Панҷ кишвари ғарбӣ ду вазири ифротии Исроилро таҳрим карданд

Британия, Канада, Норвегия, Зеландияи Нав ва Австралия алайҳи ду вазири рости ифротии исроилӣ таҳрим ҷорӣ карданд.

Ин панҷ кишвари ғарбӣ рӯзи душанбе, 10-уми июн дар як баёнияи муштараке эълом карданд, ки Итамар Бин-Гафир, вазири амнияти дохилӣ, ва Бетсалел Смотрич, вазири молияи Исроилро ба далели рафторҳои “хушунатомез алайҳи фаластиниён” таҳрим карданд.

Девид Леми, вазири корҳои хориҷии Британия дар изҳороте гуфт, ки ин ду вазири исроилӣ “боиси таҳрики хушунатҳои ифротӣ ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи башари фаластиниён шудаанд.”

Таҳримҳое, ки бар зидди онҳо ҷорӣ шудааст, манъи сафар ва масдудсозии дороиҳои ин ду мақоми исроилиро дар бар мегиранд.

Ин иқдоми кишварҳои панҷгона сахттарин мавқеъгирии кишварҳои ғарбӣ алайҳи мақомҳои Исроил аз оғози ҷанг дар Ғазза маҳсуб мешавад.

Дар посух ба ин иқдоми кишварҳои ғарбӣ Исроил гуфта, ки “таҳрим алайҳи намояндагони мунтахаби мардум ва аъзои давлат шармовар аст.”

Вазорати корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи чоршанбе, 11-уми июн низ дар як изҳороте эълом дошта, ки ин таҳримҳо ба барқарории оташбас дар Ғазза кумак намекунад. Амрико таъкид кардааст, ки ҳамеша дар паҳлуи Исроил хоҳад буд.

Амрико барои ҳимоят аз Исроил қаблан ҳам лоиҳаи қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи оташбас дар Ғаззаро вето карда буд.

Бин-Гафир ва Смотрич ду вазири исроилие ҳастанд, ки бо изҳороти тундгароёна ва мавқеъгириҳояшон алайҳи фаластиниён ва мардуми Ғазза ба вазирони ифротӣ ном баровардаанд.

Ин ду вазир борҳо иброз доштаанд, ки ҳар давлае, ки мехоҳад Фаластинро давлати мустақил эътироф кунад ва ё ҳуҷуми Исроилро маҳкум мекунад, Исроил ба теъдоди онҳо дар минтақаҳои Фаластин шаҳраксозӣ мекунад.

Смотрич ҳам қаблан дар изҳороте гуфта буд, ки мо ҳатто барои ворид кардани як донаи гандум ҳам ба Ғазза иҷозат намедиҳем. Ӯ таъкид кард, ки Ғазза бояд ба таври комил нобуд карда шавад, ба зану кӯдаки он раҳм нашавад ва бояд боқии аҳолии ин борика ба давлати сеюм кӯчонида шаванд.

Ҳамзамон Бен-Гафир ҳам борҳо изҳороти тунде нашр карда буд. Аз ҷумла, ӯ гуфта буд, ки Масҷиди Ақсо ба канисои яҳудиён табдил дода шавад, тамоми аҳолии Ғазза ба атври иҷборӣ ба дигар кишвари арабӣ кӯчонида шаванд. Ин изҳороти ӯ дар ҷомеаи байналмилалӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Парвандаи қатли Домулло Абдуманнон ба додгоҳ рафт

Таҳқиқи парвандаи қатли Маннон Содиқов, соҳибкори 60-сола ва узви пешини ҲНИТ ба поён расида, барои баррасӣ ба Додгоҳи шаҳри Исфара фиристода шуд.

Тоҷикистон мизбони Конфронси оби СММ мешавад, вале сокинон аз беобӣ ранҷ мекашанд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 2-уми сентябр бо иттифоқи оро қатъномаеро қабул кард, ки тартиби баргузории Конфронси оби СММ – 2028-ро расман тасдиқ мекунад.

Ҷангҳо бар зидди Украина ва Эрон нархи сӯзишвориро дар Тоҷикистон гаронтар карданд

Ҷанги Русия алайҳи Украина аз як сӯ ва танишҳои Амрикову Эрон аз сӯи дигар ба бозори дохилии сӯзишвории Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расондааст.

Бунёди роҳҳо бо қарз: Тоҷикистон барои бозсозии роҳ дар ВМКБ боз $30 млн қарз гирифт

Тоҷикистон барои бозсозии роҳи Рӯшон — Варзеш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарзи нав ҷалб мекунад.