дониста, хоҳони он аст, ки ин роҳи ҷадиди транзитии ҷадид тезтар сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Гуфта мешавад, мулоқоти вазирони энергетикаии Тоҷикистон ва Покистон табқи барнома дар ҷаласаи ҳафтуми Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон, ки имрӯз дар Исломобод баргузор шуд, сурат гирифтааст.

Тибқи маълумоти гумруки Тоҷикистон, дар давоми соли 2023 (январ-декабр) ҳаҷми савдои дуҷонибаи байни Покистон ва Тоҷикистон ба 52,73 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ 62,3 фоиз зиёдтар аст.

Дар Русия имтиҳони забони русӣ барои кӯдакони муҳоҷирон иҷборӣ мешавад

0

Думаи давлатии Русия аз лоиҳаи қонуне пуштибонӣ кард, ки тибқи он фарзандони муҳоҷирон барои қабул шудан дар мактабҳои ин кишвар бояд аз забони русӣ имтиҳон супоранд.

Аммо коршиносони соҳаи таълим ва таҳлилгарон аз ин иқдоми кишвари Русия интиқод намуда, ба мақомот ҳушдор медиҳанд, ки бо қабули ин қонун хатарҳои дур мондани наврасон аз таълиму тарбия вуҷуд дорад.

Вакилони Думаи давлатии Русия дар хониши якуми ин лоиҳаи қонун ҳама бо як овоз онро қабул карданд. Ин қонун барои шомил намудани кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳои ин кишвар донистани забони русиро барои онҳо ҳатмӣ мекунад. Дар сурати тасдиқи пурраи ин қонун аз ҷониби Дума дар модаи 78-и Қонуни ин кишвар тағйиротҳо дохил карда мешавад. Пас аз он кӯдаконе, ки наметавонанд имтиҳони донитснаи забони русиро бо мувафақият бисупоранд, аз идомаи таҳсил маҳрум хоҳанд шуд. 

Ин лоиҳа дар бораи чӣ гуна будани имтиҳон чизеро мушаххас намекунад, ба ҳамин хотир ин амр бар уҳдаи Вазорати маорифи ин кишвар гузошта хоҳад шуд. 

Ҳамчунин нафаронеро, ки ғайриқонунӣ дар ин кишвар ба сар мебаранд, дар мактабҳо пазируфта намешаванд ва мактабҳо ҳақ пайдо мекунанд ҳагоми қабул ҳуҷҷатҳое, ки қонунӣ будани будубоши довталабро дар ин кишвар асоснок мекунад, бисанҷанд.

Ярослав Нилов, вакили Дума ва яке аз муаллифони лоиҳаи қонун бар ин назар аст, ки надонистани забони русӣ аз сӯи фарзандони муҳоҷирон ба рафъи таълими фарзандони русҳо халал мерасонад ва имкон намедиҳад, ки барномаи таълимиро ба таври дуруст аз худ кунанд. 

“Мо бояд дар барои фарзандони руси худамон фикр кунем. Таълим гирифтан мехоҳед? Марҳамат, имтиҳонро бисупоред, таълим бигиред.”, – мегӯяд Ярослав Нилов, раиси Кумитаи сиёсати иҷтимоӣ ва собиқадорони Думаи давлатии Русия. 

Ин вакил ҳамазаон қайд мекунад, ки масъулияти тайёрии бачаҳо ба таҳсил ба забони русӣ ба дӯши падару модарони онҳо мебошад. Ба назари ӯ, агар кӯдакон аз имтиҳони забон нагузаранд, таҳсили минбаъдаи русӣ набояд ройгон, балки аз ҳисоби муҳоҷирон пардохт шавад.

Нилов ҳамазаон ба расонаи русии РБК гуфта, ки вакилони фраксияи ЛДПР аллакай лоиҳаи қонунеро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кардаанд, талаб мекунад то тамоми таҳсилоти мактабӣ ва касбӣ дар Русия барои муҳоҷирон пулакӣ шавад.

Дар ҳамин ҳол Анна Орлова, раҳбари лоиҳаи “кӯдакони муҳоҷират” бар ин назар аст, ки дар сруати дур мондани наврасон аз муассисаҳои таълимӣ хатари наздик шудани онҳо ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ бештар мешавад.

“Ин як қоидаи умумӣ аст. Кӯдак хурдтар бошад, ҳамон қадар забонро тезтар аз худ мекунад. Ва чи қадаре бузургтар шавад, ҳамон қадар мутобиқ шуданаш мушкилтар мешавад.”, – мегӯяд хонум Орлова.

Имзои Ёдошти тафоҳум байни Тоҷикистону Покистон

0

Мақомоти Тоҷикистон ва Покистон барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва энергетикии худ Ёдошти тафоҳум имзо мекунанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, 11-уми декабри соли 2024, байни Тоҷикистон ва Покистон бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои савдо, энергетика ва дигар бахшҳои калидӣ, Ёддоштҳои тафоҳум ба имзо мерасад.

Ин Ёддошти тафоҳум дар ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон, ки қарор аст рӯзи чоршанбе, 11 декабри соли 2024 баргузор шавад, ба имзо мерасад.

Ин ҷаласаи Комиссияи муштарак, ки бо мизбонии Вазорати иқтисоди Покистон баргузор мешавад, таҳти роҳбарии вазири энергетикаи Покистон, Сардор Авейс Лоғарӣ ва вазири Тоҷикистон Ҷума Далер Шофақир гузаронида мешавад.

Дар солҳои охир Покистон ва Тоҷикистон талошҳои зиёдеро барои таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва савдо анҷом дода, чандин созишномаҳо барои тақвияти равобит ба имзо расонидаанд.

Тазоҳурот дар Дортмунд барои раҳоии Дилмурод ва Абдуллоҳ

0

10-уми декабри соли ҷорӣ гурӯҳе аз фаъолон бо талаби озодии Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин дар назди бинои кор бо муҳоҷирони шаҳри Дортмунди Олмон ҷамъ омаданд. 

Дар ин тазоҳурот фаъолони ҳуқуқибашарӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Олмон, инчунин фаъолони тоҷики муқими ин кишвар ширкат доштанд.  

Фарҳод Одинаев, фаъоли тоҷик, ки дар ин тазоҳурот ширкат дошт, дар суҳбат бо Azda.tv гуфт, ки ҷамъомадагон аз мақомоти Олмон талаб доранд, то барои озод намудани Дилмурод Эргашев ва Абдуллоҳи Шамсиддин талош намуда, онҳоро ба Олмон баргардонанд. 

Ёдовар мешавем, ки мақомоти Олмон 6-уми ноябри соли 2024 узви Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон Дилшод Эргашевро, ки аз соли 2011 дар Олмон ба сар мебурд ва дар эътирозҳои осоишта алайҳи режими Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат кардааст, тариқи Туркия ба Тоҷикистон истирдод карданд.

Пас аз истирдод ин фаъолро кормандони Кумитаи давлатии амниятии миллии Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Душанбе боздошт карда, барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Маълум нест Дилмурод ба кодам моддаи Кодекси ҷиноии кишвар гумонбар мебошад.

Эргашев дар остонаи ихроҷаш, 5-уми ноябри соли ҷорӣ қасди худкушӣ карда, рагҳои дасту пойи худро бурида буд ва ба эҳтимоли зиёд дар Тоҷикистон мавриди шиканҷа қарор гирифта, дар шифохона бистарӣ гашт.

Пеш аз Дилмурод мақомоти Олмон 18-уми январи соли 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари узви аршади ҲНИТ Шамсиддини Саидро аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ кард. Гуфта мешавад, Абдуллоҳ пас аз ихроҷ аз Олмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе тавассути мақомоти тоҷик боздошт ва ба ҷои номаълум бурда шуд.

Дертар 29-уми марти соли 2023 Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро бо моддаи 307 қисм 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард. Созмонҳои ҳуқуқи башар ва пайвандонаш сабаби аслии боздошт ва ҳукми зиндони Абдуллоҳро ба фаъолиятҳои сиёсии падараш рабт медиҳанд. 

Инчунин мақомоти ин кишвар Билол Қурбоналиев, узви фаъоли “Гурӯҳи 24”-ро ба Тоҷикистон ихроҷ карда буд, ки баъдан ӯ ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.

Гуфта мешавад, бар иловаи эътирозҳо борҳо созмонҳои байналмилалӣ, фаъолони олмонӣ ва тоҷик аз мақомоти расмии Тоҷикистон раҳоии Дилмурод ва Абдуллоҳро талаб кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки амалкарҳои Олмон хилофи қонунҳои байналмилалӣ аст, ки баргардонидани афродро ба кишварҳое, ки дар он ҷо шиканҷа ё таъқиб онҳоро таҳдид мекунад, манъ мекунад.

Куштори даҳшатбор дар шаҳри Конибодом

0

Мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд омилони ҳодисаи куштори 6 узви як хонаводаро ҷустуҷӯ доранд.

Шаби 8 ба 9-уми декабри соли 2024, дар маҳаллаи Шӯрқӯрғони деҳаи Шӯробқалъаи ҷамоати Фирӯзаобаи шаҳри Конибодом ҷасади шаш узви як хонавода пайдо шудааст. Дар ин ҳодиса сардори хонавода, ҳамсараш ва чор фарзанди онҳо ба ҳалокат расидаанд.

Тибқи иттилои дастрас, ки хабаргузории “Азия-Плюс” онро нашр кардааст, ҷасади сардори оила, Неъматов Наимҷон, дар ҳавлӣ овезон дарёфт гардида, ҷасади дигар аъзои оила, аз ҷумла ҳамсараш ва чор кӯдаки хурдсол, бо нишонаҳои буғӣ шудан дар дохили хона ёфт шудаанд.

Бо вуҷуди ҳузури мақомот дар ҷойи ҳодиса, то кунун сабабҳо ва ангезаи даст задани муҷримон ба ин ҳодисаи фоҷиавӣ расман шарҳ дода нашудаанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои ҳодиса таҳқиқоти худро оғоз кардаанд, вале дар бораи ҷузиёти он то ҳол иттилоъ надодаанд.

Ба гуфтаи хешовандони оила, хонаводаи Неъматовҳо бештар аз ҳисоби муҳоҷират зиндагии худро пеш мебурданд, ва сардори хонавода шаҳрвандии Русияро низ дошт. Наздикон аз ҳодиса сахт андуҳгин шуда, мегӯянд, ки онҳо охирин бор ин хонаводаро чанд моҳ пеш дида буданд.

Гуфта мешавад, ин бори нахуст нест, ки аъзои як хонавода бо ҳузури кӯдакон аз ҷониби афроди ҷинояткор кушта мешаванд, балки ҳамин чанд моҳи пеш низ дар ин ноҳия чор куштори хонаводагӣ сабт шуда буд. Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ВКД 8-уми августи соли 2024, гуфта буд, ки ду куштори онҳо ба муноқишаҳои оилавӣ рабт доранд ва омилони куштори як хонаводаи дигар ҳам ошкор ва боздошт шудаанд.

ВКД ба тоҷирон ҳушдор дод!

0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия аз тоҷирони кишвар хост, ки аз хариду фурӯши маводҳои тарфгарӣ худдорӣ кунанд.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 9-уми декбари соли 2024, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба сокинони кишвар ҳушдор дод, ки аз ҳаргуна хариду фурӯш ва паҳн кардани маводҳои тарфгарӣ (хлопушка) худдорӣ намоянд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри ин ҳушдори худ дар шабкаҳои иҷтимоӣ гуфтааст, ки тибқи талоботи қонунгузории кишвар ҳамагуна хариду фурӯш ва паҳн кардани маводҳои тарфгарӣ манъ буда, омилони он ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар матни иттилоияи ВКД, ки дар сомона ва саҳфаҳои ин вазорат дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, омада, ки Вазорати корҳои дохилӣ “аз шаҳрвандон қатъиян талаб менамояд, ки аз фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодабарии маводҳои тарфгарӣ худдорӣ намоянд!”

Гуфта мешавад, тибқи қонунгузории Тоҷикистон омилони хариду фурӯш ва касоне, ки ба паҳн кардани чунин маводҳои пиратехникӣ машғул мешаванд, ҷарима дар ҳаҷми аз 7 ҳазору 200 сомонӣ то 36 ҳазор сомонӣ ва ҷазо дар ҳаҷми аз як то ду сол пешбинӣ шудааст.

Ҷолиб он аст, ки мақоми қонунгузор ҳамагуна хариду фурӯш ва паҳн кардани маводҳои тарфгариро ба сокинону шаҳрвандон дар дохили кишвар манъ кардааст, вале худи ҳукуматдорон дар аксар маврид ва бахусус ҳангоми ҷашн гирифтани хеле аз маъракаҳои ҳукуматӣ ва идҳои расмӣ, аз ҷумла Соли нави мелодӣ то қадри тавон дар ҳама шаҳру ноҳияҳо аз чунин маводҳои тарфгарӣ истифода мекунанд.

Русия: Муҳоҷирон бояд аз муассисаҳои таълимӣ дуртар зиндагӣ кунанд

0

Вакилони парлумони Русия бо тарҳи қонуне мегӯянд, муҳоҷирони корӣ бояд аз муассисаҳои таълимӣ дуртар зиндагӣ кунанд.

Гурӯҳе аз вакилони Думаи давлатӣ аз фраксияи Ҳизби либерал-демократии Русия (ЛДПР) тарҳи қонунеро пешниҳод карданд, ки тибқи он зиндагии муҳоҷирони корӣ дар масофаи камтар аз 200 метр аз муассисаҳои таълимӣ, манъ хоҳад шуд.

Леонид Слутский, раиси ЛДПР ва вакили парлумон мегӯяд, ки ин қонун дар баробари манъи зиндагии муҳоҷирони корӣ дар наздикии мактабҳо ва кӯдакистонҳо, инчунин бақайдгирии онҳоро дар биноҳое, ки дар он кӯдакон қарор доранд, комилан манъ мекунад.

Слутский низ иддао карда, ки қонунгузории феълии Русия ҷойгиркунии муҳоҷиронро танзим намекунад ва аксар вақт муҳоҷирон дар наздикии муассисаҳои таълимӣ ё ҳатто дар дохили онҳо ҳангоми иҷрои корҳои таъмирӣ зиндагӣ мекунанд, ки ин метавонад барои ноболиғон хатар эҷод кунад.

Муаллифони ин тарҳи қонун бо мисол овардани бинои кӯдакистон дар шаҳри Перм, ки ба хобгоҳ табдил гашта буд, мегӯянд, ки дар баъзе ҳолатҳо биноҳои таълимӣ барои истиқомат иҷора дода мешаванд, гарчанде, ки мақоми расмии онҳо дар ҳуҷҷатҳо ҳамчун муассисаи таълимӣ боқӣ мондааст.

Гуфта мешавад, пас аз ҳодисаи хунини “Крокус Сити Ҳолл”-и Русия, мақомоти ин кишвар барои сахттар намудани сиёсати муҳоҷират чандидн қонунҳои наверо баррасӣ ва қабул кардааст. Ҳатто кори муҳоҷирон бо баҳонаи амниятӣ дар баъзе соҳаҳо, аз ҷумла таксиронӣ дар аксар минтақаҳои ин кишвар манъ шуда, нархи иҷозатномаи корӣ ҳам гарон шудааст.

Инчунин аз моҳи феврали соли 2025 қонуне мавриди амал қарор мегирад, ки ихроҷи муҳоҷиронро аз Русия соддатар мегардонад ва ҳамзамон рӯйхати шахсони таҳти назорат таъсис дода мешавад, ки дар он шаҳрвандони хориҷии қонуншикан сабт мегарданд.

Дар баробари ин ҳама мушкилот муҳоҷирон дар Русия мавриди тафтиш ё рейдҳои зиёде қарор гирифта, ба онҳо пешниҳод мешавад, ки бо Вазорати мудофиаи Русия шартнома барои иштирок дар амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави Украина имзо кунанд. Онҳое, ки аз имзои шартнома саркашӣ мекунанд, бо хатари ихроҷ ба кишварҳояшон, рӯ ба рӯ мешаванд.

Ҳатто онҳое, ки пештар шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буданд ва пас аз гирифтани шаҳрвандии ин кишвар худро дар артиш сабти ном намекунд ё аз хидмати сарбозӣ саркашӣ мекунад, шиносномаи Русияшон бекор карда мешавад.

Суқуқти ҳукумати Башшор ва омадани ҳукумати нав дар Сурия

0

Мухолифони Башшор Асад тавонистанд дар давоми 12 рӯз ҳукумати диктотурии 54-соларо дар Сурия сарнагун кунанд.

Мухолифини Башшор, ки дар шимоил Сурия дар қисмате аз шаҳри Идлиб зиндагӣ мекарданд, рӯзи 27-уми ноябр ҳамларо ба шаҳри Ҳалаб оғоз карданд ва бомдоди 8-уми декабри соли ҷорӣ ба пойтахти ин кишвар, шаҳри Димишқ расиданд ва ба ҳукумати диктотурии Башшор Асад поён доданд.

Гурӯҳҳои мухолифи ин кишвар аз чандин гурӯҳҳои мусаллаҳ иборат ҳастанд, ки ҳама барои сарнагунии ҳукумати Асад зери раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ, маъруф ба Абумуҳаммад Ҷулонӣ, раҳбари “Ҳайати озодии Шом” муттаҳид шуданд.

Худи Ҷулонӣ дар як мусоҳибае бо шабакаи CNN гуфт, ки ин эътилофи муваққатӣ аст, баъди аз байн бурдани ҳукумати Башшор Асад ин эътилоф кори худро низ поён медиҳад ва бо ҳам як Сурияи нав месозанд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои арабӣ ба нақл аз мақомоти баландпояи истихбороти амрикоӣ хабар доданд, ки ин кишвар гуфтааст, бо назардошти масолеҳи худ дар ин минтақа омодааст бо “Ҳайати озодии Шом” ва хусусан бо раҳбари он Муҳаммади Ҷулонӣ вориди гуфтугӯ шавад.

“Ротерз” ҳам бо нашри гузорише аз мақомҳои амниятии Амрико навишт, ки давлати Трамп эҳтимол “Ҳайти таҳрири Шом”-ро аз феҳристи “гурӯҳҳои террористӣ” берун кунад.

Расонаҳои маҳаллӣ низ хабар доданд, ки Ҷулонӣ раиси шаҳри Идлиб Муҳаммад Баширро ҳамчун раиси ҳукуматии интиқолӣ интихоб кардааст ва ӯ бояд дар рӯзҳои наздик ҳукумати муваққатро ташкил кунад.

Аммо ҳукумати Башшор Асад чӣ гуна суқут кард?

Бино ба иттилои шабакаи “Ал-Ҷазира”, ҳамла аз онҷо шуруъ шуд, ки 26-уми ноябр артиши Сурия ба минтақаи Ариҳаи Ҳалаб, ки таҳти нуфузи мухолифон буд, ҳамла карданд ва дар натиҷа 16 нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Субҳи рӯзи чоршанбеи 27-уми ноябр мухолифони Башшор амалиёти низомиеро бар зидди нерӯҳои ҳукуматии Сурия зери унвони “Посух ба таҷовуз” оғоз карданд. Ва ба қисматҳои ғарбии шаҳри Ҳалаб ва шарқи Идлиб ҳамла карданд. Пас аз чанд соат тавонистанд беш аз 20 шаҳраку деҳаҳоро забт карданд ва инчунин пойгоҳҳои низомиро дар ин минтақаҳо низ зери тасарруфи худ дароварданд.

Пас аз ду рӯзи задухӯрд мухолифон тавонистанд шаби 29 ба 30-юми ноябр шаҳри Ҳалабро пурра ба тасарруфи худ дароранд. Пас аз тасарруфи ин шаҳр мухолифон ба хазинаҳои силоҳ низ даст ёфтанд ва тавонистанд ҷангро ба дигар шаҳрҳо идома диҳанд.

Пас аз тасарруфи Ҳалаб нерӯҳои артиши Сурия барои тазъифи мухолифин дар якҷоягӣ бо нерӯҳои Русия чандин минтақаҳои аҳолинишин ва дошингоҳу беморхонаҳоро дар Ҳалаб бомборон карданд, ки дар пайи он 12 нафар кушта шуд.

Мухолифон пас аз озод кардани шаҳри Ҳалаб ба сӯи шаҳри Ҳамо раҳсипор шуданд, баъд аз даргириҳои зиёд билохира рӯзи 5-уми ноябр тавонистанд шаҳри Ҳаморо низ ба зери тасарруфи худ дароранд. Мухолифон аввалин коре, ки мекарданд, аз зиндонҳои шаҳрҳои озодшуда ҳазорон зиндониро, ки ҳукумати Башшор Асад бо туҳматҳои бофта ва ҷурмҳои сабук барои солҳои тӯлонӣ зиндонӣ карда буд, озод мекарданд.

Пас аз тасарруфи шаҳри Ҳамо таҳлилгарон мегуфтанд, ки ба сабаби шаҳри стратегӣ будани он, озод шудани дигар шаҳрҳо низ барои мухолифин осон хоҳад шуд.

Ҳарчанд нерӯҳои Башшор Асад дар шаҳрҳои Растан ва Ҳимс тақвият шуданд ва мехостанд пеши роҳи вуруди мухолифонро бигиранд, вале ин шаҳрҳо низ пайи ҳам рӯзҳои 6 ва 7-уми декабр аз дасти ҳукумат ба дасти мухолифин афтод.

Шоми 6-уми декабр низ аз шаҳрҳои Даръо, Қунайтира аз ҷануби Сурия мардум бар зидди ҳукумат шӯриш карданд ва постгоҳҳову маконҳои низомиро тасарруф карданд. Ба ҳамин тариқ шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия аз чанд ҷиҳат муҳосира шуд ва бомдоди рӯзи 8-уми декабр пурра ба тасарруфи мухолифон даромад ва низоми Башшор Асад суқут кард.

Дар Сурия чӣ мегузарад? Ва авзоъ дар Ғазза чӣ гуна аст?

0

Мухолифони мусаллаҳи Башшор Асад шоми рӯзи 5-уми декабр эълон карданд, ки шаҳри Ҳамои Сурияро аз дасти нерӯҳои Башшор озод карданд.

Идораи амалиёти низомии мухолифони Башшор Асад, раисҷумҳури худкомаи Сурия эълон карданд, пас аз 72 соати задухӯрд бо нерӯҳои артиши ин кишвар шаҳри Ҳаморо пурра ба тасарруфи худ дароварданд.

Нерӯҳои мухолифин мегӯянд, пас аз тасарруфи шаҳри Ҳамо 3 ҳазор зиндониро, ки хеле дар як шароити вазнин нигаҳдорӣ мешуданд, аз зиндонҳо бидуни ҳеч қайду шарте озод карданд. Гуфта мешавад, соате пас аз вуруд ба Ҳамо нерӯҳои мухолифин ба сӯи шаҳри Ҳимс ҳаракат карданд.

То ҳангоми омодашавии ин матлаб аллакай нерӯҳои мухолифин ба наздикии шаҳри Ҳимс расидаанд ва онҳо талош доранд то суқути Башшор Асад аз қудрат муборизаро идома бидиҳанд.

Ҳамзамон Идораи амалиёти низомӣ бо нашри эълонҳо аз артиши Башшор хостаанд, ки ҳарки аз ин низоми диктотурӣ ҷудо шудан ва ба онҳо пайвастан хоҳад, ҷонаш дар амон аст.

Аммо аз теъдоди кушта ва захмӣ шудагони ду тараф то ҳол оморҳои дақиқе мунташир нашудааст.

Гуфта мешавад, айни замон кишварҳои ҳамося, аз ҷумла Эрону Ироқ талош доранд бо роҳии гуфтушунид вазъро дар Сурия ором кунанд ва нагузоранд низоми Башшор Асад суқуқт кунад.

Аммо вазъ дар Ғазза ҳар лаҳза вазнинтар мешавад. Ҳуҷумҳои Исроил ҳамоно ба шиддат идома дорад. Субҳи имрӯз дар чанд ҳамлаи паёпайи Исроил ба хонаҳои сокионон дар Ғазза беш аз 30 нафар кушта шуда, даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.

Ба иттилои расонаҳо, нерӯҳои артиши Исроил ҳатто беморхонаи Камоли Удвон, ягона беморхонае, ки дар шимоли Ғазза фаъолият мекард, аз кор боз мондааст. Дар наворҳо дида мешавад, ки нерӯҳои Исроил мошинҳои ёрии таъҷилиро дар назди ин беморхона тирборон мекунанд ва намегузоранд, захмиён вориди беморхона карда шаванд.

Гуфта мешавад, то кунун дар бомборонҳои Исроил болои мардуми Ғазза бештар аз 44 ҳазору 600 нафар кушта шуда, беш аз 105 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад, ҳатто беморон даво пайдо намекунанд, ки захмҳои худро мудово кунанд ва вазъи саломатии аксари онҳо хеле бад аст.

Ҳамчунин кишварҳо ва ниҳодҳои ҳуқуқӣ мегӯянд, вазъи инсонӣ дар Ғазза бисёр вахим аст. Аз як сӯ Исроил монеи вуруди кумакҳои ғизоӣ мешавад ва аз сӯи дигар бетаваққуф урдугоҳҳои паноҳандагон ва беморхонаҳоро бомборон дорад, ки ин вазъияти фоҷиаи инсониро дар Ғазза ба вуҷуд овардааст.

Интиқоди Раҳмонов аз додрасҳои таъйинкардааш

0

Президенти худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як суханронии ахираш кори низоми додгоҳии кишварро интиқод кард.

Эмомалӣ зимни суханронияш ба мушкилоти зиёде, аз ҷумла бемасъулиятии додарсҳо, фасод ва таъхири раванди парвандаҳо ишора кард.

Раисҷумҳур дар суханронии рӯзи 5-уми декабраш бо кормандони мақомоти додгоҳии кишвар аз сохтмони биноҳои нав, баланд бардоштани маоши кормандони ин ниҳод, зиёд кардани маблағгузорӣ, қабули қонунҳо, аз тағйиру иловаҳо ба сарқонуни кишвар ва дигар пешрафтҳои ин ниҳод гуфт.

Аммо дар идомаи суханронияш ба бемасъулиятии додрасҳо ишора намуда, гуфт, ки баъзе додрасҳо дар вақти баррасии парвандаҳо беаҳаммиятӣ зоҳир намуда, ба далелҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ намедиҳанд ва ҳолатҳои барои парванда аҳаммиятдоштаро ҳаматарафа намесанҷанд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ, ин тарзи муносибат боиси татбиқи нодурусти қонунҳо, қабули санадҳои ғайриқонунӣ ва дар ниҳоят бекор шудани қарорҳои қабулкардаи онҳо мегардад. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, дар давоми солҳои 2020 – 2023 ва нӯҳ моҳи соли 2024 аз ҷониби додгоҳҳои болоӣ беш аз 1700 қарори додгоҳҳои поёнӣ бекор гардида, 1400 ҳолати риоя нагардидани муҳлати баррасии парвандаҳо ба қайд гирифта шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи суханронияш гуфт, ки Додгоҳи олии кишвар 2320 шикояти шаҳрвандонро аз болои додгоҳҳо ба қайд гирифтааст, дар ҳоле, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президент 4332 шикоят ворид шудааст. Раҳмонов эътироф кард, ки шаҳрвандон бинобар беадолатии қарорҳои аввалия ва кашолкорӣ дар баррасии парвандаҳо маҷбур мешаванд даъвоҳои худро дубора пешниҳод кунанд.

Инчунин ӯ аз вуҷуд ва зиёд шудани фасоду қонуншиканӣ дар низоми додгоҳӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки дар даҳ соли охир нисбати 107 корманди ин соҳа, аз ҷумла 45 додрас, парвандаи ҷиноӣ асосан бо айбномаҳои ришваситонӣ, суиистифода аз ваколат ва қаллобӣ боз шудаанд. Танҳо дар даҳ моҳи соли 2024 26 ҷиноят нисбат ба 16 корманди додгоҳҳо ба қайд гирифта шудааст.

Раҳмонов дар идома бо сабаби даст ба қонуншиканӣ ва кашолакорӣ задани додрасҳо аз сарсону саргардон шудани маҳкумшудагону ҷабрдидагон ва аҳли оилаи онҳо гуфта, мисол овард, ки дар соли гузашта ва нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 1008 санади додгоҳӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла 709 санад бо эътирози додситонҳо ва 299 санад бо шикояти кассатсиониву назоратии маҳкумшудагон, ҷабрдидагон ва намояндагони онҳо бекор ва тағйир дода шудааст.

Дар ин суханронияш Раҳмонов аз раҳбарияти мақомоти додгоҳӣ талаб кардааст, ки аз ҳуқуқвайронкуниҳо, ба мисли фасод дар фаъолияти додрасҳо ва кормандони ин ниҳод пешгирӣ кунанд.

Инчунин ӯ хостааст дар масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо эътибори аввалиндараҷа дода шавад ва мақомотро аз шахсони тасодуфӣ, ки ба шаъну эътибори мақомоти додгоҳӣ иснод меоваранд, тоза намоянд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки додрасҳо дар кишвар бо фармони худи раисҷумҳур таъйину барканор мешаванд ва сохтори додгоҳии кишвар пурра зери идораи ӯст. Мардум ҳам инро дарк кардаанд, чун ҳолатҳои зиёде вуҷуд дорад, ки бархе аз шаҳрвандон дар ҷанҷолҳои додгоҳӣ ба шахси Эмомалӣ номаҳои кушода менависанд, чун медонанд бо шафоати ӯ вуҷуди қонун ҳам чандон муҳим нест.

Пас аз соли 2016 даҳҳо созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аз Тоҷикистон вуҷуди ришва ва фасод дар низоми додгоҳии он интиқод карда буданд. Ғайриқонунӣ зиндонӣ шудани мухолифони сиёсӣ, вакилони дифоъ, рӯзноманигорон ва озодандешон аз ҷумлаи интиқодоти ин созмонҳост. Дар гузориши баъзе созмонҳо гуфта мешавад, ки дар аксари ин парвандаҳо додрасҳо ба ҳар шакле иқрор шудаанд, ки фармонро аз “боло” гирифтаанд ва коре аз дасташон сохта нест.

Таҳлилгарон ба ин боваранд, ки то низомӣ додгоҳӣ аз ҳукумат ҷудо набошад ҳама гуна ислоҳот сатҳӣ боқӣ монда, мушкилоти ин низом бартараф нахоҳад шуд.

Вобаста будани низоми додгоҳӣ аз Эмомалӣ Раҳмон боис гаштааст, ки дар кишвар парвандаҳои сиёсӣ ва зиндониёни сиёсӣ бештар шаванд.