Хона блог саҳифа 120

Вокуниши Эрон: Аврупо таҳдиду фишорро канор гузорад

0

Вазири корҳои хориҷии Эрон дар вокуниш ба таҳдидҳои кишварҳои аврупоӣ гуфтааст, созукоре, ки фоқиди ҳаргуна мабнои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ барои он ҳастанд, даст бардоранд.

Бино ба иттилои расмӣ, шоми 17-уми июли соли 2025 вазирони умури хориҷиа се кишвари аврупоӣ ҳамроҳ бо масъулияти сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо вазири корҳои хориҷии Эрон ба сурати видеоӣ якҷо суҳбат карданд.

Ин нишасти онлайнӣ, ки пас аз ҳамлаҳои 12-рӯзаи Исроил ба Эрон ва ҳамзамон ҳамлаҳои Амрико алайҳи таъсисоти ҳастаии Эрон барои нахустин бор сурат гирифта аст, ҳамроҳ бо таҳдидҳо шурӯъ гардид.

Дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Олмону Фаронса, Бритонияи Кабир ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳушдор додаанд, ки агар то поёни тобистони соли ҷорӣ ба як тавофуқи малмусе даст наёбанд, аз механизими моша ё ҳамон “SNAP-BACK” алайҳи Эрон дар Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид истифода карда, таҳримҳоеро ҷорӣ мекунанд.

Аммо субҳи имрӯз, Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон бо нашри як иттилоя дар саҳфаи расмии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт,” дишаб як конфроси видеоии муштарак бо вазирони корҳои хориҷии се кишвари аврупоӣ (Е3) ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо доштам ва дар он нукоти зерро ба равшанӣ баён кардам: Ин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буд, ки аз тавофуқе, ки тайи ду сол ва бо ҳамоҳангии Иттиҳоди Аврупо дар соли 2015 ҳосил шуда буд, хориҷ шуд, на Эрон ва ин Амрико буд, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ мизи музокираро тарк карда, ба ҷои ҷои диплумосӣ гузинаи низомиро интихоб кард, на Эрон.

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Эрон, агар Иттиҳоди Аврупо ва ин се кишвари аврупоӣ мехоҳанд нақше ифо кунанд, бояд масъулона рафтор кунанд ва сиёсати фарсудаи таҳдиду фишор, аз ҷумла таҳдид ба иҷрои созукори “SNAP-BACK”, ки фоқиди ҳаргуна мабнои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ барои он ҳастанд, даст бардоранд.

Гуфтанист, баъд аз ҷанги 12-рӯзаи Исроилу Эрон, ки Амрико ҳам ба се неругоҳи ҳастаӣ дар ҷумҳурии исломӣ ҳамла карда буд, Теҳрон ҳамкориҳои худ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ (МАГАТЭ)-ро ба сурати яктарафа қатъ кард. Ин иқдоми Эрон кишварҳои аврупоӣ, ИМА ва Исроилро сахт нигарон кард. Ба ҳамин хотир, ҳоло ин се кишвари аврупоӣ ва Иттиҳоди Аврупо талош доранд, ки Теҳрон дубора ҳамкориҳои худ бо ин созмонро аз сар бигирад ва роҳро барои назорати таъсисоти ҳастаиаш боз кунад.

Тоҷикистон аз “Роғун” ба Узбакистон барқ мефурӯшад

0

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки пеш аз анҷоми корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи обии барқӣ- (НОБ)-и “Роғун” фурӯши нерӯи барқ аз ин неругоҳро ба Узбакисон шурӯъ кунад.

Бино ба иттилои расмӣ, Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор дастур додааст, ки Лоиҳаи ҳамкорӣ бо Узбакистон дар соҳаи электроэнергетика ба имзо бирасад. Ин санад дар портали иттилоотӣ ва ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон нашр шудааст.

Тибқи ин қарор, Тоҷикистон қисме аз неруи барқи тавлидшуда дар НОБ-и “Роғун”-ро бо қимати 03,4 сенти амрикоӣ, бар асоси қурби имрӯз баробар ба 32,71 дирам барои ҳар як киловатсоат ба Узбекистон мефурӯшад.

Мутобиқи ин қарори ҳукумат, шартномаи хариду фурӯш байни шикрати “Барқи Тоҷик”-и Тоҷикистон ва “Узэнергосотиш”-и Узбакистон ба имзо расида, интиқоли неруи барқ тибқи ҷадвали мувофиқашуда ва соатҳои камбудииқтидор дар низоми барқии Узбакистон анҷом дода мешавад.

Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ҳама мавсимҳои сол қисме аз неруи барқи тавлидшуда дар кишварро ба Узбекистону Қирғизисон, Қазоқистону Афғонистон ҳам мефурӯшад ва бо Покистон ҳам шартномаҳое рӯи даст дорад, ки дар сурати такмил шудани сохтмони НОБ-и “Роғун” тавассти КАСА-1000 нерӯи барқ бифурӯшад.

Гуфтанист, дар ин санад зикр шудааст, ки дар марҳилаи сохтмони неругоҳи “Роғун” мавсими интиқол танҳо дар мавсими обёрӣ аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр сурат мегирад. Аммо бо таваҷҷуҳ ба таҷриба ва шинохте, ки мардум аз ҳукумати 34-солаи Эмомалӣ Раҳмон доранд, ҳеч кас кафолат дода наметавонад, ки вай ба хотири пул шуда дар дигар мавсимҳо низ бо баҳонаҳои мухталиф барқро ба Узбакистон нафурӯшаду сокинони кишварро мисли солҳои пешин дар сардиву торик нигаҳ надорад.

Русия муҳоҷиронро бе ваксина ба кор роҳ намедиҳад?

0

Мақомоти Рурия мехоҳанд, ки барои пешгирӣ аз паҳн шудани вируси ҷадид муҳоҷирони кориро низ сари вақт мавриди ваксиназании ҳатмӣ қарор диҳанд.

Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин пешниҳод, ки аз ҷониби узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия Олга Демичова садо дод, нуктаи баҳси наве дар масири сиёсати муҳоҷират ва тандурустии ин кишвар арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи Демичова, муҳоҷирон махсусан онҳое, ки бидуни назорати тиббӣ ба кишвар ворид мешаванд, метавонанд ба сарчашмаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ба мисли менингит, табдил ёбанд. Вай изҳор дошт, ки “барои ҳифзи амнияти саломатии ҷамъиятӣ, лозим аст пеш аз шурӯи фаъолият муҳоҷирон ваксина гиранд”.

Ин пешниҳод дар шароите садо медиҳад, ки баҳсҳо перомуни муносибати давлат бо муҳоҷирон дар ҷомеаи русӣ шиддат мегирад. Ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, ки интиқоди шадид аз муҳоҷирон ва бор кардани мушкилот ба онҳо метавонад ба афзоиши бадбиниҳо, табъиз ва зӯроварӣ оварда расонад.

Бо назардошти он, ки шумори зиёде аз муҳоҷирони кории Тоҷикитсон дар Русия қарор доранд, ҷорӣ шудани чунин қарорҳои нав агар аз як сӯ ба нафъи саломатии онҳо бошад, аз сӯи дигар вақте мақомот дар амал ин иқдомҳоро амалӣ кардан мехоҳанд, бархе гурӯҳҳо ва кормадони мақомоти рус бо баҳонаҳои мухталиф даст ба ҷайби муҳоҷирон зада, пулу моли онҳоро ғорат мекунанд.

Гуфтанист, менингит, ки аз бемориҳои илтиҳоби пардаҳои мағзи сар маҳсуб мешавад, дар сурати таъхир дар дарёфти кӯмак метавонад марговар бошад. Ва тибқи иттилои мақомоти тандурустии Русия дар танҳо дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 1200 ҳолати сирояти менингит дар ин кишвар сабт шудааст — рақаме, ки нисбат ба соли гузашта ду баробар зиёдтар арзёбӣ мешавад.

Интиқоли Гулмурод Ҳалимов ба минтақҳои наздимарзии Тоҷикистон

0

Бархе расонаҳои Афғонистон мегӯянд, ки Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз манотиқи наздимарзии Покиситон ва ба манотиқи наздимарзии Тоҷикистон интиқол дода шудааст.

Бино ба иттилои “Садои Помир”, Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи собиқи нерӯҳои зудамали Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва яке аз раҳбарони аршади ДИИШ (созмони Давлати исломии Ироқ ва Шом ахиран дар вилояти Тахори Афғонистон, вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон дида шудааст.

Гулмурод Ҳалимов баъди пайвастан ба ДИИШ зина ба зина ба мақоми “вазири ҷанг”-и ин гурӯҳи террористӣ роҳ ёфта, ба қавли расонаҳо, дар ҳоли ҳозир, вай масъули ҳамоҳангсозии амалиётҳои шохаи «Вилояти Хуросон»-и ДИИШ (ISIS-K) дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва Русияро низ бар уҳда дорад.

Пеш аз ин гуфта мешуд, ки пас аз шикаст ДИИШ дар Сурияву Ироқ ҳазорон нафар аз пайкорҷӯёни бо роҳҳои мухталиф ба Афғонистон ва бархе дигар кишварҳои африқоӣ интиқол ёфтаанд. Инчунин, он замон гуфта мушд, ки Гулмурод Ҳалимов ҳам дар ин раванд аз Сурия ба вилояти Кунари Афғонистон, минтақаи ҳаммарз бо Покистон интиқол дода шудааст.

Ин иқдом дар ҳолест, ки Толибон иддао доранд амнияти тамоми Афғонистонро зери назар доранд. Ва аз хоки Афғонистон алайҳи ҳеч як аз кишварҳои ҳамсоя ҳеч иқдоме сурат нахоҳад гирифт. Аммо ҳузури шахсияте ба монанди Гулмурод Ҳалимов дар минтақае наздик ба Тоҷикистон ин ҳама ҳадсу гумонҳоро дар бораи ин иддаъоҳои Аморати исломӣ зери суол қарор медиҳад.

Аз сӯи дигар бархе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки интиқоли ӯ на танҳо хатарро ба амнияти марзҳои Тоҷикистон зиёд мекунад, балки метавонад оғози як марҳилаи нави фаъолсозии ДИИШ дар ҳавзаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад.

Гуфтанист, Гулмурод Ҳалимов, ки замоне дар қатори фармондеҳони машқдидаи нерӯҳои вижаи Тоҷикистон буд, таҷрибаи низомии бузург ва иртибототи васеъ бо дигар гурӯҳҳои ҳаросафкан дар минтақа дорад. Аммо бо ин вуҷуд, мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар ин бора ба сурати расмӣ вокуниш ва ё изҳороте содир накардаанд.

Ҳамлаи Исроил ба калисое дар Ғазза

0

Нерӯҳои артиши Исроил дар раванди ҳамлаҳои ахири худ ба ягона калисои масеҳиёни ортодокс, ки дар Ғазза вуҷуд дорад, ҳамла карда, даҳҳо нафар аз паноҳҷӯёнро ҳадаф қарор додаанд.

Бино ба иттилои расонаҳо, имрӯз, 17-уми июли соли 2025 артиши Исроил ҳамлаҳои тупхонаӣ ва ҳавоии худро алайҳи Навори Ғазза шиддат бахшида, дар натиҷа то кунун дасти кам 29 нафар кушта ва даҳҳо каси дигар захмӣ шудаанд.

Ба қавли расонаҳо, дар рафти ин ҳамлаҳо, бархе тонкҳои исроилӣ ба сурати мустақим ба ягона калисои масеҳиёни ортодокс, ки дар Ғаззаро ҳамла карда, дар натиҷа ду паноҳҷӯи занро кушта ва 4 каси дигар, аз ҷумла яке аз масъулони онро ҳам маҷрӯҳ кардаанд.

Аз сӯи дигар вазири корҳои хориҷии Итолиё бо нигаронӣ аз ин ҳамла гуфтааст, ки “ҳамлаҳои артиши Исроил болои сокинони осоишта дар Навори Ғазза пазируфтанӣ нест, ва ҳеҷ тавҷеҳе ҳам надоранд.” Раҳбари котуликҳои ҷаҳон низ бидуни он, ки аз Исроил ном бибарад, хабари марги онҳоро “ҳузновар” гуфта, хостааст, ки ҷанг алайҳи Навори Ғазза ба сурати фаврӣ қатъ карда шавад.

Ҳамзамон мақомоти исроилӣ тайи беш аз 4 моҳи ахири вуруди кумакҳои башардӯстона, дорӯ ва дигар лавозимоти беҳдоштиро барои сокинони Ғазза манъ кардаанд. Инчунин дигар кумакҳои башардӯстона, аз ҷумла обу нон ва дигар маҳсулоти ниёзҳои аввали мардумро ҳам ба ин минтақа маҳдуд кардааст.

Дар Навори Ғаззаи Фаластин, ки аксари сокинони он мусалмон ҳастанд, дигар аққалиятҳои мазҳабӣ, аз ҷумла масеҳиёни ортодокс низ зиндагӣ мекунанд ва дар ин шабу рӯзҳои ҷанг ҳудуди 400 нафар аз онҳое, ки хонаҳояшон вайрону валангор шудаанд, ба ин калисо панаҳ овардаанд.

Гуфтанист, Исроил 8-уми октябри соли 2023 ҳамлаҳои навбатии худ алайҳи Навори Ғаззаро оғоз карда, ки то ҳол дар ҷарён аст. Дар натиҷа, тай ин ин муддат наздик ба 60 ҳазор нафар аз фаластиниён, ки теъдоди аксари онҳоро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, кушта шуда, зиёда аз 250 ҳазор каси дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти фаластинӣ дар Навори Ғазза теъдоди касоне, ки зери оворҳо мондаанд ва ё нафароне, ки бар асари бомбборонҳои шадид беномунишон гаштаандро ба даҳҳо ҳазор нафар баробар арзёбӣ мекунанд.

Сӯистифодаи ҳизби ҳоким аз моликияти давлатӣ

0

Ҳизби Халкӣ Демократии Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон аз дороиҳои давлатӣ ва моликияти мардум ба нафъи худ сӯиистифода мекунад.

Бино ба иттилои расмӣ, имрӯз, 17-уми июли соли 2025, Ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон бо раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа таъкид гардид, ки “имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар 7 ҳазору 336 сохтори давлатӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва ташкилоту муассисаҳо ташкилоти ибтидоӣ дорад, ки тавассути онҳо барномаҳои созанда амалӣ месозад.”

Ба гуфтаи коршиносон, агар ин эътирофи Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоле садо медиҳад, ки тиқби қонунгузории Тоҷикистон “ҳама ҳизбҳои сиёсӣ дар назди қонун баробаранд”, вале чунин имтиёзҳоро ҳукумат ба дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба мисли Ҳизби комунист ва ё Ҳизби сотсиал-демократ намедиҳад ва онҳо маҷбур ҳастанд, ки барои идомаи фаолиятҳои худ биноҳоеро иҷаро гирифта тамоми хароҷоти онҳоро худашон пардохт намоянд.

Ин дар ҳолест, ки дар муддати фаъолияти беш аз 30-солаи ин ҳизб, ягон маротиба раҳбарияти он ба сурати эълон накардаанд, ки солона ва ё моҳона чӣ қадар пул барои биноҳои азхудкардаашон дар ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки дар онҳо фаъолият доранд, пардохт мекунанд.

Аз сӯи дигар агар омор дуруст бошад, маънои онро дорад, ки ҳизби ҳоким қариб дар ҳама ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бахше аз биноҳо ва утоқҳои кории онҳоро ба нафъи худ “мусодира” кардааст ва ҳамагуна хароҷоти солонаи онҳоро, ки ба садҳо миллион баробар ҳастанд, амалан ба зиммаи давлат ва дигар ниҳодҳои ҷамъиятӣ бор мекунад, ки он хилофи қонунгузории Тоҷикистон мебошад.

Гуфта мешавад, Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон ба сурати расмӣ декабри соли 1994 дар Вазорати адлияи кишвар сабти ном шудааст. Ин ҳизб дар давоми беш аз се даҳа дар Тоҷикистон ҳоким аст ва, тибқи оморҳои расмӣ солона садҳо нафар аз аъзову ҷонибдорони он, ки дар ниҳодҳои давлатӣ кору фаъолият мекунад, бо иттиҳоми фасодҳои идорӣ ва ахлоқӣ, аз ҷумла дуздӣ, ришватситонӣ ва азхудкунии моликияти давлатӣ боздошт ва зиндонӣ мешаванд.

Дар Душанбе ҷаласаи кумитаи тадорукоти форуми “Dushanbe Invest-2025” баргузор гардид

0

16-уми июли соли 2025 Дар пойтахти Тоҷикистон таҳти раёсати Ҳаким Холиқзода, муовини якуми Сарвазири ҷумҳурӣ, ҷаласаи кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалии сармоягузории “Dushanbe Invest-2025” баргузор шуд.

Чорабинӣ бо ҳадафи баррасии ҷанбаҳои омодагӣ ба форум, ки рӯзҳои 14 то 16 октябри соли 2025 баргузор мегардад, сурат гирифт. Форуми имсола таҳти шиори «Иқтисоди сабз имкониятҳои имрӯза барои фардои устувор» баргузор мешавад.

Ин чорабинии байналмилалӣ ба ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, таблиғи имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахши иқтисоди сабз ва таҳкими ҳамкорӣ бо ниҳодҳои молиявӣ ва тиҷоратии байналмилалӣ равона шудааст.

Дар ҷаласа масъалаҳои ташкилии баргузории форум, фароҳамсозии шароити мусоид барои иштирокчиён ва пешниҳоди лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ муҳокима гардиданд.

Мақомот изҳор доштанд, ки форум метавонад ба рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва густариши равобити байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.

Бо вуҷуди талошҳо, муҳити сармоягузорӣ дар Тоҷикистон то ҳол пурра муносиб нест ва ниёз ба ислоҳоти амиқ дорад.

Мақомот: Муҳоҷирони афғон хоки Тоҷикистонро тарк кунанд

0

Бо шиддат гирифтани раванди ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ дар кишварҳои Эрону Покистон инак Душанбе ҳам пеш аз он, ки муҳлати 15 рӯзааш ба итмом бирасад, ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони афғон оғоз кардааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, мақомоти корҳои дихилӣ ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон раванди боздошт ва ихроҷи иҷбории муҳоҷирони афнғонистониро дар қаламрави кишвар шиддат бахшидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба сурати расмӣ дар бораи ихроҷи иҷбории муҳоҷирони Афғонистон аз Тоҷикистон ба расонаҳо иттилоъ надодаанд, аммо даҳҳо нафар аз ин паноҳҷӯён ба расонаҳо гуфтаанд, ки мақомоти Тоҷикистон ба онҳо муҳлат додаанд, ки дар муддати 15 рӯз хоки Тоҷикистонро тарк кунанд.

Пеш аз Хабаргузории Олмон бо нашри як гузориш гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон раванди кофтукоби хона ба хона, боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони Афғонистонро ҳанӯз шаш моҳ пеш оғоз карда буданд.

Бо ин вуҷуд, Хабаргузории “Азия-плюс”-и Тоҷикистон ҳам ҳафтае пеш ба нақл аз раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар шаҳри Душанбе Мусаввир Баҳодурӣ гуфта буд, гузоришҳо дар хусуси ихроҷи иҷбории муҳоҷирони Афғонистон аз Тоҷикистон нодуруст аст.

Аммо, сомонаи “Афғонистон Интернешнал” бо нашри як гузориш, ин иддаъои раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар шаҳри Душанберо рад карда, гуфтааст, кормандони сафорат ва Кумитаи муҳоҷирон аз тарси он, ки муносибаташон бо мақомоти Душанбе бад нашавад, дар бораи раванд ин ҳама боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон чизе намегӯянд.

Ба гуфтаи бархе муҳоҷирон, ки ба расонаҳо дарди дил кардаанд, то чанд рӯзе пеш мақомоти фасодзади Тоҷикистон бо пардохти пулу ришва хеле аз муҳоҷирони боздоштшударо озод мекарданд, аммо дар ин чанд рӯзи ахир, ки ин раванд шиддат гирифтааст, дигар пулу ришват додан ба кормандони корҳои дохилӣ ва анмияти миллӣ корсоз нест ва мушкилро ҳал намекунад.

Ҳамзамон гузоришҳое нашр шудааст, ки дар ин муддат рӯзона мақомоти Тоҷикистон даҳҳо нафар аз муҳоҷирони афғон ва бахусус мардҳои хонавода бидуни иттиллои қаблӣ ва огоҳ кардани хонаводаҳои онҳо боздошт карда ба Афғонистон бозгардонидааст.

Ин иқдомҳои мақомоти Тоҷикистон аксари муҳоҷирони Афғонистонро нигарон кардааст, зеро аксари онҳо аз мувофиқон ва ё кормандони давлатии ҳукумати пешини ин кишвар бо раҳбарии Муҳҳамад Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, президенти фирории Афғонистон мебошанд ва тарси онро доранд, ки дар сурати бозгашт ба Афғонистон боздошт ва зиндонӣ хоҳанд шуд.

Гуфтанист, айни замон ҳудуди 13 ҳазор муҳоҷирони афғонистон дар шаҳрҳои Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ дар атрофи шаҳри Душанбе ба сурати расмӣ зиндагӣ мекунанд ва аксари онҳо интизори дарёфти раводиди худ барои интиқол Канада ҳастанд.

Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мақомоти Тоҷикистон то чанд рӯзе пеш аз минбарҳои баланди дохилӣ ва хориҷӣ ба сурати расмӣ ва баъзан хеле ҳам тунд алайҳи Толибон мавзеъгирӣ карда, аз мухолифони онҳо истиқбол мекарданд, аммо дар ин авохир лаҳни гуфторашон нармтару муносибаташон бо Толибон хеле беҳтар шудааст. Ба ҳамин хотир, айни замон бархе шаҳрвандони афғонистоние, ки ба сурати расмӣ дар Тоҷикистон кору зиндагӣ карда, ба тиҷорат машғул ҳастанд, низ тарси онро доранд, ки имрӯз ё фардо кормандони мақомот нагоҳон барои боздошт ва ихроҷи онҳо иқдом хоҳанд кард.

Тоҷикистон ба сурати расмӣ беш аз ду даҳа ба ин сӯ мизбони муҳоҷирони Афғонистон аст. Аммо дар ин ду даҳа ҳамеша теъдоди онҳо дар ҳоли тағйир буда, гоҳе камтару гоҳҳое дигар адади онҳо зиёдтар мешавад. Аммо, дар ин 4 соли ахир, ки Толибон дубора сари қудрат омадаанд, аз нав ҳазорҳо нафар муҳоҷирони Афғонистон ба Тоҷикистон панаҳ оварда, қисми зиёде аз онҳо ба дигар кишварҳои дуру наздик рафтаанд.

Ҳамалоти шадиди Русия ба Донетск

0

Бар асари ҳамлаҳои бомдодии Русия алайҳи Украина дар шаҳри Добропилия дасти кам 27 нафар кушат ва захмӣ шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, 16-уми июли соли 2025 артиши Русия ба бозори марказии шаҳри Добропилия, воқеъ дар вилояти Донетски Украина ҳамла карда, дар натиҷа 2 нафар кушта, беш аз 25 каси маҷрӯҳ гардидааст.

Ба нақли шоҳидони ҳодиса, ин ҳамлаҳои сангин, ки тавассути бомбҳои гаронвазни то 500 килограмӣ анҷом шуд, ба садҳо биноҳои истиқоматӣ ва тиҷоратӣ дар ин шаҳр осеби ҷиддӣ ворид карданд.

Инчунин, мақомоти украинӣ низ ба расонаҳо гуфтаанд, ки “ҳамлаи мазкур дақиқ ба як минтақаи тиҷоратӣ нигаронида шуда, ҳангоми авҷи рафтуомади мардум сурат гирифт ва дар маҷмуъ, 54 мағоза, 13 иншоот ва беш аз 300 манзил осеб дидаанд.

Ҳамзамон бо ин ҳамла, Русия зарбаҳои мушакӣ ва дронӣ ба дигар шаҳрҳои Украина, аз ҷумла Харков, Виннитсия ва Одессаро низ анҷом дод, ки дар натиҷа дасти кам 15 нафар захмӣ ва ба зерсохторҳои иҷтимоӣ ва энергетикӣ дар минтақа осеб расидааст.

Гуфтанист, ин амал дар пасманзари шартгузории ахири Доналд Трамп, президенти ИМА ба Русия сурат гирифт. Кохи сафед аз Кремлин талаб карда буд, ки дар муддати 50 рӯз дар бораи тавофуқоти сулҳ бо Украина бо Ғарб ба созиш бирасад, вале он аз ҷониби Маскав нодида гирифта шуд.

Аз сӯи дигар, мақомоти Украина ва нозирони байналмилалӣ низ ин ҳамларо ҳамчун як амали ваҳшиёна алайҳи аҳолии осоишта маҳкум намуда, даъват ба иқдомҳои ҷиддии дипломатӣ ва ҷазоҳои иловагӣ карданд.

Ҳамалоти Исроил ба Сурия

0

Бо шиддат гирифтани нооромиҳо дар минтақаи Сувайдои Сурия, ки қисме аз сокинони онро дурзиҳо ташкил медиҳанд, ҳамалоти Исроил алайҳи Сурия афзоиш ёфтааст.

Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, имрӯз, 16-уми июли соли 2025, нерӯҳои ҳавоии Исроил ҳамзамон бо ҳамла ба наздики қасри раёсати ҷумҳурӣ дар шаш навбат ба бино Ситоди кулли артиши Сурия низ ҳамла каранд.

Мақомоти Сурия бо маҳкум кардани ин ҳамалот мегӯянд, ҳамалоти нерӯҳои ҳавоии артиши Исроил ба хоки ин кишвар тайи се рӯзи ахир талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёдеро ба бор оврадаанд.

Аз сӯи дигар расонаҳои исроилӣ ба нақл аз артиши ин кишвар эълон кардаанд, ки нерӯҳои ҳавоии Телавив аз дишаб то ҳол ба 160 ҳадафи худ дар Сурия, ки аксари онҳо дар Сувайдо ва атрофи он мебошанд, ҳамла кардаанд.

Илова бар ин, артиши Исроил ба ду баталёни худ дар Ғазза ва дигар маконҳо низ дастур додааст, ки ба Ҷулони ишғолӣ, минтақаи ҳаммарз бо Сурия бираванд, зеро артиши ин кишвар барои ҳамлаҳои иловагии худ дар Сурия омода мешавад.

Исроил мавҷи ҷадиди ҳамалоти худ алайҳи Сурияро аз замони рӯи кор омадани ҳукумати ҷадид бо раҳбарии Аҳмад Аш-Шаръ, раиси ҷумҳури феълӣ оғоз карда буд, аммо пас аз оғози нооримиҳои ахир дар Сувайдо, ки аксари сокинони он дурзиҳо мебошанд, онҳоро густариш додааст.

Гуфтанист, дурзиҳои Сурия ба монанди исмоилиҳо, алавиҳо, шиаёни дувоздаҳимомӣ, насрониҳо, ва яҳудиён гурӯҳе аз аққалиятҳои мазҳабӣ дониста мешаванд, ки як қисме аз онҳо дар он сӯи марзҳои Сурия дар Исроил зиндагӣ мекунанд. Исроил даъво дорад, ки ҳомии ақаллиятҳо, аз ҷумла дурзиҳо мебошад. Ба ҳамин баҳона, ахиран ҳамолоти худро алайҳи Сурия густариш додааст.