Хона блог саҳифа 119

Боздошти корманди ВКД бо иттиҳоми порагирӣ

0

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти як мақоми Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод.

Агентии зидди фасод аз гумонбар Шукурзода М. ном бурда, мегӯяд, номбурда дар вазифаи муфаттиши шуъбачаи тафтишотии шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара кор мекард.

Ба иттилои манбаъ, тафтишот нишон дода, ки Шукурзода ҳамчун шахси мансабдор, “дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷинояти гирифтани пора задааст.”

Гуфта мешавад, ин корманди ВКД дар шаҳри Исфара ба хотири як шахси муттаҳами дигарро (аз ӯ М.М ёд шудааст) аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардан ва ӯро бегуноҳ нишон додан, моҳи феврали соли 2025 аз ӯ 20000 сомонӣ ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Агентии зидди фасод дар хабараш таъкид мекунад, ки худи ҳамон моҳ зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ аз тарафи кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шукурзода М. баъд аз гирифтани 20 ҳазор сомонӣ ҳамчун пора аз шаҳрванд М.М. дар дохили мошинаш дастгир ва маблағҳои пулӣ ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.”

Ин ниҳоди зидди фасоди кишвар мегӯяд, вобаста ба ин ҳолат нисбати Шукурзода М. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, аллакай таҳқиқи парванда ба поён расидааст ва ҳоло онро ба додҳо фиристодаанд.

Ин бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон як мақомдори сохторҳои қудратии кишвар даст ба порагирӣ ва ришвахӯрӣ мезанад. Ҳамасола даҳҳо чунин мақомдор аз ниҳодҳои мухталиф, ҳатто аз худи Агентии зидди фасод ҳам ба гумони ришва ва фасод боздошт ва зиндонӣ мешаванд.

Бархе таҳлилгарон бар ин назаранд, ки падидаи фасоду ришваро дар Тоҷикистон решакан кардан амри маҳол аст. Зеро аз шахси аввали кишвар шуруъ шуда, ин амали номатлуб дар тамоми вазорату идораҳои кишвар реша давондааст.

Ҳатто чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархе корбарони аз он шикоят карда буданд, ки беморхона омадаанд, посбон аввал пора мегирад баъд мегузорад ворид шавӣ. Дигар корбарон мегӯянд, ҳукумат низоме сохтааст, ки то пул надиҳӣ ҳеч корат пеш намеравад, фарқ надорад он кор қонунӣ бошад ё ғайриқонунӣ.

Тоҷик кӣ буд, кӣ шуд? Марзбонони рус муҳоҷиронро ба тозакорӣ маҷбур карданд

0

Дар фазои маҷозӣ видеое нашр шудааст, ки дар он дида мешавад, як гурӯҳ муҳоҷирон ба ҷамъоварии партовҳо машғуланд. Ҳамзамон чанд нафар бо либосҳои низомӣ низ дида мешаванд.

Муаллифи навор мегӯяд, марзбонони рус дар марзи ин кишвар муҳоҷирони тоҷикро маҷбур кардаанд, ки аввал тамоми партовҳои атрофро тоза кунанд, сипас ба қаламрави Русия ворид шаванд.

Маълум нест ин ҳолат кай наворбардорӣ шудааст. Аммо ин рафтори сарҳадбонони рус хашми бисёре аз корбарони тоҷикро барангехтааст. Аз ҷумла, яке аз корбарон дар зери навор навиштааст: “Тоҷик ки буд, ки шуд…”

Корбари дигаре бо ишора ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури худкомаи 72-солаи Тоҷикистон навиштааст: “Таҳқир аз ин зиёд намешавад. Калонҳои мо кай парво доранд?! Халқ дар азоб аст, худашон бо хешу табор хурда гаштаанд, фикри халқро намекунанд”.

Рӯз то рӯз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия бадтар мешавад ва ин ҳолат нигарониҳои зиёдеро миёни ин қишри осебпазир ба бор овардааст.

Мунтақидон мегӯянд, бо вуҷуди муносибатҳои дӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин маҳз муҳоҷирони тоҷик бештар аз дигарон зери фишору маҳдудият дар Русия қарор доранд.

Панҷ кишвари ғарбӣ ду вазири ифротии Исроилро таҳрим карданд

0

Британия, Канада, Норвегия, Зеландияи Нав ва Австралия алайҳи ду вазири рости ифротии исроилӣ таҳрим ҷорӣ карданд.

Ин панҷ кишвари ғарбӣ рӯзи душанбе, 10-уми июн дар як баёнияи муштараке эълом карданд, ки Итамар Бин-Гафир, вазири амнияти дохилӣ, ва Бетсалел Смотрич, вазири молияи Исроилро ба далели рафторҳои “хушунатомез алайҳи фаластиниён” таҳрим карданд.

Девид Леми, вазири корҳои хориҷии Британия дар изҳороте гуфт, ки ин ду вазири исроилӣ “боиси таҳрики хушунатҳои ифротӣ ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи башари фаластиниён шудаанд.”

Таҳримҳое, ки бар зидди онҳо ҷорӣ шудааст, манъи сафар ва масдудсозии дороиҳои ин ду мақоми исроилиро дар бар мегиранд.

Ин иқдоми кишварҳои панҷгона сахттарин мавқеъгирии кишварҳои ғарбӣ алайҳи мақомҳои Исроил аз оғози ҷанг дар Ғазза маҳсуб мешавад.

Дар посух ба ин иқдоми кишварҳои ғарбӣ Исроил гуфта, ки “таҳрим алайҳи намояндагони мунтахаби мардум ва аъзои давлат шармовар аст.”

Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи чоршанбе, 11-уми июн низ дар як изҳороте эълом дошта, ки ин таҳримҳо ба барқарории оташбас дар Ғазза кумак намекунад. Амрико таъкид кардааст, ки ҳамеша дар паҳлуи Исроил хоҳад буд.

Амрико барои ҳимоят аз Исроил қаблан ҳам лоиҳаи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи оташбас дар Ғаззаро вето карда буд.

Бин-Гафир ва Смотрич ду вазири исроилие ҳастанд, ки бо изҳороти тундгароёна ва мавқеъгириҳояшон алайҳи фаластиниён ва мардуми Ғазза ба вазирони ифротӣ ном баровардаанд.

Ин ду вазир борҳо иброз доштаанд, ки ҳар давлае, ки мехоҳад Фаластинро давлати мустақил эътироф кунад ва ё ҳуҷуми Исроилро маҳкум мекунад, Исроил ба теъдоди онҳо дар минтақаҳои Фаластин шаҳраксозӣ мекунад.

Смотрич ҳам қаблан дар изҳороте гуфта буд, ки мо ҳатто барои ворид кардани як донаи гандум ҳам ба Ғазза иҷозат намедиҳем. Ӯ таъкид кард, ки Ғазза бояд ба таври комил нобуд карда шавад, ба зану кӯдаки он раҳм нашавад ва бояд боқии аҳолии ин борика ба давлати сеюм кӯчонида шаванд.

Ҳамзамон Бен-Гафир ҳам борҳо изҳороти тунде нашр карда буд. Аз ҷумла, ӯ гуфта буд, ки Масҷиди Ақсо ба канисои яҳудиён табдил дода шавад, тамоми аҳолии Ғазза ба атври иҷборӣ ба дигар кишвари арабӣ кӯчонида шаванд. Ин изҳороти ӯ дар ҷомеаи байналмилалӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Фоҷиа дар Ваҳдат: се кӯдак бар асари сӯхтор ва бебарқӣ ба ҳалокат расиданд

0

Шаби 7-уми июн дар шаҳри Ваҳдат “аз дуди ғализ” се кӯдаки ноболиғ ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, сӯхтор дар хонаи сокини 37-солаи деҳаи Ҷангалободи Карим Холмуродов бар асари “беназорат гузоштани шамъ” сар зада, ҷони кӯдакони 5, 8 ва 10-соларо гирифт.

Аммо намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Ваҳдат рӯзи 9-уми июн гуфта буд, ки эҳтимол сабаби сӯхтор сими нерӯдиҳандаи телефон бошад. То ҳол байни ниҳодҳо дар бораи сабаби асосии фоҷиа ихтилофи назар вуҷуд дорад ва тафтишот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол сокинони маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки дар рӯзи рух додани сӯхтор барқ дар деҳа бо сабаби вайроншавии трансформатор набуд. Мақомот ҳам барои ҳаллу фасли мушкилот сари вақт чора наандешиданд ва ин фоҷиа аз бепарвоии мақомот ба миён омадааст.

Ин аввалин ҳолати ҳалокати кӯдакон дар натиҷаи сӯхтор нест. Дар моҳи марти соли 2024 низ дар шаҳри Душанбе бар асари сӯхтор дар як манзили истиқоматӣ се кӯдак ба ҳалокат расида буданд.

Як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон даргузашт

0

Шаби 9-уми июни соли ҷорӣ, Аслан Гулобови 35-сола, зиндонии сиёсии зодаи Бадахшон дар зиндони низомаш “крытый” дар шаҳри Душанбе даргузашт.

Бино ба иттилои рӯзноманигор Анора Саркорова, сабаби эҳтимолии марги Гулобов хуруҷи захми меъда будааст, ки ба “перитонит” оварда расондааст. Бо вуҷуди шикоятҳои такрорӣ аз бад шудани вазъи саломатияш, дар зиндон ба ӯ кумаки тиббӣ сари вақт расонида нашуд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ дар шаҳри Хоруғ 10-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфта, ки давоми ду моҳи ахир аҳволи ӯ дар зиндон хеле бад буд. Наздиконаш ба Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ рафта, хоҳиш карданд, ки барои табобати Гулобов чора андешида шавад, аммо мақомот ин талабро нодида гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҷасади Аслан Гулобовро бояд имрӯз барои дафн дар Хоруғ ба наздиконашон дода бошанд.

Ин дувумин мавриди фавти маҳбусони сиёсӣ дар соли ҷорӣ аз миёни зодагони Бадахшон дар ҳамин зиндон аст. Дар моҳи январи соли 2025 Қулмамад Паллаев, зиндонии 50-сола, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, бо нишонаҳои дарди шадиди меъда даргузашт. Ӯ низ пеш аз маргаш аз дард шикоят карда буд, вале ба кумаки тиббӣ даст наёфт.

Аслон Гулобов зодаи шаҳри Хоруғ буда, соли 2022 бо иттиҳоми даст доштан дар қатли генерали Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Абдулло Назаров дар соли 2012 боздошт шуда буд. Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, парванда сохтакорӣ шуда, раванди тафтишот ва муҳокима пӯшида сурат гирифтааст. Ҳамзамон, маълум аст, ки Гулобов дар боздошт шиканҷа шудааст. Бо вуҷуди оне ки иттиҳоми мақомотро рад кардаанд, ҳамроҳи ӯ Ғуломалӣ Айёмбеков, писари Толиб Айёмбеков ва Хайримамад Дӯстмамадов ҳам умрбод зиндонӣ шуданд.

Инчунин ду пайванди дигараш, аз ҷумла амакзодааш Ниёзшоҳ Гулобов ба ҳабси абад ва Азим Гулобов ба 18 соли зиндон маҳкум шудаанд.

Гуфта мешавад, ин афрод дар моҳҳои май-июни соли 2022 дар пайи эътирозҳои осоиштаи сокинон дар ВМКБ, ки мақомот даст ба қатли даҳҳо нафар заданд боздошт шуда буданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои демократӣ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хоста буданд, ки саркӯби эътирозҳо ва нақзи ҳуқуқи инсон дар ин вилоят таҳқиқ шавад, вале мақомот ин талабу дархостҳоро мисли ҳамеша нодида мегиранд.

Исроил сарнишинони киштии Модлинро зиндонӣ мекунад

0

Вазорати умури хориҷии Исроил хабар дода, ки 12 фаъоли ҳуқуқи башар, ки дар киштии “Модлин” ҳузур доштанд, барои ихроҷ аз Исроил ба Фурӯдгоҳи “Бин-Гурион” интиқол ёфтанд.

Бар асоси баёнияи Вазорати корҳои хориҷии Исроил ҳашт тан аз ин афрод “санадҳои ихроҷ”-ро имзо накардаанд ва ба шартҳои ихроҷ аз Исроил мухолифат кардаанд. Қарор аст идомаи кори онҳо дар додгоҳ дида шавад.

Ба гуфтаи расонаҳо, то ҳол маълум нест, ки 4 тани дигар аз ин афрод, аз ҷумла хонум Грета Тунберг, фаъоли ҳуқуқӣ аз кишвари Суид (Шветсия) аз Исроил ихроҷ шудаанд ва ё дар садади ихроҷ ҳастанд.

Аммо, Ал-Ҷазира гузориш дод, ки хонум Тунберг тариқи Фаронса ба ватани худ баргаштааст. Ӯ дар фурудгоҳе дар Фаронса ба хабарнигорон гуфта, ки ончи бар сари мо гузашт ҷиноятҳои зидди башарии Исроилро бори дигар собит мекунад. Ӯ изҳор дошта, ки ҳукуматҳои мо ҳам ба ҳар навъе дар қатли оми мардуми Ғазза ва ҷиноятҳои Исроил даст доранд. Ва камтарин коре, ки метавонанд ин кишварҳо анҷом диҳанд, ин эътирофи давлати Фаластин ҳамчун давлати мустақил аст.

Мақомоти исроилӣ рӯзи душанбе эълон карданд, ки киштии “Модлин”-ро, ки барои кумак ба мардуми Ғазза маводҳои ғизоӣ ва доруворӣ мебурд, ҳамроҳи 12 сарнишинаш боздошт карда ва ба бандари Усдуд интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, ҳадафи киштии “Маделин”, ки тариқи эътилофи “Караван озодӣ” ташкил шуда буд, тариқи роҳи баҳрӣ кумакҳои башардӯстонаро барои мардуми зери муҳосирамондаи Ғазза расондан буд. Дар дохили ин кишватӣ 12 фаъоли ҳуқуқӣ аз Олмон, Фаронса, Бразилия, Испания, Ҳолланд, Туркия ва Испания ҳузур доштанд. Киштии ҳомили кумакҳои инсонӣ аз Италия дар эътироз ба муҳосираи шадиди Исроил болои мардуми Ғазза ва вазъи тоқатфарсони инсонӣ дар ин борика, аввали моҳи июн ба роҳ афтода буд.

Созмонҳои ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ боздошти киштӣ ва сарнишинонашро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла, аз сӯи мақомҳои расмии Туркия ва бархе кишварҳои дигар боздошти сарнишинони киштӣ накӯҳиш шуд ва ин рафтори Исроилро “ғайриинсонӣ” ва “террористӣ” хонданд.

Пас аз боздошти киштӣ гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи мадании Тунис барои кумак ба мардуми Ғазза бо пои пиёда ба роҳ баромаданд. Ҳамзамон дар ҷандин кишварҳои шарқӣ ва ғарбӣ эътирозҳо сар зад ва рафтори Исроилро маҳкум карданд.

Ёдовар мешавем, ки Исроил пас аз 7-уми октябри соли 2023 то имрӯз Ғаззаро ба шиддат бомборон дорад. Ба гузориши расонаҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, то кунун беш аз 181 ҳазор сокини ин борика кушта ва захмӣ шуда, беш аз 11 ҳазор нафар беному нишон гаштаанд, ки аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон гуфта мешавад, 100% аҳолии Ғазза аз гуруснагӣ ба шиддат ранҷ мебаранд. То ҷое, ки кӯдакону пиронсолон тоқати гуруснагиро накарда, рӯзона даҳҳо тан ҷон медиҳад.

Ҳамзамон расонаҳо гузориш медиҳанд, ки дар пайи ҳамлаҳои шадиди Исроил ба Ғазза беш аз 90% хонаҳо пурра ва ё қисман хароб шудаанд ва ин макон ба як харобазор мубаддал шудааст.

Ҷамъияти кумакрасонии тиббии Фаластин дар Ғазза мегӯяд, марказҳои тақсими ғизо макони шикори мардуми бегуноҳ шудаанд. Ҳатто гуфта мешавад, ҳолатҳое вуҷуд дорад, ки бархе аз мардуми Ғазза вақте барои дарёфти ғизо ба ин марказҳо мераванд, аз шиддати гуруснагӣ дар роҳ афтода ҷон медиҳанд.

Тазоҳуроти оммавӣ алайҳи сиёсатҳои зидди муҳоҷиратии Трамп

0

Беш аз се рӯз аст, дар иёлати Калифорния ва дигар иёлатҳои Амрико тазоҳуроти оммавӣ алайҳи сиёсатҳои зидди муҳоҷиратии президенти Амрико Доналд Трамп идома дорад.

Ин тазоҳурот баъди амалиёти боздошти даҳҳо муҳоҷир аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати ИМА (ICE) оғоз шуданд.

Дар шаҳри Парамаунти ҷануби Лос-Анҷелес миёни эътирозгарон ва нерӯҳои интизомӣ даргириҳо рух дод. Тазоҳургарон ба сӯи мошинҳои пулис санг ва тухм ҳаво доданд. Дар посух кормандони пулис аз норинҷакҳои садо ва тирҳои резинӣ истифода бурданд.

Рӯзи 7-уми июн Доналд Трамп бидуни мувофиқа бо мақомоти иёлот фармон дод, ки Горди миллӣ барои саркӯби нооромиҳо сафарбар карда шавад. Ин иқдом боиси норозигии шаҳрдори Лос-Анҷелес Карен Басс, губернатори Калифорния Гэвин Ньюсом ва дигар намояндагони Ҳизби демократ гардид.

Бо вуҷуди чораҳои андешидашуда, эътирозҳо идома ёфтанд. Ба гуфтаи CNN, ба тазоҳурот на танҳо мухолифони рейдҳо ва муҳоҷирон, балки онҳое низ пайвастанд, ки зидди истифодаи Горди миллӣ дар шаҳр мебошанд.

Дар задухӯрдҳо бархе афсарони пулис ва рӯзноманигорон маҷруҳ шуданд. Шоми 8-уми июн раиси пулиси Лос-Анҷелес Ҷим Макдоннел аз боздошти 10 эътирозгар хабар дод.

Ҳамин тавр, CNN низ хабар дод, ки дар бархе аз навоҳии Колифорния, Сан-Франсиско ва дигар минтақаҳо байни муътаризон ва пулис даргирӣ рух дода, ҳудуди 150 нафар боздошт шудааст.

Пулиси Ню-Йорк рӯзи душанбе хабар дода, ки “нафарони зиёде”-ро барои иштирок дар эътирозҳои хиёбонӣ ва ҳуҷум ба идораи муҳоҷират ва гумруки ин шаҳр боздошт кардааст.

Назорат аз болои фарзандони муҳоҷирон дар Русия сахттар мешавад

0

Аксар фарзандони муҳоҷирон ба имтиҳони забони русӣ барои шомил шудан ба мактабҳои Русия роҳ наёфтанд.

Дар Русия аз 1-уми апрели соли ҷорӣ, талаботе амал мекунад, ки тибқи он кӯдакони муҳоҷирон танҳо баъд аз гузаштани имтиҳони забони русӣ ва дуруст посух додан ба 90% суолҳо метавонанд ба мактабҳо роҳ ёбанд. Натиҷаҳои ду моҳи аввал нишон доданд, ки танҳо шумораи ками довталабон тавонистаанд аз имтиҳони забони русӣ гузаранд.

Бар асоси маълумоти расмӣ, дар ин муддат 2868 дархост барои иштирок дар имтиҳон пешниҳод шудааст. Аммо танҳо 498 кӯдак (17%) иҷозаи иштирок дар имтиҳонро гирифтанд ва дар ниҳоят ба мактабҳо ҳамагӣ 4% аз ҳамаи дархосткунандагон қабул шуданд.

Мақомоти Русия сабаби роҳ наёфтани 83 дарсади дархосткунандагонро ба имтиҳонҳо ба номукаммал будани ҳуҷҷатҳо, маълумоти нодуруст дар анкетаҳо ва нарасидани ҷой дар мактабҳо рабт медиҳанд.

Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин аз натиҷаҳои талаботи нав истиқбол намуда, таъкид кардааст, ки он самаранокии худро нишон дод.

Аммо коршиносони соҳаи таълим ва таҳлилгарон аз ин қонун интиқод карда, ҳушдор додаанд, ки он боиси дур мондани наврасон аз таълиму тарбия ва наздик шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятӣ мегардад.

Бо вуҷуди ин ҳушдорҳо раиси Дума Володин назорат аз болои татбиқи ин қонунҳоро муҳим дониста, мегӯяд, ки дар ҳолати зарурӣ ба онҳо ислоҳоти иловагӣ ворид карда мешаванд.

Инчунин дар ҳамин ҳафта Думаи давлатӣ баррасии лоиҳаи нави қонунеро оғоз мекунад, ки назоратро аз болои кӯдакони муҳоҷирон, ки ба мактаб роҳ наёфтаанд, пурзӯр хоҳад кард.

Дар ин лоиҳа пешниҳод шудааст, ки низоми ягонаи мубодилаи маълумот миёни мактабҳо ва ВКД-и таъсис дода шавад ва муассисаҳои таълимӣ муваззаф хоҳанд шуд, ки маълумоти шахсии кӯдак ва падару модараш; натиҷаҳои имтиҳони забони русӣ; маълумот дар бораи қабул ё хориҷшавӣ аз мактаб; ва далелҳои муроҷиати шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар “рӯёхати шахсони зери назорат” қарор дорандро ба ВКД ирсол намоянд.

Дар навбати худ ВКД муассисаҳои таълимиро дар бораи сабти ном ва бақайдгирии кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ хабардор мекунад. Володин иддао дорад, ки ирсоли иттилоот миёни сохторҳо имкон медиҳад, ки қонуният ва мақоми ҳуқуқии будубоши кӯдак ва волидайни ӯ дар Русия таҳти назорат қарор гирад ва қарорҳои дахлдор нисбати онҳо қабул шавад.

Бояд гуфт, дар Русия фазои муҳоҷирбадбинӣ ба авҷи худ расида, давоми як соли ахир дар ин кишвар чандин қонунҳои наве дар Думаи давлатӣ пешниҳоду қабул гардид, ки шароити бе ин ҳам вазнини корӣ барои муҳоҷиронро мушкилтар мекунад.

Инчунин дар ин муддат, мақомоти ин кишвар ҳамроҳи гурӯҳҳои миллатгаро бо ҳар баҳона дар кӯчаву хобгоҳҳо ва ҳатто қаҳвахонаву бозорҳо “рейд” гузаронида, нисбати муҳоҷирон бадрафторӣ карда, онҳоро латтукӯб мекунанд. Ҳамчунин асноди будубошу дигар ҳуҷҷатҳои зодагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус зодагони Тоҷикистонро барои нарафтан ба ҷанги зидди Украина бекор мекунанд.

Эмомалӣ аз хатари обшави пиряхҳо ҳушдор дод, вале Тоҷикистон ҳанӯз аз ташнагӣ ранҷ мебарад

0

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми июн барои иштарок дар чорабинии “Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои криосфера (солҳои 2025–2034)” ба Фаронса сафар кард.

Гуфта мешавад, ин чорабинӣ дар доираи Конфронси сеюми СММ оид ба уқёнус баргузор шудааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин конфронс зимни суханронияш иброз доштааст, ки Тоҷикистон яке аз ташаббускорони ин конфронс аст ва дар татбиқи он нақши фаъол мебозад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ, тақрибан 60 дарсади пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ҷойгиранд, ки барои амнияти оби минтақа муҳим мебошанд. Вай таъкид карда, ки таназзули криосфера ба иқтисодиёт, кишоварзӣ ва амнияти инсонӣ таъсири манфӣ мерасонад ва ҳамкории бештар байналмилалиро дар ин замина талаб мекунад.

Ӯ инчунин аз оқибатҳои нигаронкунандаи тағйири иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо ва камбуди об изҳори нигарони кардааст.

Нигарониҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди тағйири иқлим ва обшавии пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки худи кишвар, ки беш аз 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад, ба камбуди ҷиддии оби нӯшокӣ ва об барои кишоварзӣ дучор аст.

Дар минтақаҳои зиёди Тоҷикистон сокинон аз набуди оби нӯшиданӣ шикоят мекунанд. Гузоришҳо нашр шудааст, ки мардум аз иҷбор бо маблағи шахсӣ ва ё бо роҳи ҳашар шабакаҳои обрасониро нав ва ё таъмир карда, мушкили беобии худро ҳал мекунанд.

Кишоварзон низ аз талафоти маҳсулот ба далели камбуди об изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба гуфтаи мунтақидон, сабаби ин вазъро метавон дар фасоди идорӣ ва нокомии тӯлонии ҳукумат дар сохтани зерсохторҳои муосири обрасонӣ дид. Онҳо таъкид мекунанд, ки бо вуҷуди сӣ соли раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ӯ ва ҳукуматаш натавониста мушкили дастрасии мардум ба оби нӯшокиро ҳал кунад.

Бояд гуфт, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса қаблан эълон нашуда буд ва ба гуфтаи таҳлилгарон, ба хотири огоҳ нашудани мухолифон ва ташкил накардани тазоҳуротҳо мебошад. Намояндагони “Гурӯҳи 24” дар яке аз сафарҳои Раҳмонов ба Олмон ӯро бо тухм зада буданд.

Исроил сарнишинони киштии Модлинро боздошт кард

0

Субҳи рӯзи душанбе нерӯҳои дарёии Исроил киштии “Модилн”, ки кумакҳои башардӯстонаро ба сӯи Ғазза мебурд, ҳамроҳ бо сарнишинонаш боздошт кард.

Тавре эътилофи “Корвони озодӣ” хабар медиҳад, нерӯҳои дарёии Исроил бомдоди душанбеи 9-уми июни соли 2025 киштии Модлинро, ки бо худ кумакҳои инсонӣ, аз ҷумла хӯроку либос ва доруворю воситаҳои тиббӣ ҳамл мекард ва ба сӯи соҳили Навори Ғазза дар ҳаракат буд, боздошт карда, онро ба бандари Усдуд бурданд.

Пеш аз ин эътилоф хабар дода буд, ки киштӣ дар дарёҳои байналмилалӣ аз ҷониби Исроил борҳо ҳушдор дарёфт карда буд, ки баргардад ва ахиран мавриди ҳамла ҳам қарор гирифта буд.

Гуфта мешавад, дар ин амалиёт гурӯҳҳои махсуси баҳрии иштирок карда, ҳамроҳи киштӣ 12 сарнишини онро ҳам боздошт кардаанд.

Расонаҳои исроилӣ ба нақл аз масъулони зиндони Ғафун гуфтанд, ки раҳбарияти ин зиндон аллакай ҷойҳои махсус ва утоқҳои инфиродиро барои сарнишинони киштии Модилн омада кардаанд ва қарор аст ҳамаи онҳо дар утоқҳои инфиродӣ нигаҳдорӣ шаванд ва мавриди бозпурсӣ қарор гиранд.

Вазири дифои Исроил, Исроил Катс ба хотири пешгирӣ аз киштӣ ва боздошти сарнишинони он, ки гурӯҳе аз фаъолони ҷомеаи мадании чанд кишвар ҳастанд, аз нерӯҳои дарёӣ изҳори сипос кардааст.

Мақомоти Исроил гуфтаанд, ки ба ҳеч кас иҷозат намедиҳанд ҳар навъ кумакеро чи аз тариқи баҳр ва чи аз дигар роҳ ба Ғазза ворид кунад.

Ҳадафи киштии “Маделин”, ки тариқи эътилофи “Караван озодӣ” ташкил шуда буд, тариқи роҳи баҳрӣ кумакҳои башардӯстонаро барои мардуми зери муҳосирамондаи Ғаза расондан буд. Дар дохили ин кишватӣ 12 фаъоли ҳуқуқӣ аз Олмон, Фаронса, Бразилия, Испания, Ҳолланд, Туркия ва Испания ҳузур доштанд. Киштии ҳомили кумакҳои инсонӣ аз Италия дар эътироз ба муҳосираи шадиди Исроил болои мардуми Ғазза ва вазъи тоқатфарсони инсонӣ дар ин борика, аввали моҳи июн ба роҳ афтода буд.

Созмонҳои ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ боздошти киштӣ ва сарнишинонашро ғайриқонунӣ арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла, аз сӯи мақомҳои расмии Туркия ва бархе кишварҳои дигар боздошти сарнишинони киштӣ накӯҳиш шуд ва ин рафтори Исроилро “ғайриинсонӣ” ва “террористӣ” гуфтанд.